Аз нишастҳои матбуотӣ
Қарздиҳӣ 22 фоиз зиёд шудааст
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли 2025 қарзҳои додашуда 30 млрд. сомониро ташкил медод, ки нисбат ба соли қаблӣ 22,1 фоиз зиёд аст.
Тавре номбурда гуфт, аз қарзҳои додашуда ба истеъмолот 42,6 фоиз, савдо ва хӯроки ҷамъиятӣ - 13,4, кишоварзӣ - 11,8, саноат - 8,3, хизматрасонӣ - 7,1, ипотека - 6,1, сохтмон - 4,5 ва дигар соҳаҳо 6,2 фоиз рост меояд. Ҳамзамон, аз маблағи умумии қарзҳои додашуда 27,4 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ рост омада, 8,2 млрд. сомониро ташкил додааст.
Соли 2025 ба маблағи 22 млрд. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 23,5 фоиз зиёд мебошад. Фоизи миёнавазни қарзҳо дар ҳамин давра бо пули миллӣ 22,6 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,7 фоизро ташкил дод.
- Бақияи сандуқи қарзии маҷмуии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар интиҳои соли 2025 маблағи 26,1 млрд. сомониро ташкил дода, дар қиёс ба интиҳои соли 2024 ба маблағи 4,7 млрд. сомонӣ ё 22,2 фоиз зиёд аст, - афзуд раиси Бонки миллӣ.
Н. МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
