Конститутсия – шоҳкитоби саодату созандагӣ

№133 (4716) 08.11.2023

Он, ифодагари иродаи халқи Тоҷикистон буда, бо аксарияти мутлақи раъйи мардум қабул гардидааст

FB_IMG_1699029312842Дар фазои сулҳу амнияти комил ва авҷи саодату шукуфоӣ мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии хирадсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол 6- уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Конститутсия бо шукӯҳу ифтихори баланди ватандорӣ ва шукргузории комил аз дастоварду комёбиҳои беназири даврони соҳибис­тиқлолӣ таҷлил менамоянд.

Мардуми Тоҷикистон ба Конститутсия ҳамчун ба рукни муқаддаси миллӣ, санади сарнавиштсоз ва шоҳкитоби бахту саодат муносибат намуда, 29 сол инҷониб дар партави татбиқи меъёрҳои он баҳри таъмини ҳаёти хушбахтонаи оилавӣ ва фардои дурахшони сарзамини аҷдодӣ саъю талош менамоянд.

Бори аввал дар таърихи давлатдории миллати тоҷик матни Конститутсия ба забони давлатӣ омода шуда, ғояи ҷамъияти ҳуқуқбунёди демократӣ асоси Конститутсияро ташкил медод.

Мувофиқи моддаи якуми Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, ҳаёти арзанда ва рушди озоди инсонро таъмин менамояд. Тӯли таърихи бисёрҳазорсолаи давлатдории тоҷикон бори аввал дар Конститутсия халқ ҳамчун василаи истиқлолият ва сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро инчунин ба воситаи намояндагони худ амалӣ мегардонад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он бевосита амал менамоянд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки ба меъёрҳои Конститутсия мухолиф мебошанд, қувваи ҳуқуқӣ надоранд.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати шахс ба давлат таваҷҷуҳи хоса зоҳир шудааст. Он ба ҳимояи ҳуқуқҳои инсон афзалият дода, масъулияти давлатро дар назди ҷомеа ва шаҳрванд баланд бардош­та, ҳаёт, шараф ва номусу дигар ҳуқуқҳои табиии инсонро дар доираи меъёрҳои ҳуқуқ мустаҳкам сохта, онҳоро ҳифз менамояд.

Аҳамияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода мегардад, ки ин санади сарнавиштсоз на танҳо ба таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт, балки омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа ва рушду инкишофи бемайлони Тоҷикистон гардид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои истиқлолият ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии моро таҳким бахшида, сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузории давлати муосири мо гардид ва иштироки озодонаю васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакат ва идораи давлат таъмин намуд.

Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Дар Конститутсия принсипу меъёрҳои бунёдии ҷомеа ва давлат муқаррар шудаанд, ки онҳо асоси сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсати хориҷии давлатро ташкил медиҳанд.

Дар асоси меъёрҳои Конститутсия ба мо муяссар гардид, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори сиёсӣ ва иқтисодии мамлакатамонро таъмин намуда, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам оварем.

Ин санади муқаддас, яъне Конститутсия, воқеан ҳам, ифодагари иродаи халқи Тоҷикистон аст, зеро халқ дар муҳокимаи он бо пешниҳоду дархостҳои судманд фаъолона иштирок ва онро бо аксарияти мутлақи раъйи худ қабул намуд».

Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошаду тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ созад. Ин ҳуҷҷати тақдирсози миллат аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар шумори даҳ Конститутсияи беҳтарини давлатҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ном бурда шудааст.

Тоҷикистон дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон дошт, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятро эътироф менамояд ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад.

Дар Қонуни асосӣ аввалин маротиба ҳуқуқҳои фитрӣ ва табиии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, саломатӣ, қадр, номус, амният, озодӣ ва дигар ҳуқуқҳои он ба таври возеҳ муқаррар гардидаанд, ки ин хусусият Конститутсияи моро дар радифи қонунҳои асосии давлатҳои пешрафта қарор медиҳад.

Бо назардошти пешрафти рӯзафзун ва талаботи дигаргуниҳои айём, инчунин таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, фардои мунаввари Ватан ва ҳаёти хушбахтонаи сокинони он ба Конститутсияи мамлакат се маротиба — солҳои 1999, 2003 ва 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ворид шуданд. Ин тағйироту иловаҳо ба Конститутсия, ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон: «Сохтор, мазмуну муҳтаво ва меъёрҳои ин санади муҳимро такмил дода, барои боз ҳам тавсеа бахшидан ба равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, таҳкими асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, такмили низоми қонунгузории мамлакат ва ба санадҳои аз ҷониби умум пазируфташуда мутобиқ гардонидани меъёрҳои конститутсионӣ мусоидат намуданд».

Комёбиҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои гуногун сабаби афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ гардид. Ҳамаи ин аз натиҷаи фаъолияти озоди иқтисодӣ, ривоҷи соҳибкорӣ, ҳимояи ҳамаи намудҳои моликият, бахусус моликияти шахсӣ, ки онро Конститутсияи Тоҷикистони озод кафолат медиҳад, бармеояд.

Дар робита ба ин, ба ёд овардани суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид аст: «Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири мамлакат буда, то имрӯз барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши калидӣ мебозад».

Дар Тоҷикистон ягон мафкура, аз ҷумла мафкураи ҳизбӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат, гурӯҳ ё шахсе, ба ҳайси мафкураи давлатӣ ва ҳатмӣ эътироф намешавад, аммо ин маънои онро надорад, ки давлат дорои мақсаду ормонҳои олӣ набошад. Давлат масъули таъмини амнияти ҷомеа ва фард буда, арзишҳои умумибашариро дар худ таҷассум менамояд, ки ин арзишҳо ба меъёрҳои конститутсионӣ табдил ёфтаанд. Тибқи принсипи гуногунандешии сиёсӣ, ҳоло дар мамлакати мо ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои гуногуни ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд. Дар ин самти ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ рух доданд. Агар соли 1991 дар мамлакатамон дар маҷмӯъ 60 иттиҳодияи ҷамъиятӣ фаъолият дошта бошад, ҳоло 7 ҳизби сиёсӣ ва зиёда аз 2200 иттиҳодияи ҷамъиятӣ фаъолият менамояд, ки ин баёнгари дар амал татбиқ шудани усули гуногунандешии мафкуравӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Тибқи Конститутсия дар Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб менамоянд ё барои бо зӯрӣ сарнагун намудани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Амалҳои дорои хусусияти зиддиконститутсионию зиддидемократӣ оромӣ ва суботи ҷомеаро халалдор ва ба амнияту озодии инсон таҳдид менамоянд.

Тамомияти арзии мамлакат, муттаҳидӣ, озодӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандонро кафолат дода, Конститутсия терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи яроқу аслиҳаро қатъиян манъ ва маҳкум менамояд.

Воқеан, бо шарофати қабули Конститутсия ва татбиқи меъёрҳои он мардуми шарифи Тоҷикистон роҳи бунёди давлати нави миллии худро комилан дуруст интихоб ва таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду комёбиҳои барҷаста ноил шуданд.

Бо гузашти қариб се даҳсола аз қабули Конститутсия ва дастовардҳои шоистаи давлатдории навини тоҷикон собит мегардад, ки ин шоҳкитоби бахту саодат раҳнамои пешрафту шукуфоӣ барои миллату давлати Тоҷикистон мебошад. Афзун бар ин, корнома, шахсият ва фазилатҳои сиёсию маънавии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон тафсири равшан ва оинаи татбиқи Конститутсияи мамлакат аст.

Махсусан, дастоварди беназиру нотакрори сулҳофаринии Пешвои миллат дар таърихи инсоният то кунун такрор нашудааст. Пешвои саодатгустари халқ муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз баъд аз 23 рӯзи интихоб шуданашон ба сифати Роҳбари давлат дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буданд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат намуда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона намуда, барои ­шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат менамоям. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Роҳбари давлати мо ин қавлу қасами худро дар амал собит ва рушду шукуфоии Тоҷикистонро бо қабули Конститутсия ва татбиқи меъёрҳои он таъмин намуданд. Бинобар ин, бо ҳидояту роҳнамоӣ ва дастури созандаи Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мо бояд ба Конститутсия ҳамчун санади муқаддас ва барномаи асосии фаъолияти давлат ва зиндагии ҷомеа муносибат намоем».

Омӯхтан, донистан, эҳтиром гузоштан ва риоя намудани Конститутсия – ин санади сарнавиштсоз вазифаи ҳар шаҳрванди мамлакат – аз хурд то бузург мебошад.

Дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ ва вусъат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир, ки метавонанд дар пешрафти ҳар ҷомеае монеа гарданд, мо бояд ба эҳтироми Конститутсия ва риояи ҳатмии меъёрҳои он ҳамчун таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсию ҳуқуқии мамлакат аҳамияти аввалиндараҷа диҳем.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи мо масъул ва вазифадор ҳастем, ки пешоҳанги татбиқи аслҳои Конститутсия ва пайравони ҳақиқии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон бошем. Саодати мо дар ҳамин амали ватандӯстона ифода меёбад.

Нурулло ОҚИЛЗОДА,

мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа