Пирӯзии Дилшод Назаров дар Пекин

№114 (3415) 26.08.2015

Dilshod+Nazarov+16th+Asian+Games+Day+9+Athletics+RbsyYoba6MGlТибқи иттилои Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи  варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, варзишгар-гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар даври ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор гардида истодааст, гурзро ба масофаи 78 метру 55 сантиметр ҳаво дода, мақоми дуюмро касб намуда, медали нуқраи мусобиқотро соҳиб шуд.  Зикр намудан бамаврид аст, ки Дилшод Назаров бори аввал дар сабқати ниҳоии гурзандозӣ байни мардон, миёни 12 нафар беҳтарин  гурзандозҳои ҷаҳон дар мусобиқаи  қаҳрамонии ҷаҳон ба чунин дастоварди бузург мушарраф шуда, соҳиби медал гардидааст.

Гуфта мешавад, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз Дилшод Назаров боз як варзишгар -  Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) ширкат варзид.

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши  сабук дар варзишгоҳи «Лонаи парранда»-и шаҳри Пекин  то рӯзи 30 августи соли равон идома меёбад ва дар он ҳудуди 2000 варзишгар аз 207 кишвари дунё барои 47 маҷмӯи ҷоизаҳо мубориза мебаранд. Ба соҳибони медалҳои тилло дар намудҳои инфиродӣ боз 60 ҳазор доллари ИМА, медалҳои нуқра 30 ҳазор ва медалҳои биринҷӣ  20 ҳазор доллари ИМА мукофот дода мешавад.

Дастае, ки дар мусобиқа ғолиб меояд, 80 ҳазор доллари ИМА мегирад. Барои ҷойи дуюм 40 ҳазор доллари ИМА ва барои ҷойи сеюм 20 ҳазор доллари ИМА супурда мешавад. Инчунин варзишгароне, ки дар ин мусобиқа  рекорди нави ҷаҳонӣ мегузоранд, бо 100 ҳазор доллари ИМА сарфароз хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров аз миёни варзишгарони кишвар аввалин шуда, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио — де — Жанейрои Бразилия гардид.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»