https://sadoimardum.tj

Иштироки Пешвои миллат дар ҳамоиши «Осиёи Марказӣ - ИМА»

№:131 (5027) 10 ноя 2025, 17:35
1

5-уми ноябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Трамп барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» аз шаҳри Давҳа ба Вашингтон сафар карданд.

6-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Вашингтон шуданд.

Дар Фурудгоҳи ҳарбии Эндрюси шаҳри Вашингтон меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос Муовини якуми Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау, ёвари Котиби давлатӣ Пол Капур, муовини роҳбари Протоколи ИМА Эббӣ Ҷонс ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Дар иқоматгоҳи муваққатӣ дар шаҳри Вашингтон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро як гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

6-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ­ҳошияи ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» (С5+1) дар шаҳри Вашингтон бо Президенти ИМА муҳтарам Доналд Трамп мулоқот ­намуданд.

Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, нахуст, ба Президенти ИМА барои даъват ва пазироии гарм арзи сипос намуданд. Сарвари давлати мо дар идомаи суҳбат ба аҳамияти таъмини сулҳ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ишора намуда, пойдории амну суботро заминаи бебаҳо барои рушди устувори ҳамаи кишварҳои дунё арзёбӣ намуданд.

Зимни баррасии робитаҳои дуҷониба таваҷҷуҳи зиёд ба таҳким ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид.

Зикр шуд, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 70 ширкат бо иштироки сармояи амрикоӣ фаъолият дорад. Бо ёдоварӣ аз ҷараён ва натиҷаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи саноати Тоҷикистон, аз ҷумла барои истих­роҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, бахусус фулузоти нодир, густариши чунин робитаҳо ба манфиати кор арзёбӣ шуд.

Таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашуда барои таҳким ва густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории судовар миёни ду кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, илму техника, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои муосир, хеле зиёд аст.

Баррасии масоили вобаста ба мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, ба мисли терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз бахшҳои муҳими суҳбат буд.

Табодули судбахши андеша, ҳамчунин, атрофи дигар масоили минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.

6-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Вашингтон дар зиёфати кории ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» (С5+1) иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбон Доналд Трамп барои даъват ва пазироии самимӣ изҳори сипос карда, доир ба зарурат ва роҳҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико андешаронӣ намуданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва амнияти пойдорро «заминаи бунёдии ҳама гуна робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ» арзёбӣ намуданд.

Дар идомаи сухан ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол миёни кишварҳо ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои ояндадори Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Бинобар захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва мавқеи географии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби моро бо дигар шарикон дар тавсеаи ҳамкорӣ оид ба таҳкими соҳаи энергияи «сабз» ва интиқоли он ба кишварҳои ҳамсоя таъкид намуданд.

Таъкид карда шуд, ки дар кишвари мо, бо назардошти имкониятҳои мавҷуда, ба рушди соҳаҳои гуногуни саноат ва энергетика, бахусус афзоиши иқтидорҳои тавлидоти неруи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда, аҳамияти хоса зоҳир карда мешавад. Дар ин зимн, алоқамандии Тоҷикистон ба таҳкиму тав­сеаи ҳамкориҳо бо шарикони байналмилалӣ дар ин самтҳо иброз гардид.

Сармоягузорӣ ба истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок низ аз ҷумлаи самтҳои ояндадори иқтисоди Тоҷикистон номида шуд. 

Дар фароварди сухан иброз гардид, ки Тоҷикистон ба инобати иқтидори иқтисодии худ метавонад тавассути густариши ҳамкорию ҳамёрӣ дар таҳкими занҷираҳои устувори истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ мавқеи назаррас дошта бошад.

Ҳамчунин дигар маводҳо: