https://sadoimardum.tj

Аз нишастҳои матбуотӣ

Палатаи ҳисоб 188 аудити молиявӣ анҷом дод

№:23 (5075), 25 фев 2026, 16:48
0

Палатаи ҳисоб соли 2025 дар вазорату идораҳо, марказҳо ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳо 188 чорабинии аудиторӣ гузаронида, қоидавайронкуниҳои низоми молиявиро ба маблағи 710,6 миллион сомонӣ ошкор кардааст. 

Ҳамчунин, дар самти пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ 352,6 миллион сомонӣ, идоракунии моликияти давлатӣ 14,8 миллион сомонӣ, сохтмон 37,5 миллион сомонӣ ва дигар қоидавайронкуниҳо 1,1 миллион сомонӣ муайян шудааст.

Дар ин хусус раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

- Ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда чораҳои мушаххас андешида шуда, барқарорсозии маблағҳо 67,7 фоизи ҳаҷми умумии қоидавайронкуниҳои молиявиро ташкил медиҳад, - гуфт раиси палата.

Гулбаҳор РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: