Паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати бузургу раҳнамунсози фарзонамарди миллатро дар миқёси ҷумҳурӣ ва арсаи ҷаҳонӣ таҷассум менамоянд. Дар Паёми навбатӣ низ самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян гардида, дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҳар як фарди соҳибватанро ба иҷрои ҳадафҳои созанда ҳидоят месозанд.
Нуктаҳои Паём, дар маҷмӯъ, ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат, таъмини сулҳу субот ва амнияти кишвар мусоидат хоҳанд кард, ки бе чунин ҳадафҳои асосӣ таҳкими давлатдорӣ ва якпорчагии Тоҷикистони маҳбубро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ҷумла, Роҳбари давлат вазифаҳои азиму масъулиятнокро баробари ба дигар масъулону мутасаддиёни соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар вогузор намудан, ҳамзамон, бар дӯши мо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузошта, дар самти таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва дар мубориза алайҳи ҳама гуна қонунвайронкуниҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Чунончи, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд».
Ин санаи фархунда, агарчанде ҷашни кулли шаҳрвандони мамлакат маҳсуб меёбад, вале барои мо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷашни махсус ба шумор меравад. Чуноне ки Роҳбари давлат таъкид намуданд, «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем». Таъкид кардан бамаврид аст, ки Конститутсия асосу манбаи ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ буда, дар амал татбиқ намудани талаботи ҳар як фаслу боб ва бандҳои алоҳидаи он бо фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бевосита алоқаманд мебошад. Боиси ифтихор аст, ки Роҳбари давлат дар робита ба ҷашнгирии сисолагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
Дарвоқеъ, мунтазам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар шароити кунунӣ, ки вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон торафт мураккаб мешавад, хеле муҳим буда, сараввал аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва мудофиа донишу таҷриба ва малакаю маҳорати баланди касбиро тақозо менамояд. Бо назардошти ҳамин зарурат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин вазифаи қатъӣ ба миён гузоштанд: «Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир — терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем».
Мусаллам аст, ки мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ» тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро фаро гирифта, ба тарбияи инсони ҳамаҷониба инкишофёфта равона карда шудааст, ки ӯ тавонад бо донишҳои замонавии азбаркардааш ҳуқуқҳои худро дар ҳама ҳолат ҳифз намояд. Барои ноил гаштан ба ин ҳадафи ватандӯстона саъю талошҳои дастаҷамъонаи ҳамаи табақаҳои аҳолӣ шарту муҳим аст. Дар робита ба ин мавзуъ, дар Паём ба рушди сармояи инсонӣ ҳамчун калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарин ҷиҳати таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир гаштааст. Пешвои миллат омилҳои асосии ба рушди сармояи инсонӣ мусоидаткунандаро номбар карда, ҷиҳати омӯзондани касбҳои коргарӣ, саросар соҳибкасб гардондани аҳолии мамлакат, ҳар чӣ бештар дар дохили кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон ва роҷеъ ба иҷрои дигар вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷа ба роҳбарону мутасаддиёни идораю вазоратҳои дахлдор дастуру супоришҳо доданд. Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ низ дар доираи рушди сармояи инсонӣ, бахусус ба нақши занон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстию масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ баҳои баланд доданд.
Дар Паём, ҳамчунин, ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ки шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи сармояи инсонӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Барҳақ, ҷавонон дар ҳама давру замон ба ҳайси қувваи пешбарандаи ҷомеа, неруи тавонои ояндасоз ва ифтихори давлату миллат шинохта шудаанд. Аз ин ваҷҳ, бесабаб нест, ки Пешвои миллат аз насли ҷавон ҳамчун пояи устувори давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии рушди мамлакат ёдовар мешаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус хотирнишон намуданд, ки ҳоло дар кишвар барномаи нави таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020-2030 амалӣ шуда истодааст. Дар доираи ин мавзуъ мо, кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, барнома ва нақшаи чорабиниҳои худро оид ба муносибат бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ, тақвияти корҳои оммафаҳмонӣ, назорати иҷрои қонуниятро тартиб дода, дар ин самт фаъолияти ҳамарӯзаамонро ҷоннок менамоем, зеро назар ба таъкиди Роҳбари давлат дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши калидӣ дошта, меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб мераванд.
Мо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ба ҳар нуктаи Паём арҷ гузошта, Ҳукумати ҷумҳурӣ, шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бовар мекунонем, ки фаъолияти касбии худро пайваста таҳким бахшида, дар ҳимояи арзишҳои миллӣ, манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азиз ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон нақши муассир мегузорем.
Сафаралӣ НУРАЛИЗОДА,
прокурори калони раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
мушовири адлияи дараҷаи I