Сомон Маҳмадбеков – қаҳрамони бозиҳои осиёӣ

№116 (4699) 27.09.2023

Somon-MahmadbekovПаҳлавони номдори тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷараён дорад, дар риштаи ҷудо, дар вазни то 81 килограмм медали тилло ба даст овард.

Номбурда варзишгарон аз Фаластин, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Қазоқистон-Муайяд Звайб, Асад Масобиров ва Абулайхан Жубаназарро мағлуб намуда, ба финал роҳ ёфт ва дар финал бо шикаст додани варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ли Ҷунван ғолиби мусобиқа ва сазовори медали тилло гардид.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои осиёӣ аз 23-юми сентябр то 8-уми октябри соли равон дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардида, дар он варзишгарони 45 давлати Осиё иштирок менамоянд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 118 варзишгар дар 19 навъи варзиш қувваозмоӣ мекунад. Дар рӯзҳои аввали баргузории Бозиҳои осиёӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон се медал ба даст овардаанд. Медали аввалро, ки биринҷӣ аст, паҳлавони номдори тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода дар риштаи ҷудо ба даст овард. Ӯ дар вазни то 73 килограмм варзишгари филиппинӣ Накано Кейсей ва қазоқистонӣ Дониёр Шамшаевро шикаст дода, дар даври ниманиҳоӣ аз варзишгари ҷопонӣ Соичи Ҳашимото мағлуб шудааст. Беҳрӯз Хоҷазода барои нишони биринҷӣ муборизаро давом дода, бо мағлуб кардани варзишгар аз Ҷумҳурии Мардумии Чин онро сазовор шуд.

Инчунин, паҳлавони дигари номдори тоҷик Темур Раҳимов соҳиби медали нуқра гардид. Ӯ дар вазни +100 килограмм паҳлавонон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Кореяи Ҷанубиро мағлуб карда, дар финал аз варзишгари Имороти Муттаҳидаи Араб шикаст хӯрд ва бо медали нуқра сазовор дониста шуд.

Шариф СОЛЕҲ,

«Садои мардум»