Ширкати Рустами Эмомалӣ дар маросими ҷоизасупории мусобиқаи «Cafa Nations Сup — 2023»

№№ 80 - 81 (4663 - 4664) 21.06.2023

 355101962_202086972802818_8553020707662012978_nПрезиденти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ҷоизасупории мусобиқаи Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ «CAFA Nations Сup — 2023», ки дар шаҳри Тошканд доир гашт, иштирок намуданд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод. 

355494257_202087416136107_4495124637974868979_nДар бозии финалӣ дастаи Эрон бар Ӯзбекистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Барои ҷойи сеюми мусобиқаи зикршуда дастаи Уммон дастаи Қирғизис­тонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, ­медали биринҷӣ ба даст овард.

355488017_202087322802783_9012079750637755107_n (1)Ҷоизаи олӣ «Fair Play» — ро тими миллии Ӯзбекистон соҳиб гардид. Беҳтарин нишонзани мусобиқа ва беҳтарин бозингар ҳамлагари эронӣ Меҳдӣ Торемӣ (6 гол) ва дарвозабони беҳтарин узви тими миллии Уммон Иброҳим Солеҳ Ал-Муҳайнӣ эътироф шуданд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»