https://sadoimardum.tj

Шаҳди истиқлолу озодӣ

№:124 (5020) 20 окт 2025, 17:10
0

Имсол мардуми нусратманди тоҷик 34-умин солгарди Истиқлоли давлатиро ҷашн гирифт. 34 соли соҳибистиқлолӣ барои мардуми тамаддунофари тоҷик 34 соли талош барои пойдории сулҳ, бунёдкорӣ, сохтмони бузургтарин иншооти аср, рушди соҳаҳои варзиш, маорифу тандурустӣ, таҳкими худшиносию худогоҳӣ, муаррифии шоистаи давлату миллат дар ҷаҳон буд. Инак, беш аз се даҳсола мешавад, ки Тоҷикис­тонро дар ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёду демократӣ мешиносанду эътироф менамоянд. 

 Ёдамон наравад, умдатарин омиле, ки давлату миллати моро дар муддати андаки таърихӣ то ба ин мартаба расонд, сиёсати дуруст ва андешаю тасмимҳои бунёдии Роҳбари давлатмон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Дар рӯзҳои пурошӯб зимоми давлатдориро ба даст гирифтанд. Замоне роҳбари давлат интихоб шуданд, ки Дирафши ковиёнӣ бар замин афтода буд. Омаданду гуфтанд, фарози Парчам сари баланди ҳар як тоҷик аст ва онро дигарбора бардоштанд, то бузургтарин минбарҳои ҷаҳон. Нагузоштанд миллату давлате, ки замоне ба хотири ҳимояи он устод Садриддин Айнӣ талошҳо намудаю ­Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур қаҳрамонона ҷон бохтанд, пора-пора гардад. Омаданду устураҳоро ба ҳақиқат мубаддал сохтанд. Гуфтанд: Тоҷикистон, ба пеш! 

Тоҷикистон соли 1991 истиқлоли комил ба даст овард. Дар замоне ки акнун сиёсати дохилию берунии худро мус­тақилона бояд пеш мебурд, ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва аз ҷумҳуриҳои пасошуравӣ дар минтақаи Осиёи Миёна ягона кишваре маҳсуб меёбад, ки ба чунин вазъ рӯ ба рӯ гашт. 

Дар таърих то имрӯз ҳеҷ ҷангу низоъ барои инсонҳо манфиатвор набудааст. Ҳамагӣ ба сари инсоният бало овардаанд. Тоҷикистон низ он солу рӯзҳои наҳс хисороти зиёд дид, ки танҳо хисороти иқтисодӣ набуд, балки хисороти ҷониву маънавӣ низ дар пай дошт…

Ба гузашти солҳо вақте коршиносони соҳа омилҳои сар задани ин воқеаҳоро таҳқиқ намудаю омӯхтанд, ба чунин хулоса омаданд, ки низои он замон дар кишвар баамаломада хусусияти таҳмилӣ дошт, неруҳои дохилии зиддиҳукуматӣ ва дингаро аз берун ба ҳар восита дастгирӣ меёфтанд. Ба таъкиди академик Кароматулло Олимов, «Аз нуқтаи назари диалектикаи материалистӣ бисёртар зиддиятҳои дохилӣ нисбат ба зиддиятҳои берунӣ ҳалкунанда мебошанд. Чунки дар дохил заминаи тазод набошад, аз берун ба таҳрик овардани ҷомеа бисёр душвор аст». Ин чунин маъно дорад, ки дар он шабу рӯз дар дохили кишвар низ зиддиятҳо вуҷуд доштанд. Яъне, муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон вақте Роҳбари давлат интихоб шуданд, дар Тоҷикистон дар баробари он ки тамоми соҳаҳо фалаҷ шуда, буҷети ҷумҳурӣ ба сифр баробар буд, зиддиятҳо вуҷуд дош­танд, ки ҳарчӣ зудтар бояд бартараф мешуданд. Ҳамин тавр ҳам шуд, агарчӣ кори саҳл набуд. Роҳбари давлат тамоми чораҳоро андешиданд, то пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мустаҳкам гардад, Тоҷикис­тон рушд кунад. Имрӯз ҳар дастоварде, ки дорем, аз баракати Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ аст. Аз баракати истиқлол ва ваҳдате, ки муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон асос гузоштаанд ва ин хидмати ӯ дар таърихи миллат ва давлатсозии тоҷикон ҷовидон боқӣ хоҳад монд. Агар кӯшишҳои хастанопазири Пешвои миллатамон намебуд, то имрӯз ба ваҳдати миллӣ намерасидем ва қаламрави Тоҷикистони имрӯза мисли Афғонистон майдони тохтутози бегонагон мегашт. Сад шукр, ки чунин нашуд. 

Имрӯз вақте аз дастовардҳои замони соҳиб­истиқлолӣ меандешему менависем, дармеёбем, ки ин ҳама комёбиҳо дар як нивишта намегунҷанд. Танҳо атрофи бунёди роҳҳо метавон соатҳо суҳбат кард. 

Лӣ Ган, роҳбари намояндагии ширкати чинӣ оид ба сохтмони роҳҳо ва пулҳо, ки барои сохтмону таҷдиди шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Чанак омада буд, баъд аз ба истифода додани роҳи мазкур эътироф мекунад: «Тадбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак аз оғоз бисёр мушкил буд. Шароити вазнини кӯҳистон, иқлими сарди он, яъне яхбандӣ ва фуромадани тармаҳо, омадани сел, рехтани сангҳои хурду бузург, кандани кӯҳҳои бисёр сахт ба пешравии кор монеаҳо эҷод менамуд. Аммо ин ҳама душвориҳо бо дастгирии вазорату ташкилотҳо, мардум ва хоса муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати тоҷикон, рафъ мегардиданд. Агар ёрии онҳо намебуд, лоиҳа дар муҳлати муқарраргардида тадбиқ намешуд ва мо ба чунин дастовардҳои назаррас ноил намегардидем».

 Воқеан, сарфи назар аз чунин мушкилот дар минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ низ ҳазорҳо километр роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти минтақавию байналмилалӣ бунёду навсозӣ, нақбҳо, пулҳо ва роҳҳои оҳан ба истифода дода шуданд. 

Соҳаҳои маорифу фарҳанг рушд кард. Дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ҳазорон иншооти маорифу фарҳанг мутобиқ ба талаботи меъмории муосир ва муҷаҳҳаз ба истифода дода шуданд. 

Забони тоҷикӣ шукӯҳи тоза пайдо намуд. Пешвои миллат аз бонуфузтарин минбарҳои ҷаҳон давлату миллатро бо забони тоҷикӣ муаррифӣ намуданд.

Чанде аз ҳунарҳои миллӣ - чакан, анъанаи бофтани атласу адрас, зарҳалкории китоб, хӯроки миллии тоҷикон - оши палов, ҷашнҳои қадимаи тоҷикон - Сада, Наврӯз ва Меҳргон ба Феҳристи ҷаҳонии мероси ғайримоддии башарият ­(ЮНЕСКО) шомил карда шуданд.

Сиёсати «дарҳои боз» муҷиби ҳамкории судманди Тоҷикистон бо кишварҳои гуногун ва бонуфузтарин ташкилоту муассисаҳои ҷаҳонӣ гашт. Бонуфузтарин донишгоҳҳои дунё дар Тоҷикистон филиал боз карда, ҳамчунин, ҳамасола садҳо нафар аз кишварҳои дуру наздик барои идомаи таҳсил ба Тоҷикистон меоянд. 

Ба соҳаи сайёҳӣ, ки мунтазам рушд дорад, дар замони соҳибистиқлолӣ асос гузошта шуд. Акнун, ҳамасола миллионҳо нафар сайёҳон аз Тоҷикистон дидан мекунанд.

Имрӯз дар Тоҷикистон муҳаққиқон ва коршиносони кишварҳои ҷаҳон ба ҳам омада, умдатарин мушкилоти башариятро баррасӣ менамоянд. Пойтахти Тоҷикистон – Душанбешаҳри нозанин акнун маркази муҳимтарин чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ гардидааст. 

Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло дар ҷаҳон ба ҳайси парчамбардори сулҳ шинохтаю эътироф шудаанд, ки ин, ҳароина, боиси ифтихори мо - тоҷикон мебошад. 

Ҳоло ки пас аз гузашти рӯзҳои талх аз шаҳди истиқлолу озодӣ баҳра мебарем, набояд фориғбол бошем. Албатта, имрӯз Тоҷикистон дар ҷаҳон ба ҳайси як кишвари соҳиб­истиқлол, ҳуқуқбунёд ва осуда шинохтаву эътироф шудааст, аммо ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки кишвари мо дигар аз ҳама хатарҳо эмин аст. Ба таъкиди Роҳбари давлатамон: «Дунё ҳар лаҳза тағйир меёбад ва барои мардуме, ки дар фикри саодати хеш ва ободии Ватанаш нест, хатарҳои зиёде таҳдид мекунанд…». 

Воқеан. Дар муқобили ин хатарҳо моро зарур аст аз пештара бештар атрофи Пешвои миллатамон муттаҳид бошем, муқобили ҳама гуна хатарҳо тавассути ваҳдати миллӣ, якдилӣ ва садоқат истодагарӣ намоем.

 Фарзона ФАЙЗАЛӢ, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: