Омодагии варзишгарони тоҷик ҷиддист

№89-92 (3235-3238) 06.08.2014

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи кушоди Осиё оид ба дзю-до «Asian Open Taipei 2014», ки рӯзҳои 27-28-уми июли соли равон дар шаҳри Тайван баргузор шуд, соҳиби ду медали нуқра шуданд.

Тавре Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, директори генералии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо хабар дод, дар нахустин мусобиқаи рейтингии олимпӣ Тоҷикистонро ду паҳлавон — Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 килограмм ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 килограмм таҳти роҳбарии мураббии шоистаи  Федератсияи Россия ва Тоҷикистон Владимир Елчанинов намояндагӣ карданд.

Бино ба гуфтаи номбурда, Фарҳод Раҳимов дар даври аввал бар Линг Чанг-Чих аз Тайван, баъдан бар Кочарат Нопачаи аз Тайланд ва барои ба даври ниҳоӣ баромадан бар Ву Ренбаген пирӯз шуд. Мутаассифона, дар қувваозмоии ниҳоӣ паҳлавони тоҷик аз Ли Чангмин варзишгари Кореяи Ҷанубӣ шикаст хӯрд.

Комроншоҳи Устопириён, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуввум  Юн Тайхюнро аз Кореяи Ҷанубӣ мағлуб намуд ва барои ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтан, дар қувваозмоӣ бо Хун Чай Гу аз Кореяи Ҷанубӣ ғалабаи соф (иппон)-ро ба даст овард. Вале паҳлавони тоҷик дар қувваозмоии ҳалкунанда аз рақибаш Кирилл Денисови пуртаҷрибаи россиягӣ мағлуб гашт.

Ба ин тартиб, муборизаи ин дзю-дочиёни тоҷик дар мусобиқоти пешорӯйи Осиёӣ барои дарёфти роҳхат ва ба даст овардани имтиёзи зарурӣ ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия шурӯъ мешавад.

Ҳамзамон манбаъ хабар дод, ки аз 13-ум то 20-уми июли соли 2014 мусобиқаи кушоди байналмилалии «Сhina Open of Boxing-2014» дар шаҳри Гуйяни Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор шуд, ки дар он 139 варзишгар (112 мард ва 27 зан) аз 17 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ муштзани тоҷик — Мавзуна Чориева, Ҷаҳон Қурбонов, Анвар Юнусов, Наврӯз Ҷафоев ва Светлана Веглина  бо роҳбарии Мирзо Шамсиев-  сармураббии мунтахаби бокси  Тоҷикистон ширкат намуданд. Дар ин мусобиқа Мавзуна Чориева ва байни мардон Ҷаҳон Қурбонов медали нуқра ба даст оварданд.

Варзишгарони зикршуда бо шумули Дилшод Назаров-  гурзандози машҳури ҷумҳурӣ, ки давоми моҳҳои май ва июли соли равон дар ҳафт мусобиқаи байналмилалӣ се медали тилло, се медали нуқра ва як медали биринҷӣ ба даст овардааст, ба Бозиҳои XVII Осиёӣ, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябри соли 2014 дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мегардад, омодагӣ доранд.

Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва федератсияҳои дахлдори варзишӣ беш аз 150 варзишгарро ба ин мусобиқот аз рӯйи 16 намуди варзиш, ба монанди бокс, дзю-до, гурзандозӣ, гӯштии озод ва гӯштии юнониву румӣ, варзиши сабук, тирандозӣ, футбол, шиноварӣ, камонварӣ, картэ-до, таэквон-до ВТФ, вазнбардорӣ ва дигар намудҳои варзиш сафарбар мекунанд.

Муҳаммадшоҳ Абдуллоев зикр намуд, ки аз 16-ум то 28-уми августи соли ҷорӣ  бозиҳои дуввуми тобистонаи олимпии наврасон дар шаҳри Нанҷинги Ҷумҳурии Халқии Хитой аз рӯйи 34 намуди варзиш сурат мегирад. Дар ин мусобиқот ҳашт варзишгари тоҷик дар ҳафт намуди варзиш рақобат мекунанд. Чаҳор нафари онҳо – Фирӯз Ёқубов оид ба гӯштии озод (дар вазни то 100 килограмм), Тоҳирҷон Охонов (дар вазни то 85 килограмм) ва Равзатулло Исоев (дар вазни то 42 килограмм) – ҳар ду оид ба гӯштии юнониву румӣ ва Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаи 3000 метр ширкат меварзанд. Чаҳор нафари дигар – Фаррухи Салим оид ба дзю-до дар вазни аз  66 то 81 килограмм, Аниса Замирова оид ба камонварӣ, Карина Климик оид ба шиноварӣ ва Ҷаъфар Шерматов оид ба тирандозӣ аз таппонча ба масофаи даҳ метр ширкат хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони навраси тоҷик соли 2010 дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон, ки дар шаҳри Сингапур доир гардида буд, ду медал ба даст оварда буданд. Инҳо Баҳодур Қодиров дар намуди  гӯштии озод дар вазни то 63 килограмм – медали нуқра ва Шукрона Шарифова, таэквон-до ВТФ, вазни то 44 килограмм – медали биринҷӣ мебошанд.

Х. Шарипов,  «Садои мардум»