Мухлисон «Ҳосилот»-ро дастгирӣ менамоянд

№ 02.08.2016

Дастаи футболи «Ҳосилот» -и ноҳияи Фархор дар минтақаи Кӯлоб дувумин дастае маҳсуб меёбад, ки дар лигаи олии мамлакат ҳунарнамоӣ мекунад. Айни ҳол футболбозони дастаи мазкур дар зинаи дуюми ҷадвал қарор дошта, беш аз пеш тавассути бозиҳои ҷолиб мавқеи худро дар зинаи мазкур мустаҳкам менамояд. Мухлисони даста тавассути кумаку дастгирии худ дар баланд бардоштани маҳорати варзишии аъзоёни он саҳм мегузоранд. Аз ҷумла, барои пурқувват намудани ҳолати молиявии даста аз ҳисоби соҳибкорон ва шахсони алоҳида ба маблағи 225 ҳазор сомонӣ кумак расонида шуд.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ,  «Садои мардум»