Зӯҳро ба мусобиқаи ҷаҳонӣ роҳхат гирифт

№ 03.10.2016

 Дар рӯзҳои таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгардухтари тоҷик Зӯҳро Холова дар мусобиқаи  қаҳрамонии Осиё оид ба кикбоксинг дар Кореяи Ҷанубӣ сазовори медали тилло гашт. Дар ин мусобиқа варзишгарони 23 давлат иштирок доштанд, Зӯҳро дар вазни 52 кило, дар финал намояндаи Макаоро мағлуб намуда, ҷойи якумро гирифт. Барои ин комёбиаш варзишгардухтари тоҷик ба мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба кикбоксинг, ки соли 2017 дар Полша баргузор  мешавад, роҳхат гирифт.

Устоди дараҷаи байналмилалӣ аз рӯи намудҳои кикбоксинг  ва таэквондо Зӯҳро Холова дастпарвари муассисаи таълимии № 35-и пойтахт буда, Донишгоҳи технологӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ ҳанӯз дар синни 14-солагиаш қаҳрамони мусобиқаи ҷаҳонӣ шуда буд. Номбурда қаҳрамони чоркаратаи Осиё оид ба таэквондо, инчунин дорандаи медали нуқра дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквандо (ITF) буда, аввалин тоҷикдухтарест, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба кикбоксинг иштирок намудааст.

- Мо дар хона чор духтар  ҳастем ва бародар надорем, — мегӯяд Зӯҳро Холова. — Модарам, ки духтуранд, пеш аз ҳама, барои тандурустӣ ва сониян, бо сабаби омӯхтани усулҳои худмуҳофизат моро ба клуби таэквондо бурданд. Ҳамроҳи ҳамшираам Фотима таҳти роҳбарии устодони варзида Шаҳоб Баҳромов, Фурқат Урунов ва Президенти Федератсияи таэквондо ва кикбоксинги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мирсаид Яҳёев машқ кардем. Бо Фотима якҷоя ба мусобиқаҳо  меравем, ки баъзан моро аз якдигарамон фарқ намекунанд.

Ҳоло Зӯҳро Холова дар Хадамоти давлатии танзим дар соҳаи нақлиёт фаъолият дорад. Раиси хадамоти мазкур Қурбони Хуршед ва Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода Зӯҳроро аз ҷиҳати моддию маънавӣ ҳамеша дастгирӣ мекунанд.

Моҳи ноябри соли равон дар ҷумҳурии Беларус мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон  оид ба таэквондо ва соли оянда дар шаҳри Ашқобод Бозиҳои V Осиё оид ба варзиши размӣ дар иншооти пӯшида баргузор мегардад. Зӯҳро имрӯзҳо ба ин мусобиқаҳо омодагӣ мебинад.

Боварӣ дорем, ки ин варзишгари шинохта ва аллакай комёб сазовори медали тилло гашта, ба ифтихораш Парчами Тоҷикистон баланд бардошта мешавад.

Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»