https://sadoimardum.tj

Тоҷикистон ба таҳкими сармояи инсонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд

№:131 (5027) 10 ноя 2025, 17:17
0

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ 

4 ноябри соли 2025, Давлати Қатар

Муҳтарам Дабири кулл,

Хонумҳо ва ҷанобон,

Дар оғоз ба Давлати Қатар ва Созмони Милали Муттаҳид барои баргузории чорабинии муҳими имрӯза ва пазироии самимӣ арзи сипос менамоям. 

Мусаллам аст, ки рифоҳи иҷтимоӣ заминаи муҳими таҳкими сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор мебошад. Вобаста ба ин, мехоҳам қайд намоям, ки қабул ва татбиқи «Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» идомаи талошҳои кишвари мо дар ин ҷода мебошад.

Ин санад, ҳамчун яке аз омилҳои калидии ҳифзу таъмини суботи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, ба рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар равона гардидааст.

Ҳамзамон бо ин, қобили зикр аст, ки то охири соли равон аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон «Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026-2030» қабул мегардад.

Санади мазкур марҳилаи ниҳоии «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030»-ро фаро гирифта, аҳдофи он бо Ҳадафҳои рушди устувор ҳамоҳанг мебошанд.

Дар заминаи татбиқи барномаву стратегияҳои зикргардида кишвари мо ба таҳкими сармояи инсонӣ тавассути рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвари мо ҳамкории Ҳукумат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим мебозад.

Дар Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ беш аз чор (4,1) миллион ҷойи корӣ таъсис ва барқарор гардидааст.

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳашт барномаи давлатӣ ва се стратегияи дарозмуддат дар соҳаи маориф татбиқ шуда истодаанд, ки ин ҳам барои рушди соҳаи иҷтимоӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Мусаллам аст, ки рушди иҷтимоӣ бо пешрафти соҳаи тандурустӣ низ пайванди ногусастанӣ дорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш,

Таъмини рушди иҷтимоӣ ба фаъо­лияти тамоми соҳаҳои иқтисод ва устувории муҳити зист пайвастагии зич дорад.

Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламравашро кӯҳсор ташкил медиҳад, аз пайомадҳои тағйирёбии даври гидрологӣ, обхезиву хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ осебпазир мебошад.

Дар ин робита мо, ба мақсади таъмини некуаҳволии мардуми худ, дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлим пайваста чораҷӯӣ менамоем. 

Дар баробари ин, кишварҳои рӯ ба тараққӣ, хусусан кишварҳои кӯҳистонӣ ва маҳсур дар хушкӣ, дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва таъмини устувории иҷтимоӣ бо мушкилоти зиёд дучор шудаанд.

Мо зарурати андешидани чораҳои ҷиддиро барои беҳтар намудани дастрасии кишварҳои осебпазир ба манбаъҳои молиявӣ ва таъмини маб­лағгузории устувор, алалхусус дар соҳаҳои хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таҳкими сармояи инсонӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, таъкид менамоем.

Ҳозирини гиромӣ,

Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад.

Тоҷикистон, бо дарназардошти иқтидори бузурги гидроэнергетикии худ, ба масъалаи таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди соҳаи энергияи «сабз» аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.

Имрӯз зиёда аз наваду ҳашт (98) фоизи неруи барқи Тоҷикистон аз манбаъҳои обӣ истеҳсол мешавад ва аз рӯи нишондиҳандаи истеҳсоли энергияи «сабз» кишвари мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд. Илова бар ин, мехоҳам қайд намоям, ки мо дар марҳилаи гузариши босуръат ба технологияҳои рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталиф қарор дорем.

Истифодаи дуруст ва ҳадафмандонаи онҳо метавонад ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор мусоидати ҳамаҷониба намояд. Тавре ки маълум аст, чанде пеш бо ибтикори Тоҷикистон Қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милал зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид.

Бовар дорам, ки қатъномаи мазкур ҳамчун василаи муассир барои истифодаи зеҳни сунъӣ дар минтақаи мо бо мақсадҳои дастрасӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор хидмат хоҳад кард.

Ҳозирини арҷманд,

Рушди фарогири иҷтимоӣ амалҳои муштаракро дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ ва ҷаҳонӣ тақозо менамояд.

Моро зарур аст, ки бо муттаҳид намудани талошҳо барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва кулли мардумони ҷаҳон шароити одилонаи рушди иҷтимоиро фароҳам созем. Дар кори саммити имрӯза мо бояд якдилона иродаи муштараки худро барои сур­ъат бахшидан ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор таъкид намуда, ба рушди иҷтимоӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои калидии он таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоем.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

Ҳамчунин дигар маводҳо: