Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон вобаста ба нақши Конститутсия дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ чунин иброз намуданд: «Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ давлати наву мустақили Тоҷикистон дар доираи меъёрҳои ҳуқуқии замони гузашта ба фаъолият шурӯъ кард ва дере нагузашта маълум шуд, ки қолаби куҳна ба ҷисми нав мувофиқ нест».
Рушд ва пешрафти ҳар як ҷомеаи навинро риояи қонуну қоидаҳо аз тарафи шаҳрвандон таъмин мекунад ва ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро бе мавҷуд будани низоми ҳатмии рафтори одамон муайян намудан ғайриимкон аст. Бо пошхӯрии Давлати шуравӣ зарурати қабули конститутсияи нав ба миён омад ва лоиҳаи он моҳи апрели соли 1992 ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуда, бо сабабҳои муташанниҷ шудани вазъи сиёсии кишвар ба вақти номуайян вогузор гардид, вале ҳалли бисёр масъалаҳои муҳими сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ қабули конститутсияи навро тақозо дошт ва то ин дам дар Тоҷикистони тозаистиқлол Конститутсияи даврони шуравӣ амал мекард. Хушбахтона, ин масъала дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва ҳалли худро ёфта, дар боло бурдани маърифати ҳуқуқии мардум нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.
26-уми июли соли 1993 дар Иҷлосияи ҳабдаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилон ба ҳайати Комиссияи конститутсионӣ тағйирот ворид намуда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси комиссия интихоб карданд. Комиссия лоиҳаро, ки бо таклифу эродҳои зиёда аз 8,5 ҳазор нафар пешниҳод гардида буд, такмил дода, ба раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар ниҳоят 6-уми ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакат ташкили давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандиро ҳадафи имрӯза ва ояндаи инкишофи худ қарор дод. Аз ин рӯ, дар раванди ташаккули чунин давлат ва ҷомеа ҳуқуқ нақши бузургу ҳалкунанда дорад.
Муносибатҳои ҷамъиятӣ бояд дар асоси ҳуқуқ ва қонун танзим шаванд ва волоияти қонун ҳамчун нишонаи асосии давлати ҳуқуқбунёд аз ҷониби ҷомеа дарк шавад. Ҳар қадар дар ҷомеа тартиботи ҳуқуқӣ риоя шавад, ҳамон андоза давлати мо ба пешрафту комёбиҳо муяссар мегардад. Осудагию амонӣ дар зиндагӣ ва амнияти давлатдорӣ дар ҷомеа ин риояи бечунучарои қонун мебошад. Донистани ҳуқуқ вазифаи танҳо мутахассисону коршиносони соҳаи ҳуқуқ набуда, он вазифаи ҳамаи шаҳрвандон аст, зеро аз худ кардан ва огоҳ будан аз ҳуқуқу вазифаҳое, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, қарзи шаҳрвандии ҳар як шахс буда, дар меҳвари зиндагӣ қарор дорад.
Донистани ҳуқуқ ин нишонаи маданият ва рафтори накуи шахс дар ҷомеа буда, шаҳрвандон дар давлати ҳуқуқбунёд бояд қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро донанд ва риоя намоянд. Дарки моҳияти санадҳои ҳуқуқӣ мавқеи шахсро дар ҷамъият баланд бардошта, инсон бо ин дарки ҳуқуқӣ аз кирдорҳои зиддиҳуқуқию ғайриқонунӣ худдорӣ менамояд.
Бояд қайд кард, ки риоя, дарк ва эҳтироми қонунҳо дар моддаи 42 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида, шаҳрвандонро чунин вазифадор кардааст: «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд».
Муқаррароти меъёри конститутсионӣ ҳар як шаҳрвандро вазифадор кардааст, ки ҳатман қонунҳоро донад, риоя намояд ва ба шаъну шарафи инсон эҳтиром гузорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, ҳанӯз соли 2008 иброз дошта буданд: «Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад. Барои беҳтар ба роҳ мондани тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ зарурати таҳияву қабул кардани барномаи нави дарозмуддати мукаммал ва ба таври самарабахш татбиқ намудани он ба миён омадааст».
Ҳамчунин, дар масоили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар ин асос Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» қабул гардид. Барномаҳои таълимие, ки дар самти боло бардоштани фаҳмиши ҳуқуқии мардум қабул гардидаанд, на ин ки масъалаи маърифати ҳуқуқиро баланд мебардоранд, балки барои густариши маҷмӯи арзишҳои маънавӣ, аз қабили расму анъанаҳои миллию ахлоқӣ, некию накукорӣ, шафқату дилсӯзӣ, ростӣ, ҳақиқат, покӣ, адолат ва дигар арзишҳои миллиамон, мусоидат менамоянд.
Қобили қайд аст, ки дар раванди ислоҳоти ҳуқуқии Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ идораҳои нави мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташкил шуда, ба низоми судии Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид.
Бо мақсади боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти судии Тоҷикистон ва устувору пойбарҷо мондани адолати судӣ аз 23-юми июни соли 2007, № 271 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид, ки аз аҳамияти баланди ҳуқуқӣ бархӯрдор аст.
Эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон амали пайгирона ва хирадмандона буда, заминаи муҳими эълон гардидани ин иқдоми маърифатсоз, маҳз ҳамин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аз ин рӯ, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа имрӯз ҳар яки моро зарур аст, ки бевосита Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунандаро риоя карда, ба ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигарон эътибор дода, бо ин роҳ дар пешрафти ҷомеа мусоидат намоем. Онро ба сифати санади олии қувваи ҳуқуқидошта ва дастури зиндагии имрӯзу фардои мардум беш аз пеш эҳтиром мекунем, чунки ҳуқуқи инсон арзиши муҳимтарин ба ҳисоб рафта, дар заминаи риоя ва амалишавии он зиндагии осоиштаи мардум муҳайё мегардад.
Ҳусейн БАРОТЗОДА,
раиси суди ноҳияи Рашт