Дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мартабаи зан ва мавқеи он дар ҷомеа бо ташаббусҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаротиб боло бардошта шуд. Намояндагони ҳамаи касбу корҳо аз ҳисоби занон афзун гардид ва ин раванд боз ҳам густариш дорад.
Бонувон дар соҳаи гуногун, аз ҷумла варзиш, корномаҳо нишон доданд ва ба ҷаҳониён симои зани шуҷоъ, ватандӯсту неруманди тоҷикро муаррифӣ намуданд. Дар камонварӣ Зебунисо Рустамова ва муштзанӣ Мавзуна Чориева дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба нишондодҳои баланди варзишӣ ноил шудаанд. Чунин бонувони варзишгар ва муваффақ дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон кам нестанд.
Яке аз ҳамин гуна бонуи муваффақи риштаи варзиш Наргис Набиева мебошад, ки ҳамагӣ 17 сол дорад. Наргис Набиева таҳти роҳбарии Зӯҳро Холова дар намуди таэквандо ба тамрин машғул шуда, маҳорати худро сайқал медод. Тамринҳои пайваста, майлу рағбат ва кӯшиши беандозааш ба ӯ имкон доданд, ки ба ҳайати мунтахаби таэквандочиёни ҷумҳурӣ шомил гардад.
Ба гуфтаи Наргис, модараш узви собиқ дастаи яккачини волейболи Тоҷикистон буда, меҳри варзиш тавассути муҳити оила ба дилаш роҳ ёфтааст. Ҳамчунин дар муваффақиятҳояш устодони варзиш Фурқат Урунов, Далер Тӯраев ва Хушмаҳмад Пиров саҳм гузоштаанд. Номбурда аз соли 2009-ум ба варзиш машғул аст. Ӯ соли гузашта ба дарёфти унвонҳои Чемпиони Осиё ва Чемпиони ҷаҳон мушарраф ва барандаи Ҷоми ҷаҳон оид ба таэкван-до гардид.
Тавре ки ӯ иброз медорад, аввалин маротиба дар чемпионати ҷаҳон оид ба таэкван-до, ки соли 2012 дар ҷумҳурии Эстония баргузор гардида буд, иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид. Наргис, ки ташнаи ғалабаи комил буд, барои ба даст овардани мақоми аввал талош намуда, омодагии ҷиддӣ мебинад ва худи ҳамон сол соҳиби се медали тилло ва ду медали нуқра мегардад.
Соли 2014 барои Наргис бо дастовардҳои назаррасаш фаромӯшношуданист. Ӯ дар чемпионати Осиё, ки дар Непал баргузор шуд, соҳиби панҷ медали тилло мегардад ва ба унвони Чемпиони мутлақи Осиё пазируфта мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта бори аввал бо ширкати варзишгарон аз 50 кишвари олам мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ доир гашт, ки дар он низ номбурда аз табори Гурдофарид будани худро собит намуда, се медали тилло ба даст овард. Соли сипаришуда Наргис дар Ҷумҳурии Беларус сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид.
Варзишгари номӣ Наргис Набиева донишҷӯи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон буда, ихтисоси санъатшиносиро пешаи худ қарор додааст. Ӯ расмкашӣ ва варзишро тавъам намуда, ба ҳар ду меҳри беандоза дорад. Наргис мегӯяд, ки инсон танҳо бо дӯст доштан ва содиқ монданаш ба касби худ метавонад, ки ба муваффақиятҳо ноил гардад ва аз кори худ қонеъ бошад.
- Моҳи августи соли равон дар Булғористон мусобиқаи байналмилалӣ баргузор мегардад ва ман омодагӣ дида истодаам, ки дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ғолиб омада, Парчами давлатамонро боло бардорам,- мегӯяд Наргис.
Мо ба ин духтари матинирода муваффақиятҳои нав ба нав таманно менамоем.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»