Рушди варзиш бе танзими ҳуқуқӣ ғайриимкон аст

№34 (3671) 30.03.2017

942c5c7355a7e2aaa0cdc336cae85fd6Яке аз тадбирҳое, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои варзишгаронро кафолат медиҳад, ин қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Вобаста ба ин, мақомоти олии қонунгузор як қатор санади меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расонидааст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» аз ҷумлаи онҳост.

Ҳамчунин, дар ин робита Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2014, №184 «Дар бораи соли оммавияти футбол эълон намудани соли 2014», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2011, №278 «Оид ба тасдиқи Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2011 — 2015», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2004, №512 «Оид ба тасдиқи Консепсияи миллии инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 30 августи соли 2011, №425 «Оид ба тасдиқи Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2016», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2014, №395 «Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Турк­манистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 21 июни соли 2014, № 418 «Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 1 августи соли 2015 «Оид ба тасдиқи меъёрҳои талабот ва андозаи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015, №453 «Оид ба тасдиқи Низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2015, №624 «Оид ба тасдиқ намудани Низомнома оид ба аккредитатсияи давлатии федератсияҳои варзишӣ» ва ғайра ба имзо расидааст.

Мақсади асосӣ аз қабули ин санадҳо агар аз як ҷиҳат, танзими ҳуқуқии муносибатҳо бошад, аз ҷониби дигар, як василаи ҳуқуқӣ барои рушду инкишофи паҳлуҳои алоҳидаи соҳаи варзиш маҳсуб меёбад. Бо вуҷуди ин, баъзан байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат ва фазои холӣ низ ба назар мерасад. Ин ҳолатро банди 7 Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011, №1021 тасдиқ шудааст, низ пешбинӣ менамояд. Мувофиқи банди 7 консепсияи мазкур ислоҳот дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ, ки пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта буд, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа номураттаб инкишоф ёфтаанд ва дар самти қонунгузории соҳаи иҷтимоӣ баъзан мушкилиҳо ба миён омадааст, ки танзими ҳуқуқии масъалаҳоро талаб мекунад.

Ҳангоми таҳлил ва омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи мазкур маълум гашт, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», ки 5 марти соли 2007, №243 қабул гардидааст, як маротиба — 16 апрели соли 2012 тағйиру иловаҳо ворид намудаанд. Аз ин рӯ, дар қонуни мазкур баъзе камбудиҳо ҳанӯз ҳам ба назар мерасанд. Масалан, дар матни қонун калимаҳои «Доварони варзиш», «Мураббиён» васеъ истифода шудааст. Вале дар моддаи 1-и он муқаррар нагардидааст, ки зери мафҳуми «Доварони варзиш» ва «Мураббиён» кадом субъектҳо фаҳмида мешаванд.

Мувофиқи талаботи қисми 4 моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мазмуни матни моддаҳо, қисмҳо ё бандҳо дар дигар моддаҳо, қисмҳо ё бандҳо набояд такроран баён карда шавад. Вале дар қисми 3 моддаи 30 ва 39 қонуни мазкур ин талабот риоя нашудааст. Ҳамчунин, қисми 3 моддаи 30 ва 39 ҷавобгариро барои риоя накардани меъёрҳои қонуни мазкур ва истифодаи маводи барангезандаю неруафзо (допинг) муқаррар кардааст, аммо на Кодекси меҳнат ҷазои интизомӣ, на Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷавобгарии маъмурӣ ва на Кодекси ҷиноятӣ ҷазоро барои вайрон кардани меъёрҳои қонун пешбинӣ накардаанд. Пас ҷавобгарӣ аз рӯи кадом санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд муқаррар карда шавад?

Ба назари мо, боби 231, ки «Хусусияти танзими меҳнатии варзишгарон ва мураб­биён» ном дорад, метавонад на танҳо муҷозоти интизомиро оид ба риоя накардани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» муқаррар кунад, балки паҳлуҳои дигари ин масъаларо низ танзим намояд. Масалан хуб мебуд, хусусиятҳои бастани шартномаҳои меҳнатӣ бо варзишгарон ва мураббиён, муоинаи тиббии варзишгарон, муваққатан гузаронидани варзишгар ба дигар корфармо ё мураббӣ, дур кардани варзишгар аз иштирок дар чорабиниҳои варзишӣ, танзими кори варзишгар бо мураббӣ, танзими меҳнатии варзишгарони ба синни 18 нарасида, танзими меҳнати варзишгарони ҷинси зан, асосҳои иловагӣ барои қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ илова карда шавад.

Ҳамчунин, ба мақсад мувофиқ мебуд, ки дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи алоҳида бо мазмуни зайл: «Моддаи 1101. Риоя накардани талаботи қонунгузории тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» илова гардад ва бандҳои зерро дар бар гирад:

1. Варзишгарон, мураббиён, мутахассисони соҳаи тиб барои риоя накардани талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар хусуси ҷорӣ намудан ва истеъмоли маводи барангезандаю неруафзо (допинг), аз иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ ё машғул шудан ба фаъо­лияти муайян ба муҳлати аз як то ду сол маҳрум мегарданд.

2. Агар кирдори пешбинишудаи қисми 1 ҳамин модда нисбат ба варзишгари ноболиғ татбиқ шуда бошад ва кирдорҳои аломати таркиби ҷиноят мавҷуд набошад,

аз иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ ва машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол маҳрум мегардад.

Зеро дар қонунгузории қисми зиёди давлатҳо ин масъала ҳалли ҳуқуқии худро ёфтааст, ҳатто барои чунин кирдор ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ намудаанд. Барои мисол, Ҷумҳурии Федералии Олмон ҷавобгарии ҷиноиро бо маҳрум сох­тан аз озодӣ барои ҷорӣ, истифода ва истеъмол намудани маводи барангезандаю неруафзо (допинг) муқаррар кардааст, ки ин меъёри ҷавобгарӣ на танҳо нисбат ба варзишгарони худашон, балки нисбат ба варзишгароне, ки аз дигар давлат ба Ҷумҳурии Федералии Олмон барои иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ ташриф овардаанд, низ татбиқ шуданаш мумкин аст.

Россия Дмитрий Свишев қайд намуд, ки ҷавобгарӣ на танҳо дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ, балки аз лиҳози иқтисодӣ низ бояд татбиқ гардад. Яъне, он моликияте, ки варзишгар дар мусобиқаҳои варзишӣ бо истифода аз маводи барангезандаю неруафзо (допинг) ба даст овардааст, дар сурати тасдиқ шудани ин ҳолат ба фоидаи давлат мусодира карда шавад.

Ҷиҳати рушду инкишофи соҳаи варзиш хуб мебуд барои варзишгароне, ки зери Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозиҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд, ба ин ё он дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошанд, бо мақсади аз даст надодани сатҳи касбии варзишӣ имтиёзҳо пешбинӣ карда мешуд. Ба сифати чунин имтиёзҳо метавонад ба таъхир андохтани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ ё озод кардан аз даъват ба хизматӣ ҳарбӣ истифода шавад. Дар ин маврид зарурат ба миён меояд, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои умумиҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.

Ҳамчунин, ба мақсад мувофиқ мебуд, ки танзими ҳуқуқӣ ва фаъолияти кории клубҳои варзишӣ (клубҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, варзишӣ-техникӣ, варзиш ва солимгардонӣ), мактаб­ҳои варзишии кӯдакону наврасон, клубҳои тайёрии ҷисмонии кӯдакону наврасон, марказҳои тайёрии варзишӣ, марказҳои тайёрии олимпӣ, ҷамъиятҳои ихтиёрии варзишии иттифоқҳои касаба аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ пайваста зери назорат қарор дода шавад. Ин муассисаҳои таълимӣ бояд фаъолияти худро танҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои асосноккунандаи мақомоти ваколатдори давлатӣ, бо дарназардошти шарту талаботи фаъолияти муассиса, шароити он (мавҷуд будани дастгоҳу таҷҳизоти варзишӣ), мавқеи ҷойгиршавӣ ва муҳити атрофи муассиса, касбияти мутахассисон, мураббиён ва ғайра ба роҳ монанд. Зеро яке аз принсипҳои қонуни соҳавӣ, ки ба фаъолияти муассисаҳои таълимии мазкур низ тааллуқ дорад, ин бехатарии ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои таълимию машқӣ мебошад.

Тавре болотар ёдовар шудем, санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт қабул гардидаанд ва амал мекунанд. Вале ба мақсад мувофиқ мебуд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи мазкур дар як санади қонунгузорӣ мураттаб гарданд. Вобаста ба ин қабули «Кодекси варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба мақсад мувофиқ аст.

Дар баробари ин, зарур аст, ки дар низоми соҳаҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як соҳаи нав — «Ҳуқуқи варзишӣ» илова карда шавад, зеро дастгирӣ ва рушди соҳаи варзиш бе танзими ҳуқуқии он ғайриимкон мебошад. Таҷрибаи қонунгузории дигар давлатҳо нишон медиҳад, ки дар баробари такмили қонунгузорӣ дар онҳо Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони соҳаи варзиш мавҷуд аст, ки Комиссия оид ба ҳуқуқи варзиширо ҷалб намудааст. Гузашта аз ин, соҳаи варзиш метавонад ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъсири мусбат расонида, кишварро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд. Варзиш қисми ҷудонашавандаи иқтисодиётро дар бештар давлатҳои мутараққӣ ташкил медиҳад. Дар онҳо пайвас­та таҳлилҳои иқтисодӣ ва нақши соҳаи варзиш дар пешравии ҷомеа баррасӣ мегарданд. Соҳаи варзиш, қабл аз ҳама, ба иқтисодиёти дилхоҳ давлат метавонад чунин омилҳои мусбатро ба миён орад:

- солимии ҷомеа;

- мавҷуд будани қувваи корӣ;

- рушди муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ;

- пурра аз байн рафтан ё коҳиш ёфтани харидории маводи доруворӣ дар байни ҷомеа;

- пешгирии истеъмоли ҳама гуна маводи мадҳушкунанда, аз қабили нӯшокиҳои спиртӣ ва маҳсулоти тамоку;

- паст шудани сатҳи содиршавии кирдорҳои ношоям ва амалҳои ҷиноятӣ;

- рушди муносибатҳои сайёҳӣ. Дар ин замина метавонад дигар омилҳои иқтисодӣ низ пайдо шавад.

Аз нигоҳи мо, айни замон, шумораи корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи варзиш, чӣ аз лиҳози паҳлуҳои ҳуқуқӣ ва чӣ иқтисодӣ, дар ҷумҳурӣ кам ба назар мерасад, ҳол он ки варзиш соҳаи ояндадори ­насли солими ҳар як давлату миллат муаррифӣ гаштааст.

Ҷамшед ФАРХУДИНОВ,

ноиби президенти Ассотсиа­тсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон