https://sadoimardum.tj

Ҷаласаи 59-уми пленарии АБ ИДМ

№:135 (5031) 17 ноя 2025, 18:58
0

14-уми ноябри соли 2025 дар толори мудаввари бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷаласаи 59-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

 Дар толори даромадгоҳи бинои Маҷлиси Олӣ меҳмонони олиқадрро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ як-як самимона пазироӣ намуданд.

Барои иштирок дар ҷаласаи мазкур Раиси Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шурои федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко, Раиси Шурои ҷумҳурии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус Наталя Кочанова, Раиси Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Нарбаева, Раиси Сенати парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев, муовини Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон Зияфет Аскеров, муовини Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Рубен Рубинян, муовини Котиби генералии Шурои Ассамблеяи байнипарламентӣ – намояндаи ваколатдори Жогорку кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Шабданбек Алишев ва раиси Кумитаи  Маҷлиси Туркманистон Сердар Гайипов ба бинои Маҷлиси Олӣ ташриф оварданд.

Пас аз ба ҳам омадани иштирокдорони ҷаласа ва маросими аксбардории якҷояи роҳбарони ҳайатҳо ҷаласаи 59-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кори худ оғоз кард

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамтоёни худ, роҳбарони ҳайатҳо, аъзои ҳайатҳои расмии парламентҳои кишварҳоро, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, самимона хайрамақдам гуфтанд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки Тоҷикистон дар ҳошияи раёсати худ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба рушди робитаҳои байнипарламентӣ аҳамияти хоса медиҳад.

Зикр гарид, ки Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил тайи беш аз сӣ сол ба сифати минбари муҳими мубодилаи таҷриба, ҳамоҳангсозии ташаббусҳои қонунгузорӣ ва таҳияи қарорҳои ба таҳкими ҳамкории байни давлатҳои аъзои созмон нигаронидашуда ­фаъолият менамояд.

Дар замони чолишҳои нави глобалӣ, ба монанди тағйирёбии иқлим, таҳдидҳои амниятӣ, хавфҳои рақамӣ ва оқибатҳои буҳронҳои ҷаҳонӣ, нақши дипломатияи парламентӣ беш аз пеш муҳиму муассир мегардад.

Дар ҷаласаи пленарии ассамблея иштирокдорон як қатор масъалаҳои муҳимро оид ба такмили механизмҳои ҳуқуқӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузориҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, аз рӯи лоиҳаҳои санадҳои ҳуқуқии намунавӣ дар бахшҳои иқтисод, тандурустӣ, амният ва мубориза бо терроризм, инчунин, ташаббусҳо оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ муҳокимаҳо ва табодули андеша сурат гирифт.

Изҳори итминон карда шуд, ки қабули ин ҳуҷҷатҳо заминаи муносиби ҳуқуқиро барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва барномаҳои дарозмуддати ҳамкории байни кишварҳо дар фазои иттиҳод фароҳам меорад.

www.majmilli.tj

Ҳамчунин дигар маводҳо: