https://sadoimardum.tj

Шукри Пешвои Кабир

№:134 (5030) 14 ноя 2025, 18:21
0

Пешво, ҳар ҷо қадам монӣ ба мулки бостон,

Гул кунад аз мақдамат ин сарзамин, ин остон.

Бо талошу заҳматат афрохт тоҷик қоматаш,

Тоҷикистонро шиносанд ин замон то ҷовидон.

Мардумони Тоҷикистон аз ту шоду бахтиёр,

Офарин бар ҳиммату бар ғайратат, эй Шаҳриёр.

Фахр бо номи ту дорам, Сарвари фарзонаам,

Аз ту шуд созандагӣ дар кишвари якдонаам.

Аз ғами миллат нахуфтӣ, то ба ҳол ояд, ба ҳол,

Файзи ободӣ насиби кишварам, кошонаам.

Мардумони Тоҷикистон аз ту шоду бахтиёр,

Офарин бар ҳиммату бар ғайратат, эй Шаҳриёр.

Шукр бо созандагӣ, бар шавкату шони Ватан,

Бар мақоми пойдори аҳду паймони Ватан.

Шукри неъмат, шукри ваҳдат, шукри Пешвои кабир,

Шукри истиқлоли мо гӯянд ҳар дам марду зан.

Мардумони Тоҷикистон аз ту шоду бахтиёр,

Офарин бар ҳиммату бар ғайратат, эй Шаҳриёр.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: