Серҳаракат бошем ба диабет ғолиб меоем

№51 (3531) 19.04.2016

физТавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, сол то сол дар ҷаҳон шумораи гирифторони бемории диабети қанд босуръат меафзояд. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO), соли 2012 диабет боиси марги 1,5 миллион нафар сокини сайёра гаштааст. Тахмин меравад, ки ин рақам дар даҳсолаи оянда 50 фоиз афзуда, сабаби асосии фавт дар ҷаҳон хоҳад гашт.

Ҳар сол 7-уми апрел дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии солимӣ таҷлил мегардад. Бюрои минтақаи аврупоии СҶТ (WHO) соли равон ин санаро таҳти шиори «Дуруст ғизо хӯред, фаъолу серҳаракат бошед, тавсияҳои табибонро риоя кунед, ба диабет ғолиб оед» доир намуд.

Вобаста ба ин, дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомад доир гардид. Мушовири вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Дилором Содиқова ёдовар шуд, ки муҳим будани ин мушкилотро ба назар гирифта, Ҳукумати мамлакат «Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2017»-ро қабул намуд. Зеро дар ҷумҳурӣ ҳар сол афзоиши шумораи умумии беморони диабети қанд, нишондодҳои аввалия ва умумии беморӣ ба қайд гирифта мешаванд. Агар соли 2010 нишондоди умумии бемории қанд ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ 293 нафарро ташкил дода бошад, соли 2014 ин рақам 377,5 нафарро ташкил дод. Аз якумин гузориши глобалии Созмони ҷаҳонии  тандурустӣ маълум мешавад, ки як дарсади фавти аҳолии мамлакат ба диабети қанд рост меояд.

Ба андешаи директори Бюрои минтақаи аврупоии Созмони ҷаҳонии  тандурустӣ доктор Сузанна Ҷакаб, мубориза ба муқобили бемории диабет кори дастаҷамъона ва ҷомеаи башар мебошад. Дар акси ҳол, сарфи назар аз кӯшишҳо, эпидемияи диабет минбаъд ҳам инкишоф хоҳад ёфт. Надоштани маълумот дар бораи диабет, нокифоя будани дастрасии хизматрасониҳои тиббӣ ва дорувории муҳим метавонад ба нобиноӣ, буридани узвҳо ва нокомии гурда оварда расонад.

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии солимӣ бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ намоиши маҳсулоти доруворӣ доир гардида, ташхиси ройгони муроҷиаткунандагон ба роҳ монда шуд.

 

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»