Дар ҳошияи Паём

Маърифати ҳуқуқӣ — заминаи рушди шахсияти комил

№ 08.01.2024

6-уми ноябри соли равон мардуми сарбаланди  кишвар 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи ҷумҳуриро, ки яке аз арзишмандтарин дастовардҳои давлати ҳуқуқбунёдамон ва санади сарнавиштсози давлату миллат маҳсуб меёбад, таҷлил менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабри соли 2023, зимни ироаи Паёми хеш «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод намуданд, ки ба ифтихори ин санаи муҳими таърихӣ  соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.

Бешак, қабули Конститутсия дар таърихи навини кишварамон рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз ба шумор меравад, ки барои бунёди давлати соҳибистиқлол заминаи устувор ба вуҷуд оварда, ҷиҳати таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва рукнҳои давлатдорӣ нақши муҳим бозидааст. Бо қабули Конститутсия, ки ҷавобгӯ ба талаботи замони нав аст, давлатдории миллӣ рушду тараққӣ ва пояҳои он таҳким ёфта, рӯзгори мардум хушу осудатар ва мақому эътибори ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ устувортару мустаҳкамтар мегардад, вале дар ҳама давру замон яке аз шартҳои пешрафти ҷомеа  ва рушди бонизоми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ риояи қонуну қоидаҳои давлат ва ҷомеа, мавҷудияти тартиботи ҷамъиятӣ дар дохили давлат аст. Барои расидан ба ин мақсад маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқиро баланд бардоштан зарур аст.

Дар моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд гардидааст: «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд». Чунин талабот заминаи асосии баланд бурдани маърифат ва шуури ҳуқуқист, ки худи  Конститутсия низ тақозо дорад. Чунки пешрафти ҷомеа танҳо бо роҳи танзими қонунӣ имконпазир мегардад.

Ба масъалаи тарбия ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардид. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 9-уми апрели соли 1997 ва дар робита ба он қабул шудани Қарори Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои  беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» аз 22-юми ҳамон сол далели чунин таваҷҷуҳанд, ки дар баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқии ҷомеа нақши муҳим бозидаанд. Аслан, ҷомеае рушду тараққӣ хоҳад кард, ки дар он волоияти қонун таъмин гардида, қонуну қонуният низоми доимии давлатдориро муайян менамоянд. Ҷиҳати пешрафти ҷомеа дар шароити ҷаҳонишавӣ ва зиёд шудани хавфу хатарҳои гуногун (аз ҷумла, терроризму экстремизм) таҳким ва ҳифзи ҳувияти миллӣ,  забону фарҳанг тақозо мегардад. Дар ин самт андешидани тадбирҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, маънавию маърифатӣ, ки ба таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат равона мегарданд, басо муҳим аст.  Яке аз ин тадбирҳо омӯзиш, тарғибу ташвиқ, фаҳмонидани қонунҳо ва дар ин замина боло бурдани маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва хусусан, ҷавонон аст.

Ҷои таассуф ва нигаронист, ки дар ин айёми рушду тараққии мамлакат ва ҳаёти осоиштаи мардум ҳодисаҳоеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки бархе аз ҷавонон мавриди мағзшӯӣ ва мафкурасозии душманони миллат қарор гирифта, бо тарғибу ташвиқи эшон ба роҳи хато қадам мегузоранд ва ба гурӯҳҳои ҷинояткори террористиву экстремистӣ мепайванданд, ки далели сатҳи пасти маърифати ҳуқуқиашон аст. Ба пиндори мо, андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирии чунин ҳодисаҳо яке аз ҳадафҳои асосии  «Соли маърифати ҳуқуқӣ» хоҳад буд. Пас, метавон гуфт, ки «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 боз як ғамхории Пешвои миллат дар ҳаққи ҷавонон ва фардои рӯзгори эшон аст. Зеро маърифати ҳуқуқӣ барои инкишофи шуур, дониш ва фарҳанги ҳуқуқии инфиродии ҳар як ҷавон нақши муҳим дошта, барои рушди минбаъдаи  кишварамон низ шароити мусоид фароҳам меорад.

Ҳамчунин, маърифати ҳуқуқӣ яке аз заминаҳои асосии рушди шахсияти комил дар ҷомеа мебошад ва барои риоя ва амалӣ намудани қонуну қарор ва санадҳои дигар, ки аз ҷониби давлату ҳукумат мавриди амал қарор мегиранд, ҳар узви ҷомеаро сатҳи муайяни дониши ҳуқуқӣ зарур аст. Шахси дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ, дониш ва шуур дар ҷомеа ҷойгоҳи хешро  пайдо намуда, ҳаргиз ба амалҳои ғайриқонунӣ даст намезанад ва фирефтаи тарғиботи ифротгаронаи душманони миллат ва давлат нахоҳад шуд. Бинобар ин, омӯзиши қонунҳо, тарғибу ташвиқи онҳо бояд ҳанӯз дар синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз ёфта, пасон дар коллеҷу донишгоҳҳо идома дода шавад. Дар ҷавонон ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллиро баланд бардоштан, мутахассисони сатҳи баланди соҳаи ҳуқуқу тартиботро омода намудан зарур аст. Танҳо чунин муносибат ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, масъулиятшиносӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат хоҳад кард.

 Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»