24 нукта барои ҷашни 31-солагӣ
Аз қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол сию як сол пур мешавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули ин санади олӣ нақши калидӣ доранд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем чанде аз суханони
Пешвои миллатро, ки дар паёмҳои табрикиашон ба муносибати
Рӯзи Конститутсия иброз намудаанд, ёдовар шавем:
Конститутсия шиносномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол ва шаҳодатномаи камолоти озодиву соҳибистиқлолии давлат аст; дар баробари ин, он санадест, ки сохти давлатиро танзим ва муайян мекунад ва аз ҳама муҳимаш, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад.
***
Воқеан, Истиқлолият ва Конститутсия мафҳумҳои тавъам буда, якдигарро комил месозанд, зеро давлати соҳибихтиёр бе конститутсия вуҷуд дошта наметавонад ва дар навбати худ, конститутсия ҳамчун санади олӣ ё қонуни асосӣ, истиқлолияти давлатиро ба расмият дароварда, муҳимтарин самтҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳаёти ҷомеаро инъикос ва таъин менамояд.
***
Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, то ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем.
***
Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузургу нодир ва ифтихори миллати тоҷик буда, маҳз, бо шарофати таҳия ва қабули ин санади тақдирсоз роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид.
***
Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар, азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд.
***
Конститутсия бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият буда, барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон заминаи мустаҳкам гузошт.
***
Конститутсия дар назди ҷомеа вазифаҳои муҳимтаринеро гузошт, ки ташкили ҳокимияти давлатии муосир, низоми мукаммали ҳуқуқӣ ва идоракунии давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
***
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва кафили рушди давлатдории тоҷикон аст.
***
Ғояҳои башардӯстонаи Конститутсия инъикоскунандаи суннатҳои пурғановати халқи тоҷик буда, аз фарҳанги ниёгони ориёии мо, анъанаҳои давлатдории халқамон ва мероси бузургони таъриху фарҳанги миллатамон сарчашма мегиранд.
***
Конститутсияи мо аз ҷумлаи беҳтарин конститутсияҳои замони муосир буда, мо дар заминаи он ба муваффақиятҳои бузург ноил гардидем.
***
Маҳз, ба шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва қабули Конститутсия бунёди давлати навини тоҷикон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва он ба сифати сарчашмаи олии низоми ҳуқуқии мамлакат эътироф гардид.
***
Конститутсия санади муқаддасест, ки пояи давлатдорӣ, адолат ва ҳуқуқи ҳар як шаҳрвандро таъмин мекунад.
***
Конститутсияи мо санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст.
***
Таҷрибаи қабули Конститутсия дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо, бармало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳими сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад.
***
Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
***
Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид.
***
Конститутсия ба сифати қонуни олӣ, заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад.
***
Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.
***
Дар Конститутсия манфиатҳои миллӣ, арзишу анъанаҳои таърихан ташаккулёфтаи фарҳангии халқи тамаддунсози тоҷик, марому мақсади наслҳои гузашта, имрӯза ва ояндаи халқ ифодаи озоди худро пайдо намуданд.
***
Конститутсия маҳсули андешаи бунёдии миллии халқи Тоҷикистон мебошад, зеро, маҳз, бо иродаи мардуми кишвар дар вазъияти барои давлату ҷомеа ниҳоят мураккабу ҳассоси таърихӣ якдилона қабул гардид.
***
Тавассути раъйпурсӣ қабул гардидани Конститутсия дар таърихи рушди конститутсионии кишварамон таҷрибаи нодир ва нахустин буд.
***
Қабули Конститутсия яке аз дастовардҳои муҳим ва бузурги миллати соҳибтамаддуни мо мебошад. Маҳз, тавассути ни санади тақдирсоз ва роҳнамо халқи мо тавонист ба шоҳроҳи пешрафту тарақиёти соҳаҳои гуногуни ҳаёти худ барояд.
***
Конститутсияи кишвар, ки таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.
***
Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад.
Таҳияи Наҷиба МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
