Таассуроти нек аз сафари Бадахшон

№114 (3415) 26.08.2015

MДар рӯзҳои фароғат аз таҳсил 80 нафар ҷавонону наврасони Хатлонзамин ба сарзамини афсонавии Бадахшон сафар намуда, аз тамошои манзараҳои зебою афсонавии он ҳузуру ҳаловати хоса бардоштанд.

Зимни ин сафар ҷавонону наврасони хатлонӣ бо ҳамсолони хеш аз Боми Ҷаҳон гуфтугӯйи судманд анҷом дода, бо кору таҳсил, зисту зиндагии онҳо ва аҳли хонаводаашон аз наздик ошноӣ пайдо намуданд. Ин дидору мулоқотҳои судбахши фаромӯшнашаванда имкон дод, ки онҳо аз байни ҳамсолони хеш аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дӯстони нав пайдо намоянд. Ҳамчунин зимни ин сафар онҳо имкон пайдо намуданд, ки дар мавзеъҳои истироҳатбоби ВМКБ дам гиранд.

Маҳфилҳои шеърхонӣ, рақсу суруд низ ба ҷавонон таассуроти зиёд бахшид.

Имрӯз мукотибаю гуфтугӯйи дӯстонаи ҷавонони хатлонӣ  бо ҳамсолони бадахшониашон тариқи интернет ва дигар дастовардҳои нави техникӣ пайваста идома дорад.

Онҳо дар навбати худ ҳамсолони кӯҳистониашонро ба сарзамини пурфайзу эҳсон ва меҳмоннавози Хатлон даъват намуданд. Ҷавонони бадахшонӣ ваъда доданд, ки ҳатман ба диёри зебоманзари Хатлон сафар мекунанд ва пайванди дӯстиву бародариро боз ҳам мустаҳкамтар месозанд.

Як тан аз иштирокдорони ин сафар — донишҷӯйи соли чоруми факултети низом ва технологияи иттилоотии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав Умедҷон Муродов таассуроти фаромӯшнашавандаи худро аз сафари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ин тавр нақл намуд:

- Туфайли сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдату дӯстиву бародарӣ сол то сол дар Ватани азизи мо пойдору устувор мегардад.

Барои ман сафар ба диёри афсонавии Бадахшон ва мулоқот бо мардуми меҳмоннавози он орзуи чандинсола буд. Ман дар ҳайати гурӯҳи калони ҷавонони хатлонӣ бо дастгириву кумаки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати масъулини Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бадахшон сафар намуда, бо як ҷаҳон таассуроти нек ба шаҳри Қӯрғонтеппа баргаштам.

Дар доираи ин сафар ману ҳамроҳонам ба зиндагӣ, кору фаъолият ва таҳсили ҳамсолони худ аз наздик ошно шуда, бо онҳо дӯстию бародарии самимона барқарор намудем.

Дар якчанд консерту барномаҳои муштараки фарҳангӣ ва шоми дӯстӣ иштирок намуда, ҳар кадоме ҳунару санъати хешро пешкаши ҳаводорон гардонидем. Моро дар Хоруғу Ванҷу Дарвоз ва дигар минтақаҳои Бадахшон хеле самимонаю бародарона истиқбол гирифтанд. Аз ҳама муҳимаш, тӯли ин сафар дӯстони нав пайдо намудам ва ба урфу одати мардуми кӯҳистон ва ҳунари волои онҳо аз наздик ошно шудам. Сафари мо тавассути шоҳроҳҳои наве, ки бо иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфтаанд, сурат гирифт. Барои мо — ҷавонони таҳдашти хатлонӣ манзараҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон воқеан ҳам тамошобоб буд. Ҷавонони хатлонӣ зимни ин сафар бори дигар боварӣ ҳосил намуданд, ки чунин мулоқотҳои самимона риштаҳои дӯстии сокинони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистонро боз ҳам мустаҳкамтар месозанд, — гуфт У. Муродов дар поёни суҳбат.

Ҷавонони хатлонӣ ва чанде аз ҳамсолонашон чун аз оқибатҳои зарари офати табиии ба сари мардуми Бадахшону Рашт расида воқиф гардиданд, аз ҷумлаи аввалинҳо шуда, ба қадри имкону қудрат ба онҳо кумак намуданд.

Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»