3300 иншооти нав бо оби гарм таъмин хоҳанд шуд
То 30-юми октябри соли равон дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе беш аз 95 фоизи биноҳои истиқоматӣ, мактабу кӯдакистон, бемористон ва корхонаҳое, ки ба шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе пайваст мебошанд, бо оби гарми қубурӣ таъмин шудаанд. 
Ба иттилои Муассисаи «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе» то ин вақт 2506 бинои истиқоматӣ, 97 мактаб, 97 кӯдакистон, 52 беморхона ва 387 корхонаю ташкилот бо гармӣ таъмин шудаанд.
Дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 аз ҳисоби тамоми манбаъҳои гармидиҳӣ - марказҳои барқу гармидиҳии №1, №2 ва дегхонаҳо 3 ҳазору 200 биною иншоот бо оби гарми қубурӣ таъмин гардиданд. Дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 бошад, таъмини 3300 иншоот бо гармӣ дар назар дошта шудааст.
Тибқи нақша, барои зимистонгузаронии солҳои 2025-2026 дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ - 565, Сино - 1478, Шоҳмансур - 634 ва Фирдавсӣ 623 иншоот бо оби гарм таъмин хоҳанд шуд.
Н. МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
    
    
    