Аз дастовардҳои онҳо ифтихор дорем

№121 (3422) 09.09.2015

«Ҳукумати мамлакат тайи солҳои охир дар доираи вусъати амалҳои ободкориву созандаи кишвари маҳбубамон ҷиҳати мустаҳкам гардонидани инфрасохтори соҳаи варзиш ва фароҳам овардани шароити муосири машқу тамрин барои варзишгарони мамлакат чораҳои муассир андешида истодааст.».

 Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо варзишгарону ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни ифтитоҳи толори варзишӣ дар шаҳри Хоруғ, 30 июли соли 2015

 Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсули замони Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Бо ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо мақсади дастгирии ҳар чӣ бештари варзишгарон сарварии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро бар дӯш доранд, барои ноил шудани варзишгарон ба комёбиҳои нав ба нав шароиту заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ин робита суҳбате доштем бо сардори Раёсати варзиш ва таълимоти олимпии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуди Абдулло. Мавсуф андешаҳояшро оид ба рушди соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ва дастовардҳои варзишгарон  чунин иброз дошт:

- Пеш аз ҳама, бояд таъкид намуд, ки варзишгарони тоҷик дар чандин мусобиқаҳо иштирок намуда, барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016, ки дар Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор мегардад, омодагӣ дида истодаанд. Боиси ифтихор аст, ки Дилшод Назаров — гурзпартои маъруфи тоҷик, аз миёни варзишгарони кишвар аввалин шуда, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид. Ӯ дар мусобиқаи анъанавии ҷаҳонӣ оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чехия бо натиҷаи 79,36 метр мақоми дувумро касб кард. Ҳамчунин натиҷаи бадастовардааш ба ӯ имкон дод, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз 22 то 30 августи соли равон дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой  баргузор шуд, ширкат варзад. Бояд гуфт, ки Бозиҳои олимпии соли 2016 барои Дилшод Назаров чаҳорумин хоҳад шуд. Гурзандози машҳури тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge», ки дар шаҳри Работи Марокаш бо ширкати нуҳ варзишгари беҳтарини дунё баргузор шуд, бо натиҷаи 76 метру 95 сантиметр мақоми сеюмро касб кард ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Дар ин мусобиқа, ки бо номи «Mohammed VI d’Athletisme de Rabat» сурат гирифт, Павел Файдек аз Лаҳистон бо натиҷаи 79 метру 90 сантиметр ҷойи аввал ва Кристиан Парс аз Маҷористон бо натиҷаи 77 метру 81 сантиметр ҷойи дувумро гирифтанд.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс барои ҷоизаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, генерали артиш Сагадат Нурмагамбетов, ки аз 23 то 29 майи соли равон  дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд, се медал ба даст оварданд. Анвар Юнусов — муштзани маъруфи тоҷик дар рақобатҳо дар вазни 60 килограмм бар ҳамаи чаҳор рақибаш аз Ҷумҳурии Қазоқистон ғолиб омада, бо медали тилло сарфароз гашт. Ду муштзани дигари тоҷик – Наврӯз Ҷафоев дар вазни 81 килограмм  ва Ҷаҳон Қурбонов дар вазни 91 килограмм медалҳои биринҷиро ба даст оварданд. Ин мусобиқа барои муштзанҳои тоҷик як марҳилаи омодагӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2016 маҳсуб мешавад. Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гӯштии озод ва юнониву римӣ, ки рӯзҳои 6-10 май дар пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа баргузор шуд, варзишгарони тоҷик се медал ба даст оварданд. Зелимхон Юсупов дар сабқати гӯштии озод дар вазни 70 килограмм бо медали нуқра ва Фарҳод Аннақулов дар вазни 125 килограмм бо медали биринҷӣ сарфароз гардиданд. Дар сабқати гӯштии юнониву римӣ дар вазни 130 килограмм Муродҷон Тӯйчиев соҳиби  медали биринҷӣ шуд. Ҳамчунин гӯштигирони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии дзю-дои Осиё, ки рӯзҳои 13-14 май дар давлати Қувайт баргузор шуд, ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин мусобиқа 210 варзишгар (129 мард ва 81 зан) аз 31 кишвари дунё  иштирок доштанд. Ҳайати мунтахаби Тоҷикистонро дар ин мусобиқа  ҳафт варзишгар муаррифӣ кард. Паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 килограмм бо се ғалаба соҳиби ҷойи сеюм гардид. Паҳлавони дигари тоҷик Саидҷалол Саидов низ бо ҳарифон хуб рақобат карда, дар вазни 100 килограмм ҷойи сеюмро ба даст овард. Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар ин мусобиқа мақоми панҷумро касб кард.

Муштзандухтарони  тоҷик Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева рӯзи 12 августи соли равон дар даври нимниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни занон, ки дар шаҳри Уланчаби Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷараён гирифт, иштирок карда, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи ҳамаҷонибаи соҳа  тамоми шароити заруриро фароҳам овардааст, зеро варзиш дар ҳаёти инсонҳо, алалхусус ҷавонон, ҳамчун омили тавонои тарбияи ҷисму рӯҳи солим, инчунин мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмиву тарғиби арзишҳои олии инсонӣ ва муҳимтар аз ҳама, таблиғи тарзи ҳаёти солим хизмат мекунад.

Таҳияи Р. ҲАБИБОВ, «Садои мардум»