https://sadoimardum.tj

Истиқлолият ва умри дубораи Меҳргон

№:125 (5021) 22 окт 2025, 17:36
2

Истиқлоли давлатӣ, ки имсол мардуми сарбаланди тоҷик 34-умин солгарди онро бо тантана таҷлил намуд, дар таърихи давлатдории мо нодиртарин рухдод маҳсуб меёбад. Ин падидаи беназир дар эҳёи ҷашнҳои миллии мо, хоса Меҳргон, ки яке аз унсурҳои муҳимтарини ҳувияти мо - тоҷикон аст, чӣ нақш дорад?

Дар арафаи таҷлили Ҷашни Меҳргон бо чанд нафар ҳамсуҳбат шудем, ки фишурдааш манзур мегардад:

Дилноза АҲМАДЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Истиқлоли давлатӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон на танҳо як падидаи таърихӣ ва рӯйдоди сиёсию ҳуқуқӣ, балки оғози як давраи нав, марҳилаи ташаккули давлати воқеан ҳуқуқбунёду демократӣ, соҳибихтиёру дунявӣ гардид, ки дар баробари дигар афзалиятҳои давлатсозию давлатдорӣ ва муайяннамои ҳадафҳои дурнамои рушд дар эҳё ва рушди арзишҳои фарҳангию миллӣ заминаи устувор гузошт. Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар он равона шуд, ки суннатҳо ва ҷашнҳои бостонии ниёгон эҳё гарданд ва ҳамчун ҷузъи муҳими ҳувияти миллӣ ба онҳо арҷ гузошта шавад. Дар қатори чунин ҷашнҳо Иди файзбори Меҳргон ҳамчун оини қадимии тоҷикон мақоми хоса пайдо намуд. 

Маҳз, бо шарофати сиёсати фарҳангпарварона ва асолати тамаддунофарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкони эҳё кардани ҷашнҳои бостониамон – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон пайдо гардид ва ба онҳо чун ҷузъи арзишҳои миллӣ умри дубора бахшида шуд. Дар асоси ин таваҷҷуҳ таҷлили ин ҷашнҳои бузурги таърихию фарҳангӣ ҳамчун рамзи пойдории давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ расман ба қонунгузории кишвар ворид карда шуд. Ин иқдом ифодагари сиёсати фарҳангии давлат дар эҳёи анъанаҳои миллӣ мебошад, ки ҷо­меаро ба меҳнатдӯстӣ, муҳаббат ба ҳамдигар ва ваҳдати миллӣ талқин менамояд.

Маҳз, бо шарофати сиёсати созандаи Пешвои миллат, заҳматҳои хастанопазириашон дар самти эҳёи анъанаву суннатҳои ғании халқи фарҳангдӯсту фарҳангпарвари тоҷик Ҷашни бостони ориёитаборон - Меҳргон расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид, ки ин нишонаи фарҳанги бою рангини халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳон мебошад.

Ҷашни Меҳргон, пеш аз ҳама, иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқат, накӯкорӣ мебошад, ки дар ниёгонамон баъди ҷамъоварии ҳосил онро ҷашн мегирифтанд ва имрӯз низ ин ҳадафҳои ҷашни мазкур талқин карда мешаванд.

Рудобаи МУКАРРАМ, 

раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон:

- Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Тоҷикистони азизи мо дар нақши соҳиб­истиқлол дар ҷаҳон мақом ва мартабаи хешро шарафмандона ишғол мекунад. Аз шарофати истиқлол халқи мо, миллати мо оламшумул гардид. Бояд қайд намуд, ки Истиқлоли давлатӣ буд, ки имрӯз мардуми кишвар тамоми ҷашну маросимҳоро ба як шукӯҳу шаҳомат таҷлил мекунанд. Яке аз чунин ҷашнҳо, ки қариб аз байн рафт ва мардуми тоҷик дигар онро таҷлил накарданд, ин Иди Меҳргон аст, аммо, хушбахтона, бо шарофати Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар онро ҷашн мегиранд.

Чуноне ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, «Ҷашн танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик созад. Бинобар ин, амалӣ гардонидани чорабиниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳимтар аз ҳама, худкифо шудани Тоҷикис­тон аз лиҳози таъмини маводи ғизоӣ, вазифаи аввалиндараҷаи олимону мутахассисони бахши кишоварзӣ ба шумор меравад.».

Аз ин хотир, шукргузор бояд буд, ки мо дар як давлати тинҷу ором умр ба сар мебарем ва ҷашнҳои миллиро таҷлил мекунем. 

Сайфулло САФАРОВ,

раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон:

- Нақши Истиқлоли давлатӣ дар эҳёи ҳамаи ҷашн­ҳои миллӣ беназир аст. Маҳз, Истиқлоли давлатӣ омили бештару беҳтар ҷашн гирифтани Наврӯзу Меҳргон гашт. Меҳргону Тиргон аслан фаромӯш гашта буданд. Бо шарофати истиқлолу шахсияти ватанпарвару миллатдӯст - Президенти кишварамон ин ҷашнҳо ҷилои тоза ёфтанд. Номи онҳо мондагору зеби пойтахт гаштаву мардум бо онҳо шинос шуданд. Бозори зебою барҳавои «Меҳргон» зеби шаҳри Душанбе гашт. Деҳқонон ба ин ҷашн ҷалб гардиданд. Ҳунармандон ҳунари худро ба воситаи телевизионҳо ба намоиш гузоштанд. Меҳргон, ки анъанаи қадимтарини мост, зинда гаштаву дар саҳнаи ҷашнҳои дигари миллӣ ҷойи хешро ёфт.

Усмоналӣ НУСРАТЗОДА, 

мудири редаксияи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик:

- Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ташаб­буси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон на танҳо иду ҷашнҳои миллӣ, балки маросимҳои мухталифи мардумӣ эҳё гардиданд ва барои дар сатҳи баланд доир кардани онҳо шароит фароҳам омад.

Мардуми мо аз қадим ба арзишҳои фарҳангию оинҳои хеш эътимод дошт ва ҳар як унсури устуравию суннатҳои мардумиашро дар хотираи худ ҳифз намуда, бо асолатҳои инсондӯстонаашон то пайдо шудани осори катбӣ нигоҳ доштааст, ки Наврӯзу Меҳргон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Анъанаву расму оини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сарукор дошт ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд.

Воқеан, ин ҷашни ниҳоят қадимӣ мероси мардумии мо маҳсуб шуда, аз замоне ки онҳо бо замин сарукор гирифтанд ва ҳосил рӯёниданд, дар доираи тафаккуру ташаккули зеҳни замони худ ин ҷашнро бунёд гузоштанд.

Меҳргон, ба монанди Наврӯз, таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бино бар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шавад. 

Мусоҳиб Наҷиба МУРОДБЕКОВА, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: