Истиқлоли давлатӣ барои мо амсоли он аст
Дар арафаи Ҷашни Истиқлоли давлатӣ «Телевизиони Тоҷикистон» иқдоми муҳиму саривақтиро пеш гирифтааст, ки дар шинохту дарки моҳияти ин неъмати бебаҳо саҳми бориз хоҳад дошт. Манзур пахши лавҳаҳои таваҷҷуҳбарангезу пурмуҳтаво бо истинод ба суханони пурҳикмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Хоса, лавҳае, ки дар он Роҳбари давлат таъкид кардаанд: «Истиқлоли давлатиро ба ягон чиз иваз намекунем». Далели раднопазир аст, ки касе беҳтару бештар аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти Истиқлоли давлатиро бозгӯӣ накардааст. Маҳз, таълифоти ин абармард ва суханрониҳои пурмуҳтавояшон ҳар яки моро дар шинохту дарки истиқлол амиқтар бурд.
Сарлавҳа баргирифта аз суханони пурҳикмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки фармудаанд: «Истиқлолият барои мо амсоли Наврӯзи сиёсист, зеро он аз умеду орзу ба фардои неки Ватан ва сарсабзиҳои ояндаи миллат, ба шукуфоии ҷовидонии кишвари хуршедиамон — Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол саршор мебошад».
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, ЯЪНЕ ЧӢ?
Истиқлоли давлатӣ нишонаи асосии давлат, ифодаи соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти он дар муайян намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ мебошад. Маҳз, соҳиб будан ба истиқлоли сиёсӣ имкон медиҳад, ки давлат ҳамчун ташкилоти сиёсӣ муаррифӣ гардида, онро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои сиёсӣ эътироф намоянд. Истиқлолияти давлатӣ маънои пурра ва тақсимнашавандаи ҳокимияти давлат дар тамоми қаламрави он, мустақил будан дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ мебошад.
Таҷрибаи давлатдории навини тоҷик гувоҳи он аст, ки дар заминаи ҷонфидоӣ, азми қавӣ, нияти нек ва иродаи шикастнопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатии мо, ки осеби ҷиддӣ дида буд, эҳё гардиду минбаъд такомул ёфт. Аз ин лиҳоз, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон, сипари боэътимоди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Ин нуктаро бори дигар бояд таъкид кард, ки дар дифои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши асосӣ гузоштаанд. Ба ибораи дигар, ягона неруи муқовиматкунанда ба муқобили амалҳои ғайриқонунӣ ва аъмоли нопоки нотавонбинон маҳз иродаи қавии сиёсии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид.
Сиёсатшиносон собит кардаанд, ки истиқлолияти давлатӣ танҳо бо қабули эъломияи соҳибихтиёрӣ ва ё дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ ба анҷом намерасад. Барои пойдории истиқлолият ва ташкили давлати мустақил, ки тавонад ба ҷомеаи ҷаҳонӣ халқро ҳамчун иттиҳодияи устувори сиёсӣ бо фарҳангу унсурҳои миллиаш муаррифӣ кунад, ҳаққи таърихӣ ва замонавии ӯро ҷиҳати мавҷудияти сиёсӣ ва ҳуқуқияш эътироф намоянд, қабл аз ҳама, шаҳрвандон бояд барои расидан ба ин ҳадафҳо пайваста мубориз ва омода бошанд. Ҳамчунин, зарур аст, барои шаклгирии истиқлолияти давлатӣ корҳои муҳими ташкилӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқию фарҳангиеро ба анҷом расонид, ки онҳо таҳкимбахши иттиҳоди устувори сиёсӣ ва истиқлолияти он бошанд. Шакли комили масъалаҳои марбут ба назария ва амалияи истиқлоли давлатиро дар асарҳо, паёмҳо ва суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфтан мумкин аст, ки онҳо хосияти консептуалӣ дошта, мазмуну моҳияти ин падидаи муҳими сиёсиро бозгӯӣ мекунанд.
Муҳаққиқон дар мавриди он ки истиқлолият мустақилияти сиёсӣ ва соҳибихтиёрии давлатӣ дар фаъолияти сиёсати дохилӣ ва берунӣ мебошад, ки ба дахолат кардани давлатҳои дигар қатъиян роҳ намедиҳад, ҳамфикр буда, онро озодии иродаи миллӣ, шаъну шараф, қудратмандӣ ва яке аз рукнҳои асосии ҳастии ҳар як давлати мустақил арзёбӣ кардаанд. Чунин маънидодкунии истиқлоли давлатӣ хосияти бисёрҷанба дошта, паҳлуҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва маънавии онро дар бар мегиранд.
Моҳиятан истиқлол барои давлат меъёри меҳварӣ ба ҳисоб рафта, дар сурати аз даст додани он давлат аз байн меравад. Маҳз истиқлол имкон медиҳад, ки давлат, ҳувият, ягонагӣ, худмуайянкунӣ ва фаъолияти низоми ҳокимиятро ташаккул диҳад. Аз ҷониби дигар, истиқлоли давлатӣ ба сифати меъёри муҳими муайянкунандаи давлат ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои сиёсӣ мавҷудияти онро кафолат дода, баҳри ишғоли мақоми сазовор дар низоми ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
АЗ СОҲИБИХТИЁРИИ ХАЛҚӢ ТО ДАВЛАТӢ
Вақте сухан дар бораи истиқлоли давлатӣ меравад, бояд ба ҳеҷ ваҷҳ соҳибихтиёрӣ аз мадди назар дур намонад. Хусусияти муҳими таркибии давлат, ки мавҷудияти давлатро ифода мекунад, соҳибихтиёрӣ мебошад.
Собит гардидааст, ки дарки соҳибихтиёрии давлат аз соҳибихтиёрии халқ сарчашма мегирад. Иродаи халқ ҳокимияти давлатиро ба вуҷуд меорад. Давлат ҳамчун намояндаи расмии халқ иродаи шаҳрвандони худро ифода мекунад, ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳоро танҳо дар сурати соҳибихтиёр будан пурра таъмин менамояд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит менамояд, ки маҳз истиқлолияти давлатӣ ба инсонҳои дар асоси махсусиятҳои этникӣ, миллӣ ва иҷтимоӣ муттаҳидшуда имкон фароҳам меорад, ки дар паҳнои ирода озодона дар қолаби ҳуқуқҳои эътирофшуда рушди маънавию моддии худро таъмин созанд. Аз назари мутахассисони илми ҳуқуқ ва сиёсатшиносон, истиқлоли давлатӣ сарчашмаи худро аз соҳибихтиёрии давлат мегирад. Дар навбати худ, соҳибихтиёрии давлатӣ як навъи соҳибихтиёрии умумӣ буда, усулан ба се навъ тақсим мешавад: соҳибихтиёрии халқӣ, соҳибихтиёрии миллӣ ва соҳибихтиёрии давлатӣ. Соҳибихтиёрии халқӣ ба усули идораи халқӣ такя менамояд, ки дар он манбаи ҳокимияти сиёсиро халқ — шаҳрвандони кишвар ташкил медиҳанд. Омили калидии соҳибихтиёрии халқӣ интихоботи озод, мавҷудият ва рушди парламентаризм маҳсуб мегардад. Соҳибихтиёрии миллӣ ин ҳуқуқи миллат ҷиҳати мустақиман, бе дахолати беруна муттаҳид шуда, таъсис додани давлати мустақил ва муайянкунии мақоми сиёсии худ аст. Соҳибихтиёрии давлатӣ зинаи охирини соҳибихтиёрист, ки мустақилияти давлатро дар дохил ва хориҷ муаррифӣ менамояд. Танҳо давлати соҳибихтиёр ҳуқуқи дар муносибатҳои байналхалқӣ ҳамчун субъекти мустақил баромад карданро дорад. Дастрасии ҳуқуқӣ ва амалӣ ба ин се навъи соҳибихтиёрӣ, дар маҷмӯъ, халқу миллатҳоро ба истиқлолияти давлатӣ мерасонад.
МО ТАВОНИСТЕМ
Ёздаҳ сол қабл дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтанд: «Мо ба ҷаҳониён собит хоҳем кард, ки миллати воқеан мутамаддину заҳматкаш, ободгару созанда ва сулҳхоҳу ваҳдатгаро ҳастем. Ва Тоҷикистони азизу маҳбубамонро минбаъд низ дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати демократӣ ва озоду пешрафта муаррифӣ хоҳем кард».
Ҳарчанд аз он айём вақти зиёд нагузаштааст, вале бо итминон гуфта метавонем, ки мардуми шарифи кишвар бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он мақсади неки худ расиданд. Зеро ҷодае, ки бо роҳнамоии ин абармарди дунёи сиёсат интихоб кардем, ҳадафҳои бузурге, ки пеш гирифтем, ба рушди устувори сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавӣ такони ҷиддӣ бахшиданд.
Истиқлол ва соҳибихтиёрӣ дар назди шаҳрвандони Тоҷикистон вазифаи басо пурифтихор, вале бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба орзуву ормон ва манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошта буд. Хушбахтона, дар ин самт комёбем ва ҳамон тавре Пешвои миллат гуфтанд: «Мо метавонем дилпурона изҳор намоем, ки аз уҳдаи иҷрои ин вазифаи таърихӣ сарбаландона баромадем».
Далер АБДУЛЛО,
муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»,
номзади илмҳои сиёсӣ