Ҳар мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандону масъулини ин ё он бахши хоҷагии халқи кишвар барои мо сабақу дарси бузурге маҳсуб меёбад. Аз ҷумла, 30-юми майи соли равон мулоқоти Пешвои миллатамонро бо аҳли илму маорифи кишвар тариқи шабакаҳои телевизионӣ тамошо карда, як ҷаҳон таассурот гирифтем.
Суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аслан ба ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, вазъи имрӯзаи соҳаи илму маориф, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, омодасозии мутахассисон, инчунин, таъмини сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ нигаронида шуда буд. Дар ин хусус Роҳбари давлат матлаби хешро чунин баён намуданд: «Мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хизмате анҷом дод ва мо чӣ тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар кишвари мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд».
Албатта, роҳбарияти Ҳукумати кишвар дар ин ҷода хизмату ғамхориҳои беназир зоҳир намуда, ба илм ҳамчун маҳаки муҳими вусъатбахшу равнақдиҳандаи тараққиёти ҷумҳурӣ ва ба олимон чун захираи бузурги зеҳнӣ ё интеллектуалии ҷомеа баҳри беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи мазкур ҳамаи шароиту имкониятҳоро муҳайё намуд. Пешвои миллат ин маъниро чунин иброз доштанд: «Тавре дар Паёми навбатӣ таъкид карда будам, рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Бо дарназардошти аҳамияти ин масъала, мо мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардоштем. Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд. Мову шумо дида истодаем, ки имрӯз кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир чӣ гуна тараққӣ карда истодаанд. Ҳоло истифодаи «зеҳни сунъӣ» дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт густариш пайдо карда истодааст. Ба ин маънӣ, дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад…».
Президенти мамлакат аз солҳои хеле вазнину тоқатфарсои 90-уми асри XX, давраи душвори молиявӣ-иқтисодӣ, ҷанги таҳмилӣ, баргардондани гурезаҳо, барқарорсозӣ, мушкилоти мавҷуда ва ғайра ёдовар шуда, аз ҷумла иброз намуданд: «Шумо хуб медонед, ки Ҳукумати мамлакат дар шароити бисёр мураккаби иқтисодиву молиявии солҳои 90-ум на фақат ҳамаи муассисаҳои Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавиро устувор нигоҳ дошт, балки дар сохтори онҳо даҳҳо пажӯҳишгоҳ ва марказҳои нави илмиву таҳқиқотиро таъсис дод. Дар бораи корҳои тайи беш аз сӣ сол амалинамудаи Ҳукумати мамлакат мехоҳам баъзе рақамҳоро, такрор шавад ҳам, хотиррасон намоям. Аввалин ва муҳимтарин коре, ки мо анҷом додем, қатъи ҷангу хунрезӣ, барқарор кардани сулҳу оромӣ, аз кишварҳои дуру наздики хориҷӣ ба Ватан ва маҳали зисташон баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ, ташкил кардани шароити зарурии зиндагӣ барои онҳо ва ба роҳ мондани раванди барқарорсозии баъдиҷангӣ буд. Анҷом додани ин корҳо аз Ҳукумати мамлакат саъю талоши пайгирона, заҳмати бисёр сангини шабонарӯзӣ ва хароҷоти бузургро талаб мекард…».
Ҳамзамон, Роҳбари давлат аз хусуси тақвияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ, маблағгузории он ба андозаи 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ, мукаммал намудани сохтори Академияи илмҳо, соли 2020 онро ба Академияи миллии илмҳо табдил додан ва дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ гаштан изҳори назар намуда афзуданд, ки ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз ин шумора даҳҳо лоиҳа ба соҳаи илм равона гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба соҳаи маориф фикру андешаҳояшонро баён намуда, аз ҷумла гуфтанд: «Мо ба масъалаи маориф ва илм таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд кардем. То замони истиқлол дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт. Ҳоло ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст. Яъне, ҳам шумораи мактабҳои олӣ ва ҳам шумораи донишҷӯёни онҳо қариб чор баробар афзудааст. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз соли 2001 то соли 2019 дар сохтори Академияи миллии илмҳо бо роҳи азнавташкилдиҳӣ муассисаҳои нави илмиву таҳқиқотӣ — пажӯҳишгоҳҳои масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, иқтисод ва демография, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, маркази илмии «Хатлон», маркази «Синошиносӣ» дар назди Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ таъсис дода шуданд. Ҳамчунин, таъсиси Пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, маркази мероси хаттӣ, маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав, маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ ва маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои ҳамин давра мебошанд. Ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви баробарҳуқуқи даҳҳо муассисаи бонуфузи илмии ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин марҳала сохтори Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон низ такмил дода, шумораи бастҳои корӣ зиёд карда шуда, соли 2003 дар назди ин академия маркази илмии кишоварзии «Помир» таъсис додем…».
Президенти мамлакат, инчунин, дар мулоқот роҷеъ ба расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи кишвар, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, пешрафти баъзе аз соҳаҳои ҷомеа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, беҳтар гардондани сатҳи зиндагии мардум, низоми бонкии кишвар, шароити истиқоматии сокинони мамлакат, нақшаю барномаҳои рушди соҳаи саноат ва ғайра андешаҳои ибратомӯз ва қобили дастгирии умум баён намуданд.
Бале, иқдому корҳои то ба имрӯз амалигардида далелу гувоҳи он мебошанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ илму маориф дар сиёсати Ҳукумати мамлакат мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвари азизи мо эътироф шудаанд.
Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,
«Садои мардум»