Маҷмааи кӯҳии лижаронии «Сафеддара», ки дар мавзеи Такоби ноҳияи Варзоб ҷойгир мебошад, баъди азнавсозиҳо ба яке аз беҳтарин ва муосиртарин мавзеи истироҳат ва лижаронӣ табдил ёфтааст, ки дар Осиёи миёна назир надорад. Бади ба ҶММ «Сафеддара» табдил додани қароргоҳи лижаронии Сафедорак, (соли 2015) барои рушди он беш аз 80 миллион сомонӣ равона шудааст.
17 декабри соли равон бо даъвати ҷамъияти мазкур як гурӯҳ рӯзноманигорон ва коршиносони соҳа ба мавзеи Такоб сафар намуда, бо вазъи кор, ҷараёни истироҳату фароғат ва тамрини дӯстдорони навъҳои зимистонаи варзиш шинос гардиданд.
«Сафеддара» аз мавзеъҳои нодири мамлакат мебошад, ки дар фаслҳои гуногуни сол дар он ҷо баргузор намудани мусобиқаҳои варзишии зимистона имконпазир аст.
Роҳ нишони ободист
Аз ин рӯ, вазифаи муҳимтарин мо барқарору азнавсозии роҳ ва пойгоҳи барқи Тагоб иборат буд,- гуфтанд дар бахши маркетинги ҶММ «Сефеддара».
- Пойгоҳи мазкур ҳатто дар фасли тобистон дуруст кор намекард. Ба туфайли корҳои азнавсозӣ роҳ дар аксари мавзеъҳо то даҳ метр васеъ карда шуд. Навсозии пойгоҳи барқӣ имкон фароҳам овард, ки ҳудуди маҷмаа ва инчунин шаҳрчаи Такоб бо барқ таъмин гардад.
Дар робита ба ташкили ҷойҳои нави корӣ масъулин иттилоъ доданд, ки бо роҳандозӣ кардани тадбирҳои омӯзишӣ асосан аз ҳисоби сокинони ҳамин мавзеъ муассиса бо мутахассисону кормандон пурра гардонда шудааст.
Акнун сокинони Такоб метавонанд ба бозор ҳои шаҳри Душанбе нарафта, маҳсулоти парваришнамудаашонро пешниҳоди истироҳаткунандагон намоянд.
Сохтмонҳои нав
Дар арафаи Соли нав дар «Сафеддара» яке аз навтарин роҳи танобкаши ҳавоӣ дар Осиёи Марказӣ ба истифода дода мешавад. Ин сохтмон тирамоҳи соли 2016 оғоз ёфта буд. Пудратчияш ширкати дар ҷаҳон овозадори Доппелмайер («Doppelmayr»)-и Австрия мебошад. Дар нимаи аввали моҳи декабр, тавре мо шоҳид будем, 99 фоизи корҳо дар ин ҷо ба анҷом расидааст. Дарозии роҳ 2 км. ва ҳар кабина барои 8 нафар пешбинӣ гардидааст. Нуқтаи баландтарини роҳ дар арзи 2600 метр ҷой гирифтааст. Иқтидори аввалияи он аз 1000 нафар ва иқтидори ниҳоияш то 2000 нафар дар як соат ба ҳар самтро ташкил медиҳад. Муддати ҳаракат аз нуқтаи «А» ба нуқтаи «Б» ҳафт дақиқа мебошад.
Сохтмонҳои машҳури варзишӣ: Сафеддара, Сочи, Чимбулоқ
Дар Сафеддара ба мо нақл карданд, ки мутахассисони ширкати австриягии Доппелмайер то ин вақт сохтмонҳои дар ҷаҳон машҳури варзиширо ба анҷом расонидаанд. — Дар байни онҳо роҳҳои ҳавоии шаҳраки олимпии Сочи ва курорти лижаронии «Чимбулоқ» — и Қазоқистон машҳуранд, — гуфтанд мизбонон.
Бояд қайд кард, ки роҳи ҳавоии пешина дар баробари роҳи нав мавриди истифода қарор мегирад. Қаблан меҳмонону сайёҳон имкон надоштанд, ки манзараҳои нотакрори табиати ин ҷоро пурра тамошо намоянд. Акнун бо истифода аз ин роҳҳо онҳо чунин имкониятро пайдо мекунанд. Дар маҷмӯъ, ҶММ «Сафеддара» дар мавсими нав биноҳои зиёдеро ба истифода супорид, ки ҷолибтаринашон майдони ях буда, арзу тӯли он 20 ба 40 метрро ташкил додааст. Онро мутахассисони ширкати «Техно форст» — и Федератсияи Россия сохтаанд. Ба ҷуз ин дар «Сафеддара» саҳнаи нав арзу вуҷуд кард, ки он бо дастгоҳҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Маҷмаа дорои ҳавзи пӯшида, толори тамрин, майдонҳои футбол, волейбол, бозиҳои шавқовари бачагона, тарабхона, ошхона, толорҳои хурду калони кино,толори конфронс, мағозаҳо ва ярмаркаи «Афсонаи Сафед- дара» мебошад.
Мактаби лижаронӣ
Таваҷҷуҳи одамонро дар ин маҷмаа, ҳамчунин мактаби омӯзишии лижаронии назди Маркази лижаронии Кӯҳии «Сафеддара» ба худ ҷалб мекунад. Ин макони беҳтарини рушди навъҳои варзиши зимистона барои наврасон аст. Дар ӯ тоқҳо ва синфхонаҳои васеъ шароити воқеан мусоид барои тақвияти маҳорати онҳо муҳайёст. Фарзандони сокинони шаҳраки Тагоб дар ин мактаби варзишӣ ба таври ройгон таълим мегиранд ва аз тамоми хидматрасониҳо (лавозимоти варзишӣ, роҳи ҳавоӣ ва ғайраҳо) истифода мебаранд.
Моҳи марти соли 2016 аввалин бор дар нишебиҳои «Сафеддара» мусобиқаи варзишии Тоҷикистон миёни наврасону кӯдакон баргузор шуд.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз «Сафеддара» ба ҷойи баргузории мусобиқаҳои сатҳҳои гуногун- ҷаҳонӣ, минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва омодасозии варзишгарон ба бозиҳои зимистонаи олимпӣ табдил меёбад.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»