Паём ва насли бедору огоҳ, чӣ бояд кард?
Худогоҳ будан, асли худро шинохтан, ба огоҳии миллӣ расидан, бо дониш мусаллаҳ гаштан барои ҳар нафари ҷомеаи мо, хусусан ҷавонон, фарз аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 16 декабри соли 2025 дар ин хусус суҳбат карда, моро барои омӯхтани илму дониши муосир ва расидан ба худшиносии миллӣ ҳидоят намуданд. Сарвари давлат таъкид намуданд: «Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».
Ин фармудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар дастури кори ҳар як корхонаю идора, хусусан муассисаҳои таълимии кишвар, қарор дорад. Мо бояд наслеро тарбият карда ба воя бирасонем ва онҳоро соҳиби касб бигардонем, ки орӣ аз таассубу хурофот бошанд ва бо донишу истеъдоди хеш барои халқу Ватан хизмат намоянд. Яъне, насли бедору огоҳ, ватанпарвару миллатдӯст ва мусаллаҳ бо дониши замон метавонад дар рушди ояндаи кишвари мо саҳм бигирад ва барои ободии он талош варзад.
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастури раҳнамои омӯзгорону донишҷӯён аст. Сарвари давлат дар Паёми худ бо сароҳат иброз медоранд: «Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд».
Ин нуктаро ба назар гирифта, барои омода сохтани кадрҳое, ки ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳон ҷавобгӯ бошанд ва парвариши шахсиятҳое боахлоқ, маънавият ва фарҳанги баланди миллӣ барои иҷрои вазифаҳои соҳаи тандурустӣ мо нақшаи махсуси корӣ тартиб додаем. Чаро ки имрӯз на танҳо соҳаи мо, балки тамоми риштаҳои маорифи Тоҷикистон барои тайёр кардани мутахассисон барои фаъолият дар шароити нави иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниёз доранд.
Барои он ки донишҷӯёни мо чун шахсиятҳои ҳамаҷониба рушдёфта ва мутахассисони ба ҷомеа зарурӣ ба камол бирасанд, мо чунин вазифаҳоеро дар асоси Паём дар кори тарбиявии худ ба эътибор гирифтем:
- ташкили шароит барои рушди салоҳиятнокии касбӣ, иҷтимоӣ ва шаҳрвандии донишҷӯён;
- таҳкими сифатҳои ахлоқӣ, маънавӣ ва фарҳангии донишҷӯён;
- ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ ва маънавӣ;
- рушди фаъолият, рақобатпазирӣ ва эҷодкории донишҷӯён;
- ҷалби донишҷӯён ба ҳаёти фаъоли шаҳрвандӣ ва сиёсӣ;
- баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии донишҷӯён;
- эҷоди фазои ягонаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ;
- таҳкими робитаи самарабахш миёни донишҷӯён, омӯзгорон ва роҳбарияти донишгоҳ.
Бо назардошти вазифаҳои зикршуда мо мехоҳем, пеш аз ҳама, ба донишҷӯён фаҳмонем, ки онҳо чӣ рисолате бар дӯш доранд, миллати барозандаи тоҷик чӣ таърихеро аз сар гузаронида ва чӣ нақшеро дар баробари миллатҳои дигар бозидааст? Чӣ арзишҳои баланди умумибашариро халқ намудааст? Ҷойгоҳи илму маърифат чӣ андоза барои тоҷикон муҳимият доштааст? Ин гуна масъалагузорӣ кардан ва чунин донишро додан хотираи таърихии сабақомӯзонро бедор месозад. Онҳо худро ва решаҳояшонро мешиносанд. Дар ин бора Сарвари давлат дар Паёми худ ин гуна таъкид мекунанд: «Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, ки ояндаи давлат ва миллат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад».
Инсони худшиносе, ки соҳиби дониш ва касб мегардад, ҳеҷ гоҳ ба таассубу ифрот роҳ намедиҳад. Баръакс, ӯ дар рушди ҷомеаи солим саҳм мегузорад. Пеши роҳи одамони дар ҷаҳолат дармондаро мегирад. Ба таври дигар агар бигӯем, мисли чароғе ба муҳити хеш равшанӣ мебахшад. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки сифатҳои ахлоқӣ, маънавӣ ва фарҳангии донишомӯзонро тақвият бахшем. Онҳоро ба ҳаёти фаъоли шаҳрвандию сиёсӣ ворид созем. Саводи ҳуқуқиашонро баланд бардорем ва дар фазои ягонаи фарҳангии миллӣ зиндагию кор карданро барояшон биёмӯзем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба чунин нуктаи ҳикмате ишорат кардаанд: «Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд».
Оре, дар вуҷуди ҷавонон бедор кардани «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» бисёр муҳим аст. Агар зиндагии ҳар яки мо ба ин се асл асос ёбад, бешак, мо одамони комил ва арзишманди ҷомеа мешавем.
Воқеан, ҳар нуктае, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид шудаанд, дар таҳкими худшиносии миллӣ, касби илму дониш, ба камоли одамият расидан ва ободии Ватани маҳбубамон дорои аҳамияти бузург мебошанд. Аз ин рӯ, Паёми Сарвари давлат роҳнамои имрӯзу фардои дурахшони мост.
Зарина АҲРОРИЁН,
муовини ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, номзади илмҳои тиб, дотсент
Ҳамчунин дигар маводҳо:
