https://sadoimardum.tj

Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳнамои худшиносӣ ва ҳувиятсоз

№:7 (5059), 19 янв 2026, 17:48
0

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими сиёсӣ-давлатиест, ки дар ҳузури аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоту сохторҳои давлатӣ, намояндагони тамоми қишрҳои аҳолӣ ироа гардида, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистонро фаро мегирад. 

Сарвари давлат аз тариқи ироаи Паём вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, мафкуравӣ, иқтисодӣ, илмӣ, маърифатӣ ва фарҳангии кишварро дар имтидоди соли ҷорӣ арзёбӣ намуданд.

Албатта, наметавон дар доираи як матлаб кулли мавзуъ ва масъалаҳоеро, ки Сарвари давлат дар доираи Паём ироа фармуданд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Дар матлаби феълӣ ба таври мухтасар ба мавзуъ ва масъалаҳое, ки ба раванди худогоҳию худшиносӣ ва ҷараёни ҳувиятсозии миллӣ иртибот доранд, таваҷҷуҳ мекунем.

Мо баррасиҳои Сарвари ­давлатро дар Паём дар бастагӣ бо низоми худшиносию ҳувиятсозии миллӣ ба чанд нуктаи мухтасар тақсимбандӣ карда, дар ин замина, ба шарҳу тавзеҳи масъала мепардозем.

Якум. Худогоҳию худшиносӣ - хамирмояи ҳувияти миллӣ. Аввалтар аз ҳама, се мафҳуми зери назар - «худогоҳӣ», «худшиносӣ» ва «ҳувияти миллӣ»-ро мухтасар баррасӣ ва пасон масъаларо дунбол мекунем. Худогоҳию худшиносӣ падидаҳои мукаммили якдигар ҳастанд ва дар якҷоягӣ ба дарки амиқтари фард аз худ мусоидат мекунанд.

Худогоҳӣ марҳилаи аввалия аст, ки маънои шинохту огоҳӣ аз афкор, эҳсосот, рафторҳо ва вижагиҳои худ ҳаст. Худшиносӣ шомили арзёбии ин шинохтҳо ва дарки чистию чаройии ин вежагиҳо мешавад. Ба сухани равшантар, худогоҳӣ огоҳии инсон аз худ ба унвони як шахсияти дорои «ман»-и худ ва ҷойгоҳаш дар ҷаҳон аст. Дақиқтараш, худогоҳӣ тавоноии дарки афкор, эҳсосот, ангезаҳо, аъмол, ниёзҳо ва таҷрибаҳои худ, ҳамчунин, арзёбии интиқодии рафтори худ аст. Яке аз қисмҳои таркибии муҳими худогоҳӣ худбаҳодиҳӣ ва эътимод ба худ аст, ки имкон медиҳад худбаҳодиҳии солим ва эътимод ба нафс дар ҳадди лозима шакл бигирад. 

Худшиносӣ бошад, раванди нотакрори омӯзиши инсон аз худии худ, вежагиҳои равонию ҷисмӣ, сифатҳо, марому мақсадҳо, эҳсосот ва рафтору кирдори худ аст. Дар зимн, худшиносӣ ин шинохти худ ҳамчун шахсият, мушаххас карда тавонис­тани ҷиҳатҳои заъфу тавонманди худ, донистани иқтидору ҷойгоҳи инфиродӣ дар ҷаҳон мебошад, ки ба беҳтар дарк кардан, ҳадаф гузоштану инкишоф додани шахсият имкон медиҳад.

Ба дунболи ин, ҳувияти миллӣ, дар маҷмуъ, эҳсоси тааллуқи фард ба як давлат ва як миллат аст. Ба сухани равшантар, доштани як ҳисси муштарак ва ба як ваҳдати куллӣ расидану зоҳиру намуди худро дар суннатҳо, фарҳанг ва забони сиёсат нишон додан ҳувияти миллист. Ба назари донишмандон, ҳувияти миллӣ замоне иттифоқ меафтад, ки тӯдае аз мардум эҳсос мекунанд аз як миллат ҳастанд. Дар ин замина, фард ҳам бояд қобилияти ­шиносоии миллатро дошта бошад, худро узве аз он бидонад ва эҳсоси дилбастагӣ ба он миллат дошта бошад. 

Дувум. Маорифи ватанӣ ва раванди худсозию ҳувиятшиносӣ. Тавре ки мусаллам аст, маориф соҳа ва самти калидии мафкурасозӣ ва, мунтаҳо, ҳувиятмадории миллӣ маҳсуб мешавад ва беҳуда нест, ки дар Паёми соли гузашта Сарвари давлат омӯзгорро ба унвони шахсияти мафкурасоз ва самти маорифро самти мафкурасозӣ муаррифӣ карда, нақши маорифро дар болоравии сатҳи таҳаввулоту тараққиёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию мадании миллату давлат бузург нишон дода, натиҷаи ҷолибе ироа карда буданд: «Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад». 

Ҳамзамон, бо назардошти муҳимияти низоми маориф афзуда буданд, ки: «Дар баробари ин, бояд гуфт, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне, то вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯинашаванда боқӣ хоҳанд монд. Аз ин лиҳоз, метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад». 

Роҳбари давлат вазъи маорифи ватаниро дар бастагӣ бо тағйироту таҳаввулоти минтақавию ҷаҳонӣ арзёбӣ карда, дар заминаи санади меъёрии ҳуқуқӣ – «Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030» изҳори назар намуда, минҷумла ишора мефармоянд: «Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки вазъи амалишавии «Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030»-ро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, онро тибқи ҳадафҳои нави дар ин самт гузошташуда такмил диҳад».

Сеюм. Ташхиси раванди татбиқи низоми таҳсилоти кредитӣ ва бозшиносии мушкилоти соҳавӣ. Сарвари давлат дар Паём масъалаи низоми таҳсилоти кредитӣ ва вазъи татбиқи низоми имтиҳоноти тестиро ба баррасии ихтисосӣ гирифта, аз масъулин ва дастандаркорони соҳавӣ тақозо намуданд, ки бурду бохти низоми таҳсилотию имтиҳоноти тестиро дар имтидоди мушаххаси замонӣ дуруст натиҷагирӣ карда, дар ин замина, ба Ҳукумати кишвар пешниҳодоти зарурӣ манзур созанд. 

Роҳбари давлат шароити муосири бархӯрдҳои сиёсию тамаддуниро ба назар гирифта, маорифро ҳамчун ниҳоди асосии мафкурасозию ҳувиятмадорӣ муаррифӣ намуданд. Ба нукоти вежаи Сарвари давлат таваҷҷуҳ мекунем: «Вақти он расидааст, ки бурду бохти низоми зикршуда аз ҷониби гурӯҳи коршиносон таҳлилу баррасӣ гардида, зимни супоридани имтиҳонҳои ҷорӣ ва хатм омилҳои инсонӣ пурра аз байн бурда шаванд. Сохтору мақомоти зикргардида, аз ҷумла Маркази миллии тестӣ, дар муддати ду моҳ ба Дастгоҳи иҷроияи Президент доир ба ин масъала маълумоти муфассал пешниҳод намоянд». 

Чаҳорум. Хотираи таърихӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ аз тариқи барномарезиҳои фарҳангӣ. Як бахши Паёми Сарвари давлат ба тақвияти хотираи таърихӣ ва ба истилоҳ, ҳофизаи ҷамъӣ ихтисос ёфтааст. Ҳофизаи ҷамъӣ ё хотираи таърихӣ бозтобу таҷаллии гузаштаи муштаракест, ки гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва ё ҷомеаҳоро ба гунае ба ҳам пайванд дода, паҳнои густурдаеро фаро гирифта, метавонад шомили рӯйдодҳои таърихии дерпо ва дар айни замон гузаро ҳам бошад. Мунтаҳо, хотираи таърихӣ ва ё ҳофизаи ҷамъӣ боиси иттиҳоди миллӣ гардида, миллатро дар баробари таҳдиду хатароти мавҷудию эҳтимолӣ муқовим месозад. 

Барои Роҳбари давлат болобарии худогоҳию худшиносӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ, эҳёи суннатҳои бостонӣ, тақвияти хотираи таърихӣ ва татбиқи пружаи ҳувиятсозии миллӣ аз ҷумлаи барномарезиҳои муҳими давлатӣ будаву ҳастанд. Ба ин манзур, дар Паём сареҳан таъкид мешавад: «Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад». 

Панҷум. Зарфияти фикрию маданӣ ва қудратсозии миллӣ. Ба воситаи чораҷӯиҳои ихтисосӣ боло бурдани сатҳи тавонмандиҳои фик­рию илмӣ масъалаест, ки Сарвари давлат ҳамеша дар ин замина таъкид мекунанд. Муҳимтар аз ҳама, тамаркуз ба арзишҳои қадимаи миллӣ ва ҳадафгирӣ дар заминаи бозсозии ҳувияти тоҷикӣ ба сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Аз ҷумла, эҳёи суннату анъаноти давлатдориҳои миллӣ (дар мисоли тамҷиди сиёсати мардумпарваронаи Куруши Ҳахоманишӣ, ташвиқи сиёсати фарҳангии Сосонӣ, тарғиби давлатдориҳои Тоҳириёну Сафавиёну Сомониён) дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор гирифтааст. Ба ин маънӣ Сарвари давлат дар Паём мефармоянд: «Танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад».

Шашум. Миллият ва тоҷикият – айнияти сиёсат. Паёми имсола бо пешниҳоди ду андеша ва ба истилоҳ, ғояи бузурги миллӣ-ҳувиятӣ, ки сатҳи ифтихорофаринии миллиро боло мебарад, аз Паёмҳои қаблӣ мутафовит аст. Ифтихорофаринӣ ба унвони мушаххаси зарурии сиёсати миллию илмию маданӣ пружаи калидӣ дар низоми таблиғотӣ маҳсуб мешавад. Махсусан, дар заминаи муаррифии шоиставу боистаи шахсиятҳои бузурги таърихию сиёсӣ, ҳамзамон, соҳибӣ карда тавонистани мероси арзишманди ниёкон роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Пешвои миллат ибтикороти зарурие рӯйи даст гирифта, раванди мазкур ҳамчунон идома дорад. 

Дар Паёми навбатӣ ин нуктаи калидӣ дар қолиби пешниҳодоти мушаххаси ҳирфаӣ ироа гардид: «Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем... Бинобар ин, ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода мешавад, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ, чораҷӯйӣ намоянд. Ҳамчунин, бо назардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад». 

Ҳафтум. Ахлоқи миллӣ ва татбиқи фалсафаи амалӣ. Файласуф ва равоншиноси маъруфи ғарбӣ Карл Ясперс гуфта буд, ки фалсафаи ҳар қавмеро роҳату осон метавон дар ахлоқи он қавм татбиқ кард. Муҳимтар аз ҳама, ахлоқ ба унвони фалсафаи амалӣ ё татбиқии ҳар қавму миллиятест. Ба ин маънӣ, фалсафаи мардуми тоҷик дар ахлоқи он ба таври равшан ифода ёфтааст. Аз ин ҷост, ки Сарвари давлат бо таваҷҷуҳ ба фалсафаи амалӣ - ахлоқи миллӣ сегонаи зардуштиро ба сифати меъёри ахлоқию ҳувиятии аҷдодӣ талаққӣ намуда, аз кулли миллат тақозо карданд, ки бо такя ба арзишҳои побарҷойи миллӣ, ки собиқаи тӯлонии таърихӣ доранд, худро сохта, бар мабнои ифтихорофаринӣ ба сӯйи ояндаи дурахшон раҳсипор шаванд. Ба ин маъно дар Паём тазаккур медиҳанд: «Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд». 

Ҳаштум. Бегонапарастию ҷаҳолатписандию хурофазадагӣ – бемориҳои музмини миллию башарӣ. Ба назари муҳаққиқону донишмандони муосири ҷаҳонӣ ҷаҳолату нодонӣ, бегонапарастию хушкандешӣ ва таассубу хурофазадагӣ бемориҳои музмин (куҳнаву дерин)-и башарианд ва тӯли таърих ҳар қавму миллатеро аз по даровардаанд. Аз сӯйи дигар, нодида гирифтани қуд­рату тавоноии хурофоту таассубу ҷаҳолати ақидатӣ, ки ҷаҳонро дар як они воҳид ба ҳам мезанад, нодида гирифтани арзиши ҳаёту зиндагии миллату башарият аст. 

Сарвари давлат дар масъалаи боло рафтани сатҳи бегонапарастӣ, ташаннуҷи хурофоту таассуби мазҳабӣ, решадор шудани хушкандешӣ дар муҳитҳои иҷтимоию фикрию мадании ҷумҳурӣ, бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи калони сиёсию давлатдорӣ, хеле ҳассос ҳастанд. Дар кулли суханрониҳо ва аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ, Роҳбари давлат ин масъалаи ҳассосро дар бастагӣ бо нақши занону бонувон дар шаклгирии тафаккури ҷавонон ба риштаи таҳлили тахассусӣ баркашида, гӯшзад мекунанд: «Бо эътимоди комил иброз медорам, ки онҳо дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исроф­кориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд».

Дарвоқеъ, нодида гирифтан ва бетаваҷҷуҳию саҳлангорӣ ба ин масъалаи ҳассос ифротгароиву тундравию ҳаросафканиро дар пай дорад. Бинобар ин, дар Паём дар хитоб ба намояндагони мақомоти марбутаи давлатӣ зикр мегардад, ки: «Мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вазифаи ҷонии онҳо дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир мебошад. Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани шароити кору зиндагии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои иловагӣ андешад». 

Нуҳум. Баёноти хулосавӣ бо такя ба вазъи геосиёсӣ. Дар бахши хулосавӣ ва ё хотимавии Паём ҳам Сарвари давлат чун анъана ба баёни вазъи куллии минтақавию ҷаҳонӣ пардохта, аз мақомоти давлатӣ, сохторҳои марбутаи расмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолони маданӣ ва, дар маҷмуъ, ҷомеаи Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки вазъи мавҷудаи сиёсӣ-мафкуравӣ ва ташаннуҷи бархӯрдҳои тамаддуниро ба назар гирифта, ба таври дастҷамъона дар болоравии сатҳи худогоҳию худшиносӣ, тақвияти хотираи таърихӣ, ташаккули ҳувияти миллӣ ва устувории низоми давлатдории дунявӣ саҳми сазовор бигиранд. 

Даҳум ва ниҳоят. Худогоҳию худшиносӣ – масуният - иммунитети миллӣ. Дар шароити муосири бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ мо ба таҳкими ваҳдати миллӣ, иттиҳоди мардумӣ, ҳамбастагии иҷтимоӣ ва худсозию ҳувиятмадорӣ сахт ниёз дорем, ки мушаххасоти мазкур ба сатҳи худогоҳию худшиносии миллӣ вобаста аст. Аз тарафи дигар, маҳз худогоҳию худшиносӣ, ки сатҳи қавмияту миллиятро нишон медиҳад, минҳайси масуният - иммунитети қавии ҳувиятӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, маърифатӣ хидмат мекунад ва дар ҳар вазъу шароите миллатро ба сарманзили мақсуд мерасонад. Ба ин маъно, Паёми навбатии Сарвари давлат ҳам, дар маҷмуъ, бо масъалаи худогоҳию худшиносӣ оғоз ва бо ҳамин манбаи калидӣ, ки бо худии худ масуниятсоз аст, анҷом мепазирад. Масуният - иммунитети баданию фикрӣ сатҳи муқовиматии миллатро дар баробари хатару таҳдидҳои мавҷудию эҳтимолӣ ба намоиш мегузорад ва аз сатҳи ҳайсияту ҳувияти миллӣ дарак медиҳад. Бошад, ки тоҷик дар ин гирудорҳои рӯзафзуни имрӯзӣ бо худсозию ҳувиятмадорӣ соҳибимтиёз гардад ва бо огоҳӣ ва ғуруру ҷасорати тоҷикӣ кӣ будану чӣ рисолат доштани худро дар арсаи вуҷуд собит созад. Ба ин маънӣ:

Миллате огоҳ андар моҷарои имтиёз

Дар дифоъ аз хеш соҳибимтиёзӣ мекунад.

Нозим НУРЗОДА,

корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: