Ветеранҳои гӯштӣ

То рӯзҳои вопасин ғолибиятро аз даст надод

№52 (3037) 29.04.2013

Дар тантанаҳои иди Наврӯзи соли 2001 бо ташаббуси раиси онвақтаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алимамад  Ниёзмамадов дар маҳаллаи УПД-и шаҳри Хоруғ мусобиқаи вилоятии  гӯштигирӣ доир гардид. Дар ин мусобиқа гӯштигирони аз 40 то 60-сола зӯри бозу санҷиданд.

АсайниУстоди спорти РСС Тоҷикистон, Чемпиони  даҳкаратаи Тоҷикистон оид ба гӯштии тарзи озод ва миллӣ  Асайнӣ Шоқаландаров ба синну солаш нигоҳ накарда (он вақт ӯ 72 сол дошт), ба майдон баромад ва  паҳлавононро сарфи назар аз синну солашон, ба қувваозмойӣ даъват намуд. Бештари иштирокчиёни ин мусобиқаи хотирмон дар ҳайрат буданд, ки чӣ тавр бо паҳлавони солхӯрда гӯштӣ гиранд.

Ниҳоят, паҳлавони 45 -сола В.Вазирбеков ба майдон даромаду қувваозмойии ду ҳарифи дар синну сол гуногун оғоз ёфт. Паҳлавони «ҷавон» нисбати ҳарифи солораш бепарвоӣ зоҳир намуда, дар аввал ду-се бор ба замин афтод ва пай бурд, ки ҳарифаш бо вуҷуди калонсол буданаш, ҳанӯз ҳам дар ҳолати хуби варзишӣ қарор дорад. Бинобар ин,  эҳтиёткорона даст ба  миёнбанд ва гиребонаш гузошта, пойҳояшро паҳн карда, аз ҳалуки  ногаҳонии ҳариф худро ҳифз мекард. Бобои Асайнӣ ин тарз гирифтани гӯштиро аз айёми ҷавонияш  намеписандид ва ба ҳарифаш рӯ оварда:

-Писарам, чунин тарз  гӯштӣ намегиранд. Бояд ҳарифатро  ҳурмат кунӣ. Модоме ба майдон  баромадӣ, бе ягон тарсу ҳарос қувваатро бисанҷ. Ба синну солам аҳамият надеҳ. Спорт спорт аст. Дар ин мавридҳо гузашт намекунанд,- гуфт.

Бо вуҷуди ин ҳам паҳлавон аз ҳуҷумҳои  бобои Асайнӣ худро дар канор мегирифт ва дар ҳолатҳои ночор ба зону  менишаст.

Ӯ ҳис намуд, ки  мӯйсафед пурқувват аст.

Ногаҳон гӯё муъҷизае рух дод. Бобои Асайнӣ паҳлавони «ҷавон»-ро бо усули сари севҷӣ бардошта, рӯйи гилем ба пушт хобонд. Паҳлавони мағлуб ҳатто ҳис накард, ки чӣ тавр сарозер ба замин афтид.

Доварони мусобиқа вақтро муайян карданд. Асайнӣ  Шоқаландаров ҳарифи аз худаш 27 сол ҷавонро дар як дақиқаю панҷ сония мағлуб намуд. Дар як лаҳза овози «Офарин, бобои Асайнӣ, офарин!» ва қарсаку оғӯш гирифтани дӯстону  шогирдонаш варзишгоҳи  марказии шаҳри Хоруғро пур кард. Баъди анҷоми мусобиқа ҳайати доварон ба ғолиби мусобиқаи вилоятии гӯштигирӣ дар байни ветеранҳои гӯштии тоҷикӣ Асайнӣ Шоқаландаров, ки дар вазни мутлақ бар ҳарифаш пешдастӣ нишон дод, қолини қиматбаҳо ва  «Ифтихорнома»-и Ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро тақдим намуданд. Шодмонии ӯро ҳадду канор набуд. Беихтиёр солҳои ҷавонӣ ва иштирокаш дар аввалин Чемпионати  РСС Тоҷикистон пеши назар омад.

Он айём Асайнӣ 16-сола буду ҳамроҳи дӯсти солҳои  мактабхонӣ ва  минбаъдааш Азалшоҳ Олимов дар мусобиқаи вилоятӣ ҷойи якумро ишғол намуда, барои иштирок ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ба шаҳри Сталинобод, роҳхат гирифтанд.

-Моҳи октябри соли 1947 дар Боғи маданият ва  истироҳати шаҳри Сталинобод (ҳоло  боғи Рӯдакӣ) Чемпионати РСС Тоҷикистон оид ба гӯштигирӣ доир шуд. Аз Помир мо ду нафар дар чемпионат иштирок намуда, ман дар вазни 64 кило ва Азалшоҳ Олимов дар вазни 68 кило ҷойи якумро  ишғол карда, бо дипломи дараҷаи 1 мукофотонида шудем. Ҳамчунин ба ман панҷ метр матои қиматбаҳо ва ба А.Олимов  ҷома туҳфа карданд.

Ҳукумати онвақтаи Тоҷикистон  қарор дод, ки ҳар дуи моро барои хондан ба  шаҳри Москва фиристонад. Азалшоҳ Олимов бе дудилагӣ барои хондан ба Институти давлатии тарбияи ҷисмонии Москва ба номи И.В.Сталин рафт. Ман бошам, аз сабаби шароити душвори оилавӣ пойи пиёда ба зодгоҳам -деҳаи  Деррӯшони ноҳияи Рӯшон  баргаштам,- нақл мекард бобои Асайнӣ.

Ҳамин тарз роҳи варзишии Асайнӣ оғоз ёфт. Дар вилоят ва ноҳияи Рӯшон ӯро чун чемпион хуш истиқбол карданд.  Котиби якуми ҳизби  коммунисти ноҳияи Рӯшон Ф.В. Хромов супориш дод, ки  ба гӯштигири ҷавон тамоми шароитро муҳайё созанд. Акнун Асайнӣ на танҳо худ  тамрин мекард, балки дигаронро ҳам машқ дода, дар ду  намуди гӯштӣ-гӯштии миллӣ ва тарзи озод паҳлавононро ба мусобиқа омода месохт.

Соли 1949 дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи вилоятӣ оид ба гӯштигирӣ баргузор шуд. Дастаи мунтахаби гӯштигирони ноҳияи Рӯшон дар ин мусобиқа иштирок кард ва паҳлавонони ҷавони рӯшонӣ Асайнӣ Шоқаландаров, Навбаҳор Боқиев ва Худоёр Бахтиёров ҷойи якумро ишғол намуданд.  Қувваозмойии ин се паҳлавон ба мудири шуъбаи маорифи халқи комиҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Х.Мамадназаров писанд омада, ба сарвари мусобиқа гуфтааст:

-Ин паҳлавононро ба омӯзгорӣ ҷалб кардан лозим. Дар вилоят омӯзгорони фанҳои тарбияи ҷисмонӣ ва тайёрии ибтидоии ҳарбӣ намерасанд. Гӯед, ки фардо наздам дароянд.

Рӯзи дигар Асайнӣ, Навбаҳор ва Худоёр назди Х.Мамадназаров даромаданд. Облоно (он солҳо идораи маорифро чунин ном мебурданд) бо паҳлавонони ҷавон суҳбат карда,  аҳамияти касби омӯзгорӣ, нарасидани мутахассисони соҳаро фаҳмонид. Чун фаҳмид, ки ин паҳлавонони ҷавон  мактаби миёнаро тамом карда, бекор  гаштаанд, номаи камолашонро гирифта, ба курсҳои якмоҳаи муаллимони тайёрии ибтидоии ҳарбии шаҳри Хоруғ супурд. Баъди хатми курс онҳо бо роҳхат ба ноҳияи Рӯшон фиристонида шуданд. Ҳар се ҷавон бо дили  гарм ва пур аз орзуҳо ба омӯзгорӣ пардохта, ҳамзамон ҷавононро аз рӯйи ду намуди гӯштӣ машқ медоданд.

Моҳи июли соли 1948 маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ оғоз ёфт. Асайниро дар баробари дигарон даъватнома дода, 2 августи соли 1948 ба шаҳри Сталинобод оварданд.  Дар пойтахт чун донистанд, ки Шоқаландарови гӯштигир аллакай чемпион аст, ӯро на ба хизмати ҳарбӣ, балки барои хондан ба Мактаби махсуси милитсияи ВКД-и РСС Тоҷикистон дар шаҳри Сталинобод мононданд. Акнун паҳлавони ҷавон ҳам таҳсил мекарду ҳам машқи бадан. Дар баробари омӯзиш аз гӯштӣ низ дур набуд. Баъди дарсҳо ӯро танҳо дар толори варзишӣ пайдо мекарданд.

Соли 1950 дар пойтахти кишвар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштигирӣ баргузор гардид.  Курсанти Мактаби махсуси милитсияи ВКД-и шаҳри Сталинобод Асайнӣ Шоқаландаров дар ин мусобиқа иштирок карда, дар вазни 60 кило ҷойи якумро ишғол намуд. Дар 21-солагӣ Асайнӣ аллакай ду карат Чемпиони РСС Тоҷикистон оид ба гӯштии миллии тоҷикӣ буд.

Пас аз хатми Мактаби махсуси милитсия ӯ дар ноҳияҳои Ванҷу Мурғоб дар вазифаи муовини сардори ШКД-и ин ноҳияҳо кор кард. Агарчӣ он солҳо дар ин мақомот кор хеле  мушкил буду вақти зиёд талаб мекард, Асайнӣ барои шуғли дӯстдоштааш ҳатман рӯзе ё соате ҷудо мекард, зеро гӯштӣ машқи  мунтазамро талаб мекунад. Аз ин рӯ, харитаи  мусобиқаҳояш сол то сол васеътар шуданд. Вай дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ солҳои 1952, 1955, 1957, 1958, 1962, 1965 ва 1967 иштирок карда, соҳиби ҷойи якум ва дипломи дараҷаи 1 гардид.

Қобилияти баланди Асайнӣ Шоқаландаровро  ба инобат гирифта, ӯро барои таҳсил ба Техникуми тарбияи ҷисмонии шаҳри Ленинград фиристониданд ва ӯ солҳои 1956-1957 дар ин даргоҳи бонуфузи варзишӣ таҳсил карда, имконият пайдо намуд, ки гӯштии тарзи озодро бештару хубтар омӯзад. Соли 1957 ӯ дар шаҳри Хоруғ сексияи гӯштии тарзи озодро ташкил кард. Ҳамон сол командаи гӯштигирони тарзи озоди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти рохбарии тренерашон, Устоди спорти СССР, Чемпиони СССР Азалшоҳ Олимов дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштии тарзи озод иштирок карда, ҳамаашон ҷойи якумро ишғол намуданд. Инҳо Сангалӣ Наврӯзбеков, Шанбе Навҷувонов, Асайнӣ Шоқаландаров, Назармаҳмад  Мералишоев, Худоёр Бахтиёров, Мамадорис Асаншоев,  Шамшербек  Қурбонбеков ва дигарон буданд. Ин паҳлавонон имконият пайдо намуданд, ки моҳи октябри соли 1958 дар  Спартакиадаи  умумииттифоқии халқҳои СССР, ки дар шаҳри  Ставрополи РСФСР доир мешуд, иштирок намоянд.

Бояд зикр намуд, ки сексияи гӯштии тарзи озодро дар Бадахшон соли 1957 Азалшо Олимов ва Асайнӣ Шоқаландаров ташкил карда буданд. Шогирдони онҳо баъдҳо  паҳлавонони шинохтаи ҷумҳурӣ ва Иттифоқи Советӣ шуданд. Он айём аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Азалшоҳ Олимов, Асайнӣ Шоқаландаров, Сангалӣ Наврӯзбеков, Укуматшо Партоев нахустин шуда, унвони Устоди спорти  РСС Тоҷикистонро сазовор гардиданд. Мавриди ёдоварист, ки аз паҳлавонони  Бадахшон дар Иттифоқи Советӣ танҳо се паҳлавон -Азалшоҳ Олимов, Сангалӣ Наврӯзбеков ва Асайнӣ Шоқаландаровро мешинохтанд, зеро ин се паҳлавон ба ғайр аз гӯштии миллии тоҷикӣ, инчунин дар гӯштии тарзи озод, ки он солҳо хеле маълум буд, дар  мусобиқаи умумииттифоқӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, муваффақиятҳои калонро соҳиб шуда буданд.

Устоди спорти РСС Тоҷикистон, Чемпиони даҳкаратаи Тоҷикистон оид ба гӯштии миллӣ ва тарзи озод Асайнӣ Шоқаландаров тамоми ҳаёташ аз варзиш, бахусус гӯштӣ дур набуд. Ба синну солаш нигоҳ накарда, соли 1979 дар 50-солагиаш, дар байни паҳлавонони ноҳияи Рӯшон ва соли 2001 дар мусобиқаи вилоятии гӯштигирон байни ветеранҳои гӯштии миллӣ дар синни 72-солагӣ ғолиб баромад. Яъне, то рӯзҳои вопасин  ғолибиятро аз даст надод.

Ин паҳлавони шинохта аз соли 1970 то охири умр муаллими  тарбияи ҷисмонии мактаби миёнаи рақами                 6-уми деҳаи  Деррӯшони ноҳияи Рӯшон буд ва шогирдонаш дар гӯштӣ ва волейбол дар ноҳия ва вилоят ҳамеша пешсаф буданд.

Бобои Асайнӣ Шоқаландаров 22 октябри соли 2006 дар синни 77 -солагӣ дар зодгоҳаш -деҳаи Деррӯшон вафот кард. Барои пос доштани номи некаш сокинони деҳа ният  доранд, ки варзишгоҳи деҳаашонро ба номи ҳамдиёри шуҳратмандашон, Устоди спорти РСС Тоҷикистон, Чемпиони  даҳкаратаи Тоҷикистон оид ба гӯштии тарзи озод ва миллӣ Асайнӣ Шоқаландаров гузоранд.

Боварӣ ҳаст, ки ин  хоҳиши ҳамдиёрону шогирдонаш амалӣ мешавад ва ба ин васила рӯҳи устодашонро шод хоҳанд кард.

 

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»