Тасмим гирифтем дар арафаи Рӯзи Модар ба хонандаи азиз дар бораи бонувоне, ки соли гузашта Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ сазовор муаррифӣ намуданд, иттилоъ манзур намоем.
Аз гимнастикаи бадеӣ то тенниси рӯи миз
Баъд аз истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи бонувон ба варзиш бештар шуда, ҳоло бонувони моро дар намудҳои зиёди бозиҳои варзиш дидан мумкин аст.
Онҳо дар чемпионатҳо ва мусобиқаҳои бонуфузи байналимилалӣ низ фаъоланд. Соли гузашта Ориёно Сафарова дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ «East Cup Stars Olympic» («Ҷоми Шарқ – ситораҳои олимпӣ») миёни наврасон, ки дар шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон доир шуд, сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид.
Дар мусобиқаи мазкур Марям Шукурова, Ясмина Ҳамидова, София Турсунзода, Азиза Нурализода, Елизавета Стрелникова ҷойи дуюм, Вазира Абдусатторова, Шукрона Саидова, Осия Ворисӣ ва Роҳила Тоҷиддинова ҷойи сеюмро сазовор шуданд. Бо шарофати дастоварди варзишгарбонувон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштаву Суруди Миллӣ танинандоз шуд.
Ҳамчунин, Моҳру Ҳалимова дар Чемпионати Осиё оид ба таэквондо (Чунчеон, Корея) соҳиби ҷойи сеюм гардида, Нигорахон Қурбонова, Садафмоҳ Маҳмадҷалолзода, Маликахон Алиматова, Шукронахон Акбарова ва Фаризахон Бахтиёрзода дар шашумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ байни наврасон, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Екатерина Ишенко барандаи медали нуқраи панҷумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ (Куния, Туркия) дар мусобиқаи тенниси рӯйи миз миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд шуд.
Ғолиби мутлақи Форуми занҳои ихтироъкор
Дар самти илм дастоварди бонувон сутуданӣ мебошад, зеро тавонистанд тавассути ихтирооташон илми тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ сазовор муаррифӣ созанд. Хоса дар Ҳамоиши 15-уми байналмилалии ихтирои бонувон «KIWIE-2022» ва Форуми байналмилалии занҳои ихтироъкор, ки дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ доир шуд.
Форуми мазкур бо ҳузури намояндагони 30 кишвари аъзои Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва 500 бонуи ихтироъкор баргузор гашт. Тоҷикистонро шаш бонуе, ки ҳаёташонро дар масири илм бахшидаву бозёфтҳо намудаанд, муаррифгар шуданд. Се нафарашон — Фирӯза Ҳалимова, Мадина Кариева ва Муқаддас Қурбонова барои ихтирооташон бо медали тилло қадр гардиданд. Зулфия Арабова ва Парвина Олимбойзодаро медали биринҷӣ насиб шуд.
Фараҳбахш он аст, ки аз миёни 500 нафар шоҳҷоизаи форумро бонуи ихтироъкори тоҷик Саврибегим Ёрмамадова барои силсилаи таҳқиқот ва бозёфти илмиаш дар самти «Истифодаи пайвастаҳои комплексии рӯҳ ҳамчун маводи доруворӣ зидди бемориҳои ғадуди сипаршакл» сазовар гардид.
Шоҳҷоиза аз Олимпиадаи байналмилалӣ
Бонувони навраси мо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки дар Амрико, Венгрия, Италия, Словения, Ҳиндустон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд, бо дастовез баргаштанд.
Аз ҷумла, дар Озмуни байналмилалии забони англисӣ ва арабӣ, ки дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср доир шуд, Тоҷикистонро хатмкардаи факултети забони англисӣ (ихтисоси тарҷумони забони англисӣ)-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Аслигул Тиллохонова муаррифӣ намуд. Ӯ аз Миср бо ҷоиза ва диплом баргашт.
Ҷом ва Шоҳҷоизаи Олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» — беҳтарин донандаи забони англисӣ, ки Донишгоҳи Брунели шаҳри Лондон миёни 300 муассисаи таълимии 27 кишвари олам доир намуд, хонандаи синфи даҳуми «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд Фирӯза Абдуллоева ба даст овард.
Дар олимпиадаи мазкур таълимгирандаи «Литсейи давлатии №1»-и ноҳияи Восеъ Омина Худойқулова сазовори ҷойи аввал шуд.
Фарзонаи Файзалӣ,
«Садои мардум»