Қадрдонии футболбозони тоҷик

№16 (4756) 02.02.2024

asiancup2023-tajikistanРаиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо назардошти натиҷаҳои фараҳбахш ва дастовардҳои бузург дар «Ҷоми Осиё — 2023», тими мунтахаби мамлакатро бо 450 ҳазор доллари амрикоӣ қадрдонӣ намуданд.

Тавре аз сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон бармеояд, баъди бомуваффақона баромадани футболбозон бо фармоиши махсуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон 300 ҳазор доллар мукофотпулӣ ҷудо гардид. Ҳамзамон, илова бар ин, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон пас аз ғалабаи тими миллии мамлакат дар даври ҳаштякниҳоии  «Ҷоми Осиё — 2023»  бар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ (бо ҳисоби умумии 1:1, 5:3 аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11- метра) ба дастаи футболбозони тоҷик боз 150 ҳазор доллари дигар ҷудо намуданд.

Инчунин, дар даври чорякниҳоии «Ҷоми Осиё  - 2023» дар ҳолати ғалаба  бар тими мунтахаби Урдун, барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон боз 200 ҳазор доллари иловагӣ ҷудо хоҳад шуд. Дар сурати дар даврҳои минбаъда, махсусан даври ниҳоии «Ҷоми Осиё — 2023» бомуваффақона бозӣ намудан ва ба пирӯзиҳо ноил гардидан ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол мукофотҳои шоиста ва сазовор  тақдим карда мешавад.

  Мунтахаби Тоҷикистон  бори нахуст аст, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё бозӣ карда, бо роҳ  ёфтан ба даври чорякниҳоии мусобиқот аллакай ин дастоварди назаррасро дар таърихи варзиши мамлакат бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.

Мавриди зикри хос аст, ки дар даври чорякниҳоӣ дастаи мунтахаби мамлакат санаи 2-юми феврал соати 16:30 ба вақти Душанбе бо дастаи кишвари  Урдун қувваозмоӣ менамояд.

Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,

«Садои мардум»