https://sadoimardum.tj

Вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ

04 ноя 2025, 14:38
0

4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар шаҳри Давҳаи Қатар дар ҳошияи ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ як зумра масоили вобаста ба рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.

Зимнан аз мунтазамии мулоқотҳои сатҳи олию баланд ва натиҷаҳои онҳо, ки бозгӯй аз  ҳамкории ҳамаҷониба ва шарикии стратегии ду кишвар арзёбӣ мегардад, изҳори қаноат карда шуд.

Барои таҳким ва густариши ҳамкории судманд таъсиси Шӯрои муколамаи стратегӣ ва бештар фаъол шудани дигар абзорҳои дуҷониба зарур дониста шуд.

Бо ишора ба имкону захираҳои васеъ барои афзун намудани нишондодҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таъкид гардид, ки ниҳодҳои дахлдори ду кишвар аз ин зарфиятҳо бояд ҳамаҷониба истифода намоянд.

Тақвияти ҳамкории байнипарлумонӣ, аз ҷумла фаъолияти Гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ, ҳам ба манфиати кор арзёбӣ гардид.

Ҳамчунин дигар маводҳо: