https://sadoimardum.tj

Бахтномаи миллат

№:128 (5024) 29 окт 2025, 17:09
2

«Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон

Конститутсия, ки чун бахтномаи миллати мо машҳур аст, 31 сол пеш, 6-уми ноябри соли 1994, бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва моро ба ояндаи неку дурахшон умедвор сохт. Он ҳуҷҷате мебошад, ки сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум намудааст.


Бо истифода аз ин санади муқаддас ва тақдирсоз дар ҷумҳурӣ тамоми табақаҳои аҳолӣ, новобаста аз миллияту ҷаҳонбинӣ ва мутааллиқ будан ба ҳизбҳо ва ташкилотҳои ҷам­ъиятӣ, озодона ва баробар дар ҳама шохаҳои ҳокимияти давлатӣ фаъолият менамоянд. Маҳз, ҳамин қонун аст, ки ҳуқуқу озодии шаҳрвандон, махсусан занону бонувонро ҳимоя менамояд. Ин санади муқаддас Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшид, орзую ормони мардуми шарафманди моро амалӣ сохта, роҳи ояндаи миллати сарбаланду созандаи моро ба сӯи бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир мунаввар гардонид.

 Ҷомеаи ҷаҳонӣ, маҳз, тавассути ин шиноснома ба хусусияти давлати мо ҳамчун мамлакати демократию ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, таъриху фарҳанг, забони миллӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, муносибат ба инсону шаҳрванд ва ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои он, мавқеи халқ дар низоми ҳокимияти давлатӣ, муносибати давлат бо моликият, тартиби таъсиси мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, маҳаллӣ ва худидоракунӣ шиносоӣ пайдо намуд. Яъне, Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, то имрӯз барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гардид.

 Дар Конститутсия зикр шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ин меъёри конститутсионӣ дар радифи соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дун­явӣ будани давлат муҳтавои иҷтимоии онро ифода менамояд. 

Конститутсия, ҳамчунин, заминаи ҳуқуқии соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус, низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро муайян намуда, рушди устувори онро кафолат медиҳад. Дар моддаи 38 Конститутсия омадааст: «Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд». Ҳамчунин, дар моддаи 39 Конститутсия дарҷ шудааст: «Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз саробон ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад».

 Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода шуда, дар моддаи 5 омадааст, ки «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». 

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, «Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст».

Бо қабули Конститутсияи даврони соҳиб­истиқлолӣ дар инкишофи давлатдории навини тоҷикон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард. Меъёрҳои Конститутсия барои ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳон замина шуданд ва Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, бо зиёда аз 160 давлати дунё муносибатҳои дипломатии худро барқарор намуд. Бунёди давлати ҳуқуқбунёд ҳар яки моро вазифадор месозад, ки риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоем, зеро риояву иҷрои қонун, яъне таъмини волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад.

Гулбаҳор РАҲМОНОВА, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: