«Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО шомил гардид
Зимни ҷаласаи 37-уми Шурои ҳамоҳангсози байналмилалии Барномаи ЮНЕСКО «Инсон ва биосфера», ки дар шаҳри Ҳанчжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, резервати биосферии «Ромит» расман ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО шомил шуд.
Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, шомил гардидани «Ромит» ба шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферӣ эътирофи сатҳи баланди фаъолияти муҳити зист дар Тоҷикистон буда, далели ҷиддияти кишвар дар роҳи ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, ҳифзи гуногунии биологӣ ва таҳкими тавозуни экологӣ мебошад.
Эътирофи ин минтақа ҳамчун намунаи ҳамзистии ҳамоҳангии инсон ва табиат имкониятҳои навро барои рушди тадқиқоти экологӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва шаклҳои устувори фаъолияти хоҷагидорӣ бо иштироки ҷомеаҳои маҳаллӣ мекушояд.
Наҷиба МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
