Мақсад: бештар ҷалб намудани олимони ҷавон ба таҳқиқ

№131 (3277) 08.11.2014

Ба наздикӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов  Конфронси IV илмии  байналмилалии донишҷӯён ва олимони ҷавон дар мавзӯи «Варзиши донишгоҳӣ: солимӣ ва шукуфоии миллат» доир гардид.

Дар кори конфронс намояндагони зиёда аз 20 кишвар, аз ҷумла Федератсияи  Россия, Ҷумҳурии Украина, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Кореяи  Ҷанубӣ, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон иштирок карданд.

Конфронси IV илмии байналмилалии донишҷӯён ва олимони ҷавонро ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов  доктори илмҳои педагогӣ Шодӣ Сафаров ҳусни  оғоз бахшида, ҳозиронро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфт.

Сипас, Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии  ректорони Донишгоҳҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш профессор Кайрат Закирянов, муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Муинова, Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар назди иштирокчиёни конфронс  сухан карда, ба онҳо комёбиҳо орзу намуданд.

Рӯзи аввали конфронс машғулиятҳои пленарӣ баргузор гардиданд. Пас аз ин, иштирокчиён ба гурӯҳҳои илмӣ ҷудо шуда, маърӯзаҳои олимони ҷавон ва донишҷӯёнро шуниданд.

Бояд зикр намуд, ки дар Конфронси илмии байналмилалии донишҷӯён ва олимони ҷавон зиёда аз 50 нафар олимону муҳаққиқони собиқадор, коршиносон ва муҳаққиқони ҷавони соҳаи варзиш иштирок ва қисме бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд.

Тавре ки яке аз ташаббускорони гузаронидани чорабинӣ доктори илмҳои педагогӣ Шодӣ Сафаров ба мо иброз дошт:

- Соле қабл, иштирокчиёни Конфронси III илмии байналмилалии донишҷӯён ва олимони ҷавон, ки дар шаҳри Рига баргузор шуд, қарор карданд, ки чорабинии навбатӣ бояд дар шаҳри Душанбе гузарад. Ба ин хотир, мо ба ин конфронс як сол омодагӣ дидем.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода кумитаи тадорукот ташкил намуд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ вазифадор шуданд, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинӣ мусоидат намоянд. Мо барои дастгирӣ ба идораҳои номбурда изҳори сипос баён менамоем.

-Ҳар чорабинии байналмилалие, ки дар ҷумҳуриамон мегузарад, боиси афзудани обрӯю эътибори мамлакатамон дар сатҳи байналмилалӣ мегардад, — муътақид аст номбурда.

Тиллои НЕКҚАДАМ,  «Садои мардум»