https://sadoimardum.tj

Хароҷоти экспертизаи судиро кӣ пардохт мекунад?

№:137 (5033) 21 ноя 2025, 15:46
0

Баъд аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он (солҳои 1999, 2003, ва 2016) ислоҳоти ҳуқуқӣ марҳила ба марҳила дар ҷумҳурӣ оғоз гардид, ки фарогири тамоми самту соҳаҳои ҷомеа аст ва батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятиро дар асоси низоми нави сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ муқаррар менамояд.

Экспертизаи давлатии судӣ, ки тавассути истифодаи донишҳои махсус ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсро дар рафти мурофиаҳои ҷиноятӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ таъмин мекунад, аз ин ислоҳоти ҳуқуқӣ дар канор нест. 

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экскпертизаи давлатии судӣ» яке аз қонунҳои меҳварӣ дар соҳаи экспертизаи давлатии судӣ буда, аз 8 боб ва 46 модда иборат мебошад. Яке аз масъалаҳое, ки ҳангоми татбиқи қонунгузорӣ дар соҳаи экспертизаи давлатии судӣ баҳсҳои зиёд­ро ба миён меорад, пардохти маблағи хароҷот ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ мебошад. Дар қисми 1 моддаи 40 қонуни мазкур омадааст: «Маблағгузории муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, инчунин, аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки музди гузаронидани экспертизаҳои судӣ, таҳқиқоти илмӣ ва дигар корҳои ба онҳо алоқамандро пардохт менамоянд, сурат мегирад. Тартиби пардохти маблағро аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад».

 Меъёри зикршуда маблағгузории фаъо­лияти муассисаҳои экспертизаи давлатии судиро ғайр аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ аз дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла аз ҳисоби шахсонии воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пешбинӣ намуда, тартиби пардохти маблағро аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намудааст. 

 Дар қисми 2 моддаи 40 қонун дарҷ гардидааст, ки «Пардохти музди экспертизаи давлатии судӣ бо парвандаҳои маданӣ, оилавӣ ва иқтисодӣ аз ҳисоби тарафе сурат мегирад, ки экспертиза ба талаби он гузаронида мешавад, оид ба ин дар қарор ё таъинот дар бораи таъини экспертизаи давлатии судӣ нишон дода мешавад». Меъёри мазкур оид ба кадом парвандаҳо, дар кадом маврид ва дар кадом санади мурофиавӣ ( қарор ё таъинот) дарҷ гардидани онро мушаххас намудааст. Мутобиқи меъёри қисми 3 моддаи 40 қонун маблағи хароҷоти экспертизаи давлатии судии парвандаҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад.

 Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳангоми қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» аз 25-уми июли соли 2005 мутобиқи меъёри матни ҳамонвақтаи қисми 3 моддаи 40 қонун маблағи хароҷоти гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ танҳо ба парвандаҳои ҷиноятӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохт карда мешуд. Баъдан, ба меъёри мазкур тағйиру иловаҳо ворид намуда, баъд аз калимаҳои «парвандаҳои ҷиноятӣ» калимаҳои «ва маъмурӣ» илова карда шуд. Айни ҳол ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ маблағи хароҷоти гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад.

 Сабаби аз ҳисоби буҷет пардохт гардидани маблағи хароҷоти гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ба ин ду категорияи парвандаҳо дар он аст, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва маъмурӣ исботи гунаҳгорӣ ва бегуноҳии шахс ба зиммаи мақомоти давлатӣ гузош­та шудааст. Давлат, барои он ки шахсро дар содир кардани кирдорҳои ҷиноятӣ ва ё маъмурӣ гунаҳгор ҳисобида, ба ӯ ҷазо диҳад, пеш аз ҳама, бояд гуноҳи ӯро исбот кунад. Аз ин лиҳоз, маблағи хароҷоти исботкунии гунаҳгорӣ ва ё бегуноҳии шахс ба ин парвандаҳо ба зиммаи мақомоти давлатӣ вогузор гардидааст. Меъёрҳои моддаҳои 15, 21 ва боби 10 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 15 ва боби 6 Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқкунандаи гуфтаҳои боло мебошад.

 Боби 48 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ҳамкории судҳо, прокурорҳо, муфаттишон ва мақомоти таҳқиқро бо мақомот ва шахсони мансабдори дахлдори давлатҳои хориҷӣ дар тартиби расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ба танзим дароварда, дар қисми 2 моддаи 477 пешбинӣ менамояд, ки дар сурати дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, хароҷот оид ба гузаронидани экспертиза, ки бо дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ гузаронида шудааст, аз ҳисоби тарафи дархосткунанда пардохт карда мешавад. 

 Дар меъёри қисми 1 моддаи 83 Кодекси мурофиавии маданӣ ва  қисми 5 моддаи 81 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки судҳои мазкур дар таъинот дар бораи таъини экспертизаи давлатии судӣ, дар баробари дигар маълумотҳо, инчунин, насаб ном ва номи падари тарафи пардохткунандаи музди экспертизаи давлатии судӣ, ки бо талаби он экспертиза гузаронида мешавад, дарҷ менамоянд. Бо назардошти он ки ҳам мурофиаи маданӣ ва ҳам муро­фиаи иқтисодӣ дар асоси баробарҳуқуқии тарафҳо ва мубоҳисавӣ сурат мегирад, тибқи қонунгузории мурофиавии маданӣ ва иқтисодӣ исботкунии ҳолати воқеии мавзуи баҳс ба зиммаи тарафҳо гузошта шудааст. Аз ин лиҳоз, баъзе аз меъёрҳои кодексҳои мурофиавии маданӣ ва иқтисодӣ монанд мебошанд, аз ҷумла, дар самти таъини экспертиза ва пардохти музди экспертизаи давлатии судӣ. 

 Ҳамзамон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» гузаронидани экспертизаи давлатии судиро дар асоси дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ низ пешбинӣ мекунад. Қисми 1 моддаи 21 қонун пешбинӣ менамояд, ки асосҳои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ таъиноти суд, қарорҳои судя, шахси таҳқиқоткунанда, муфаттиш ё прокурор, инчунин, дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда, аз рӯзи ворид гардидани қарор ё дархости дахлдор экспертиза ­таъиншуда ҳисоб карда мешавад. Дар асоси қисми 6-уми моддаи 21 қонун экспертизаи давлатии судӣ метавонад бо дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё намояндагони онҳо барои муқаррар кардани ҳолатҳое гузаронида шавад, ки ба ақидаи шахсони мазкур барои ҳифзи манфиатҳои онҳо истифода шуда метавонад. Дар чунин ҳолат муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ бояд на санади тиббию судӣ, балки хулосаи экспертизаи давлатии судиро пешниҳод намоянд.

 Дар ҳолати зикршуда музди экспертизаи давлатии судӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси моддаи 40 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» пардохт карда мешаванд. Мутобиқи банди 12 Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти арзиши экспертизаи судӣ дар муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ тибқи нархномаи номгӯи хизматрасониҳои экспертӣ, ки бо тартиби муқарраршуда аз ҷониби вазорату идораҳо дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатии зиддиинҳисорӣ тасдиқ ёфтааст, амалӣ карда мешавад.

 Таҷрибаи фаъолияти кории Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ» нишон медиҳад, ки дар аксар ҳолат шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо роҳхат ё дархост, прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо дархост ва шахсони воқеӣ бо ариза ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ муроҷиат мекунанд. Омӯзишу таҳлили ин ҳуҷҷатҳо нишон дод, ки дар аксари онҳо сухан дар бораи таъин кардани экспертизаи судӣ намеравад, танҳо ҳолати кор нишон дода шуда, саволҳо оид ба гирифтан ва ё нагирифтани ҷароҳат, дараҷаи вазнинии изарари ба саломатӣ расонидашуда, механизми бавуҷудоии ҷароҳат ва ғайра пешбинӣ карда мешавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ бо роҳҳат ва дархост танҳо бо маводҳо, ки дар он сухан дар бораи хабар додан оид ба содир кардани ҷиноят меравад, муроҷиат менамоянд. Мақсади бо чунин тарз муроҷиат кардани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пеш аз ҳама, аз он бармеояд, ки мутобиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози кори ҷиноятӣ онҳо ҳуқуқи қабул кардани қарорро оид ба таъини экспертизаи судӣ надоранд. Аз ҷониби дигар, ҳуҷҷати пешниҳодшавандаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ мавқеи калидӣ дошта, дар асоси он минбаъд қарори асоснок дар бораи оғоз кардан ва ё рад кардани кори ҷиноятӣ қабул карда мешавад. Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ дар асоси роҳхат ва дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муроҷиати шаҳрванд амали тадқиқотӣ (шаҳодатгардонии)-ро анҷом дода, аз натиҷаи он санад оид ба тадқиқоти (шаҳодатгардони) тиббию судӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод менамояд. Нархи гузаронидани чунин тадқиқоти экспертони Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ дар нархномае, ки дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ба таври мушаххас пешбинӣ гардидааст. Тибқи нархномаи мазкур экспертиза ва шаҳодатгардонии як шахси воқеӣ 32 сомонӣ ва аз рӯи ҳуҷҷатҳои муассисаҳои тандурустӣ, ки пешниҳод гардидаанд, 83 сомонӣ муқаррар шудааст. Маблағи гузаронидани шаҳодатгардонии тиббию судиро, одатан, шахсе, ки ҳуқуқ ва озодиҳояшро вайронкардашуда ҳисобида, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ё бевосита ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ муроҷиат намудааст, ба таври ғайринақдӣ пардохт менамояд. 

Шакли омехтаи маблағгузории муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ, яъне ҳам аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ҳам аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ба мустаҳкам кардани базаи моддию техникии муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ мусоидат намуда, барои харидорӣ намудани техникаю таҷҳизоти замонавӣ шароит фароҳам меоварад. Ҳамаи ин, дар маҷмуъ, ба беҳтар ва сифатнок ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ дар таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона карда шудааст.

Ш. АБДУКАРИМЗОДА, 

директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ», 

А. ХОЛИҚЗОДА,

Ҳуқуқшиноси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ»

Ҳамчунин дигар маводҳо: