https://sadoimardum.tj

Низоми обрасонӣ ва хати партовобҳои Хуҷанд навсозӣ мешавад

№:132 (5028) 12 ноя 2025, 17:39
16

Ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозӣ ва сохтмони инфрасохтори муҳими коммуналӣ дар шаҳри Хуҷанд бомаром идома дорад. 

Хати асосии партов­обҳои шаҳри Хуҷанд, ки барои истифодаи то 200 ҳазор нафар дар солҳои 1960-ум сохта шуда буд, бинобар истифодаи тӯлонӣ, бунёди сохтмонҳои нав ва афзоиши шумораи истифодабарандагон ниёз ба навсозӣ пайдо кардааст. 

Бинобар ин, бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ҷалби сармоя ва саҳмгузории соҳибкорон лоиҳаи барқарорсозии шоҳқубури партовобҳои соҳили рости шаҳри Хуҷанд таҳия гардида, дар ҷараёни муаррифии он таъкид шуд, ки бо назардошти афзоиши минбаъдаи аҳолӣ, сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва марказҳои хизматрасонӣ хати нави обу ташноб барои истифодаи то 400 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст.

Лоиҳа аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муҳандисони ояндасоз» таҳия гардида, дарозии он 11 километрро дар бар мегирад.

Мутобиқи лоиҳа, иваз намудани шоҳқубури калон аз маҳаллаи Чашма то нуқтаи асосии партовобии шаҳри Хуҷанд - мавзеи Сартӯқай пешбинӣ шудааст. Дар ин масир қубурҳои дорои қутри 800 ва 1200 миллиметр насб гардида, имкон медиҳад, ки партовоб бо тавоноии бештар ва устувории зиёд бароварда шаванд. 

Навсозии хати асосии обу ташноб ва лоиҳаи таъмини маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанд бо оби нӯшокӣ барои давоми ду соли оянда пешбинӣ гардидааст. Бо татбиқи пурраи он сифати хизматрасонӣ ба сокинони шаҳр дар самти обрасонӣ ва партовоб беҳтар шуда, муҳлати истифодаи ин шабакаҳо барои даҳсолаҳои оянда боэътимод мегардад.

Н. ТУРСУНОВ, «Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: