Ҳаммом василаи беҳдошти саломатист

№89 (3569) 12.07.2016

ХаммомБа нигаҳдошти тандурустии мардум дар ҷумҳурии мо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, ин масъала дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Беҳдошти саломатии мардум аз ҳаммомҳо низ вобаста буда, дар гузашта дар шаҳрҳои қадимаву пешрафтаи Осиёи Марказӣ, аз қабили Бухорою Самарқанд, Марву Чоч, Ҳироту Балх, Кӯлобу Хуҷанду Истаравшан ҳаммомҳои хуштарҳ ба мардум хизмат мерасониданд.

Бино ба шаҳодати муаррихи шинохта, академик Аҳрор Мухторов  танҳо дар шаҳри Истаравшан дар охири қарни XIX ҳафт ҳаммом (гармоба )-и калон фаъол буд.

Нависандаи ин сатрҳо ҳаммомҳои гузарҳои  Дарвозаи Боло ва Кордгаронро хуб дар ёд дорам. Ин ду ҳаммом аз хишти пухта сохта шуда, саҳни калон ва панҷ — шаш ҳуҷраи калону хурди гунбаддор доштанд. Ҳуҷраҳо батадриҷ гарм карда мешуданд. Масалан, ҳуҷраи либоскашӣ нисбатан гарм, ҳуҷраи минбаъда нисбатан сард, ҳуҷраҳои дуюму сеюм аз он гармтар ва ҳуҷраи чаҳорум, ки калон буду ҷои асосии шустушӯю обрезӣ маҳсуб мешуд, тафсонтар буд. Дар шафати  ин ҳуҷра ҳавзи об ҷойгир буду равзана дошт ва мардум аз он бо дӯлчаҳо оби гарм мегирифтанд. Хонаи охирини ҳаммом ниҳоят гарму тафсон буд ва дар он кас аз 10-15 дақиқа бештар нишаста наметавонист.

Ба ҷуз ҳаммомҳо дар аксари шаҳрҳои қадима «сардоба»-ҳо мавҷуд буданд, ки дар наздикии чашмасорон сохта, хосияти табобатӣ доштанд. Чунин сардобаҳо то охири қарни гузашта дар гузари Намозгоҳи шаҳри Истаравшан низ вуҷуд доштанд. Мутаассифона, баробари хушк шудани чашмаҳои ҳавзи Морон сардобаҳо низ аз байн рафтанд.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар аксари шаҳру навоҳии кишвар чунин ҳаммомҳо ё аз байн рафтанд ва ё фурӯхта, шакли  фаъолияти худро дигар карданд. Дар натиҷа, имрӯз дар навоҳии Шаҳристон, Ғончӣ, Зафаробод ҳаммомҳои маъмулӣ вуҷуд надоранд. Нархи гарони ҳаммомҳои дар замони соҳибистиқлолии кишвар бавуҷудомада, ки хизмати яксоатаи онҳо аз 10 то 30 сомониро ташкил медиҳад, ба ҷайби мардуми камбизоат мувофиқ нест.

Имрӯз на ҳамаи ҳаммомҳо аз нигоҳи беҳдоштӣ поку мусаффо ва гарм мебошанд. Дар аксари онҳо оби гарм нокифоя буда, посухи аксари ҳаммомдорҳо чунин аст: «Ҳаммом шахсӣ мебошад, хоҳӣ даро, нахоҳӣ не!».

Шояд дастандаркорони ин ҳаммомҳо надонанд, ки чун пул меситонанд, хизматашон ҳам бояд ҷавобгӯи талабот бошад.

Дар замони шӯравӣ дар маҳаллаи Боғоти шаҳри Истаравшан ҳаммоми калон фаъолият мекард. Аз давраи хусусишавии ҳаммоми мазкур 15-20 сол сипарӣ гашту имрӯз танҳо ду шуъбаи он, яъне занонаву мардона амал мекунаду шароити хизматрасониаш на ҳамеша мувофиқи матлаб аст. Ҳарчанд ки ин ҳаммомро ҳар сол каму беш таъмир мекунанд, вале деворҳояш кафида, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Ҳаммом нархи нисбатан арзони хизматрасониро дорост (ҳамагӣ шаш сомонӣ), аммо он ҳам барои аксари аҳолӣ гаронӣ мекунад.

Мӯйсафедони рӯзгордида нақл мекунанд, ки бойҳои маҳаллӣ масҷид, мадраса ва ҳаммомҳоро барои дарёфти савоб бунёд мекарданду таъмири ҳарсолаашро низ ба дӯши худ мегирифтанд. Ғайр аз ин, барои пӯшонидани хароҷоти барзиёди ин иншоот як миқдор замини корамашонро вақф мекарданд, то ин ки даромади аз замин бармеомада каму кости рӯзгори кормандони ҳаммомро ва ё хариди ашёи зарурӣ ё ягон масрафоти пешбининашударо  ҷуброн намояд. Барои истифода аз ҳаммом нархи ночиз муайян мекардаанд ва агар як қисми маоши коргарони ҳаммом аз ин маблағ пӯшонида шавад, қисми боқимондаашро даромад аз замини вақф таъмин мекард.

Имрӯз даҳҳо сармоядору соҳибкорони ватанӣ имконияти васеъ доранд ва аз уҳдаи корҳои ободонию созандагӣ баромада метавонанд. Агар таваҷҷуҳи онҳо ба бунёду тармими ҳаммом низ ҷалб мегардид, кори савоб мешуд.

Қофиласолори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар байте фармудааст, ки  «Чаҳор чиз мар-озодаро зи ғам бихарад, тани дурусту хӯйи неку номи неку хирад». Пас, тани дурусту саломатии бардавом рукни асосии ташаккули бани одам будааст. Абӯалӣ ибни Сино дар китоби машҳури худ «Ал-Қонун фит — тиб» хобу хӯроки боэътидол, варзиш, молиш (масҳ-массаж) ва ҳаммомро воситаҳои асосии беҳдошту нигоҳдошти саломатӣ донистааст. Дар ин бора ҳатто ривояти машҳуре ҳаст, ки гӯё писари  Абӯалӣ ибни Сино бо писараки ҳамсояе ҷанҷол мекунаду ба ӯ таҳдидомез мегӯяд, ки  «Ба падарам мегӯям, ки агар минбаъд бемор шавед, ӯ шуморо муолиҷа накунад». Бачаи ҳамсоя  посух медиҳад: «Мо ба табобати  Шайхурраис эҳтиёҷ надорем». Писари ҳайратзадаи Абӯалӣ ибни Сино ин посухи писари ҳамсояро ба падараш баён менамояд. Абӯалӣ ибни Сино бошад,  гуфтаи бачаи ҳамсояро тасдиқ карда мегӯяд:

«Дуруст гуфтааст. Онҳо дар ҳақиқат, ба кумаки ман эҳтиёҷ надоранд, чунки  дар хона ҳаммом доранд!»

 Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»