ПИРӮЗИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

№61 (3541) 12.05.2016

DSC09590Ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-9 майи соли равон дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бори нахуст  Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он беш 100 намоянда аз давлатҳои Афғонистон, Эрон, Ҷопон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тайланд, Туркманистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар он, ки бо ибтикори Федератсияи байналмилалии варзиши донишҷӯён (FISU), Федератсияи варзиши донишҷӯёни Осиё (AUSF), дастгирии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат ва Ассотсиатсияи варзишгарони донишҷӯи ҷумҳурӣ сурат гирифт, мардон аз рӯи даҳ вазн (-49, -52, -56, -60, -64, -69, -75, -81, -91 ва +91 кг) ва бонувон аз рӯи се вазн (-51, -60 ва -75 кг) рақобат карданд.

Дар натиҷа, бо ба даст овардани 23 медал (7 тилло, 9 нуқра, 7 биринҷӣ) Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ ҷои аввалро ишғол кард. Ду мақоми баъдиро Қазоқистон бо 6 медал (3, 1, 2) ва Қирғизистон бо 4 медал (1, 1, 2) соҳиб шуданд.

Аз рӯи тартиби вазнҳои дар боло зикршуда Раҳмонқул Аватов (Қирғизистон), Анвар Музаффаров (Қазоқистон), Баҳодур Усмонов (Тоҷикистон), Дидор Утелбоев (Қазоқистон), Ҳикару Окишима (Ҷопон), Бахтиёр Мирзомуҳаммад, Шаҳбоз Неъматуллоев (ҳар ду Тоҷикистон), Алӣ Ахмедов (Қазоқистон), Шаҳром Афсаҳов (Тоҷикистон), байни бонувон Раксат Чутамат (Тайланд),  Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева (ҳар ду Тоҷикистон) ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ мушарраф гардиданд.

Дар ин бора Шодӣ Сафаров, раиси Ассотсиатсияи варзишгарони донишҷӯи Тоҷикистон ва ҳамзамон ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов иттилоъ дод.

«Садои мардум»