Беҳтарин ҳомиёни Ватан муайян шуданд

№62 (3208) 12.06.2014

Чанде пеш  бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов  бо мақсади баланд бардоштани маҳорати варзишии ҷавонон – сарбозон мусобиқаи ҳарбӣ – варзишии «Ҳомии Ватан» баргузор гардид.

Тавре ба мо корманди масъули кумитаи фавқуззикр  Иброҳим Мирзоев иттилоъ дод,  дар  кушодашавии  мусобиқаи мазкур  муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Муинова ва ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов Ш. Сафаров иштирок намуда, иштирокчиёни ин чорабиниро табрику шодбош гуфтанд.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии  сарбозон  ва тайёр намудани онҳо ба дифои Ватан иборат буд. Ҳамзамон ин чорабинӣ барои хуб аз худ  кардани барномаи тайёрии ибтидоии ҳарбӣ миёни  хонандагони синфҳои болоии  мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  равона шудаааст.

Мусобиқа аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш -  вазнбардорӣ, гулӯлапартоӣ, ҷаҳидан, бандкашӣ, тирпарронӣ,  давидан ва  машқи сафороӣ сурат гирифт. Дар ин мусобиқа хизматчиёни  қисмҳои ҳарбии  Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амниятии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок карданд.

Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва диплом сарфароз гардонида шуданд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»