Истиқлолияти энергетикӣ
Ба ин марҳилаи сафобахш наздиктар мешавем
Дар партави сиёсати энергетикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми энергетикии кишвар пайваста рушду такомул меёбад. Исботи он таҳаввулот дар мудирияти низоми энергетикии кишвар мебошад. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019 Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик», ки то инҷониб мудирияти низоми энергетикии кишварро ба зимма дошт, ба се сохтори мустақил тақсим шуд. Акнун барои истеҳсоли барқ Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», барои интиқоли барқ аз истеҳсолкунандагон то тақсимкунандагон Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва барои тақсимоту таъминот ва ҷамъоварии маблағи барқ Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» масъуланд.
Дар заминаи ин тағйирот филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар шаҳри Бохтар таъсис ёфт, ки фаъолияти он ба интиқол додани барқи босифат ба муштариёни дохили вилояти Хатлон ва хориҷи кишвар, сарфакорона истифода бурдану ноил шудан ба кам намудани талафоти неруи барқ ва дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани таҷҳизоти шабакаҳои интиқоли барқ нигаронида шудааст.
Филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар шаҳри Бохтар дар ихтиёри худ 7 зеристгоҳи барқии 220/110/35/10-6 кВ, 38 зеристгоҳи барқии 110/35/10-6 кВ бо вусъати 645,6 километр хатҳои интиқоли барқи 220 кВ ва 1097,02 километр хатҳои интиқоли барқи 110 кВ дорад. Ин масъулияти хеле азим аст. Чор фасли сол бояд таҷҳизоти интиқоли барқ пайваста кор кунад. Бетавофутӣ ва беаҳамиятӣ метавонад боиси садамаҳои калони технологӣ гардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барҳақ, энергетикаро соҳаи муҳимтарини пешбари иқтисодии кишвар номидаанд. Ин аст, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» низ бо дастгоҳу механизмҳои ҳозиразамон бештар муҷаҳҳаз мешавад, ҳисобу китоби қабул ва интиқоли барқ саҳеҳ мегардад ва талафоти технологӣ дар хатҳои баландшиддати барқ сол то сол коҳиш меёбад. Мисоли барҷаста бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун бунёд ёфтани зеристгоҳи нави 220/110/10 киловаттаи «Геран-2» мебошад. Ин зеристгоҳи пуриқтидор ва ҳозиразамон дар доираи «Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқ» дар асоси созишномаи грантӣ, ки 16 сентябри соли 2010 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Осиё ба имзо расидааст, бунёд гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 августи соли 2017 ба фаъолияти ин иншооти азими энергетикии мамлакат оғоз бахшиданд.
Зеристгоҳи «Геран-2» бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, дастгоҳҳои он тавассути технологияи компютерӣ идора ва назорат мешаванд. Зеристгоҳи «Геран-2» имконият фароҳам овард, ки низоми интиқоли барқи қисми ҷанубии кишвар нав ва васеъ гардонида шуда, барои савдои минтақавии неруи барқ шароити мусоид пайдо гардад. Аз дигар тараф, ин иншооти муосир дар паст кардани талафоти энергияи барқ ва беҳтар кардани эътимоднокии таъминоти барқ мусоидат мекунад.
Зеристгоҳи «Геран-2» дар 7 гектар доман густурда, барои бунёди он беш аз 21 миллиону 500 ҳазор доллар сарф шудааст.
Тӯли фаъолияти панҷсола филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар шаҳри Бохтар корҳои назаррасро ба анҷом расонда, бобати баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти вилоят бо барқ, кам кардани талафот, аз сарборӣ озод намудани зеристгоҳҳо ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқ ба дастовардҳо ноил шудааст. Масалан, соли 2021, дар зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ «Румӣ», воқеъ дар ноҳияи Қубодиён, автотрансформатори АТ-1 иқтидораш 125000 кВА аз соли 2009 корношоям гардида буд ва ин зеристгоҳ таҳти сарборӣ бо як автотрансформатор кор мекард. Соли 2021, баъд аз таҷдиди зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ «Равшан»-и шаҳри Турсунзода бо дастгирии роҳбарияти ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» автотрансформатори иқтидораш 125000 кВА ба ноҳияи Қубодиён интиқол ёфта, таъмир гашт. Сипас, дар ҷои автотрансформатори АТ-1-и зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ «Румӣ» васлу насб гардид. Дар натиҷа, таъминоти барқи ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав ба пуррагӣ ва як қисми ноҳияи Дӯстӣ бамаротиб беҳ гардид.
Соли 2022 дар доираи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» бо иқтидори 240 МВт» аз тарафи ширкати пудратии «Genser&GE» дар ноҳияи Восеъ зеристгоҳи нави 110/10 кВ «Рӯдакӣ» сохта аз 21 июли соли 2022 ба кор дароварда шуд. Ин имкон фароҳам овард, ки дар ноҳияи Восеъ эътимоднокии таъминот бо барқ афзуда, дараҷаи талафоти барқ коҳиш ёбад.
Кам кардани талафоти барқ талаботи замони муосир мебошад. Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 марти соли 2025 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи ғайрисамараноки неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 изҳори нигаронӣ карда, барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва пешгирии чунин ҳолатҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
Филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар шаҳри Бохтар дар фаъолияти худ кам намудани талафоти энергияро яке аз вазифаҳои афзалиятнок мешуморад. Бо ин мақсад соли 2024 сохтмони навбати дуюми зеристгоҳи барқии 110/10 кВ «Саройкамар» дар ноҳияи Панҷ бо насби трансформатори иқтидораш 6300 кВА, ки он дар зеристгоҳи барқии 110/10 кВ «Навобод» аз истифода озод гардида буд, анҷом ёфт. Дар зеристгоҳ, инчунин, лавҳаҳои ҳимояи релегӣ, ки бо истифода аз релеҳои электромеханикӣ васл шуда буданд, ба лавҳаҳои ҳозиразамони намуди микропротсесорӣ иваз шуданд. Дар нимсолаи якуми соли 2025 барои беҳтар намудани сатҳи шиддат дар шабакаҳои барқӣ, кам намудани талафоти неруи барқ дар ДТКБ-6 кВ зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ «Фархор-Обшор» дастгоҳи ҷубронкунандаи энергияи ғайрифаъол насб гардид.
Ҳар рӯзи фаъолияти мо - кормандони филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар шаҳри Бохтар барои беҳсозии таъминоти барқ сарф мегардад. Дар тӯли панҷ соли фаъолият низоми қабул ва интиқоли барқ бамаротиб беҳ гаштааст. Мамониати қабул бартараф ва интиқоли барқ дар вилояти Хатлон сабук гардида, талафоти барқ, ки соли 2021-ум 6,3 фоизро ташкил медод, соли ҷорӣ зиёда аз ду баробар кам шуда, акнун 3 фоизро ташкил медиҳад.
Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлати мост ва сиёсати одилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро ба ин марҳилаи сафобахши зиндагӣ наздиктар менамояд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (28.12. 2024) ба сокинони кишвар хушхабар дод, ки «Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад».
Башорати Пешвои миллат – наздиктар шудан ба истиқлоли комили энергетикӣ масъулияти мо - кормандони соҳаи интиқоли барқро афзун намуда, пайваста кӯшиш мекунем, ки дар таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар саҳми муносиб гузорем.
Давлатназар ХОЛЗОДА,
роҳбари филиали ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар шаҳри Бохтар
Ҳамчунин дигар маводҳо:
