https://sadoimardum.tj

Шириншоҳ Шоҳтемур аз машаққат то пирӯзӣ

№:142 (5038) 01 дек 2025, 18:10
0

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи ба Шириншоҳ Шоҳтемур додани унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон»

Барои фаъолияти бунёдкоронаи давлатдорӣ ва хизматҳои бузург дар поягузории Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон медиҳам:

Ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов

ш. Душанбе, 27 июни соли 2006, №1774

Соли 1937 бар асари сиёсати ноадолатонаи давр ба қатл расонида шуд. Ҳамагӣ 38 сол дошт. Бале, умри тӯлонӣ надид, аммо умри кӯтоҳашро сарфи бунёди давлати миллии тоҷикон, саодати Ватан намуд, ки фаромӯшнашуданист. 

Саҳифаҳои ҳаёту фаъолияти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ғамангез, аммо барои ҳар кадоми мо мактаб аст, мактаби мардонагию қаҳрамонӣ, бедорӣ, худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстӣ. Мактабе, ки дар баробари ин ҳама моро зиракии сиёсӣ меомӯзад, то камтарин фурсату имконро барои миллат, саодати Ватан ғанимат шуморем.

Якуми декабри соли 1899 дар Бадахшон (дар деҳаи дурдасти Шуғнонзамин - Поршинев) ба дунё омадааст. Зиндагӣ ба ин марди фозил, ки исмаш дар қомусномаҳою таърихномаҳои ҷаҳон шомил астчандон меҳрубон набуд. Аз хурдсолӣ азияти ятимӣ, бекасию гуруснагӣ дидааст, аммо ин ҳама сахтиҳо руҳияи қавии ӯро шикаста натавонистааст, балки дар он обутоб ёфта, ба арсаи сиёсат чун марди мубориз ворид гаштаву пирӯз шуд. 

Аз хурдӣ ба омӯхтан мароқ дош­тааст. Нахуст, дар пеши муаллими деҳа шогирд меистад. Он ҷо савод мегирад ва аз адабиёти форсӣ-тоҷикӣ дониши муайян пайдо мекунад. Сипас, донишашро дар мактаби назди бозори Хоруғ, ки баъдтар номи мактаби назди «Отряди Россия»-ро мегирад, идома дода, забони русӣ, ҷуғрофия, таърихи Россия ва анатомияро меомӯзад. 

Баъд аз василаи ба Тошканд рафтан (соли 1914, он замон 15-сола буд) низ ба илмомӯзӣ мепардозад, зеро медонад ягона роҳе, ки инсонҳоро сӯи рӯшноӣ мебарад ва ба қуллаи мақсуд мерасонад, илм аст.

Аз Помир ба шаҳри Тошканд ҳамроҳи штабс-капитан Дмитрий Сергеевич Топорнин рафт. 4 моҳ, аз 25 август то декабри соли 1914, дар хонаи Топорнин вазифаи пешхизмат ва дарбониро ба ҷо овард. Як муддат дар заводи пивобарории Иванов, сипас, дар идораи нақлиёти трамвайи шаҳр ҳамчун кондуктор кор кардааст. Соли 1917 ба семинарияи муаллимтайёркунии шаҳри Тошканд шомил шуд, ки баъдтар ин муассиса номи мактаби меҳнатӣ-педагогиро гирифт. 

Мо аз таърих медонем, ки он замон дар Осиёи Миёна воқеаҳои бузурги сиёсӣ ҷараён доштанд ва соли 1917 Инқилоби Октябр рух дод. Ҳаводиси сиёсии давр ба андешаю ҷаҳонбинии Шириншоҳ Шоҳтемур бетаъсир намонд. Дар ин гиромуни сиёсӣ назару дониши сиёсии ӯ хеле инкишоф ёфт. Аз инқилоб, ки дари илму маърифатро ба рӯйи мардум боз намуд, хуб истиқбол кард. Ин айём ба донише, ки овони наврасӣ замина гузошта буд, донишҳои нав зам шудан гирифтанд. 

Баъд аз хатми мактаби меҳнатӣ-педагогӣ ба корҳои сиёсию давлатӣ ҷалб шуд. Умуман, то соли 1924 - то тақсимоти миллӣ-ҳудудии Осиёи Миёна дар вазифаҳои гуногуни масъулиятнок фаъо­лият намуда буд ва акнун ба оламу одам бо чашми дигар менигарист. Ба ноадолатии давр, душманони миллат, ки ба чашми таърих хок пошида, ҳини тақсимоти миллӣ-ҳудудии Осиёи Миёна мавҷудияти тоҷиконро инкор менамуданд, созиш накард.

Дар нақшаи ҷудокунии миллӣ-ҳудудӣ, ки мустақилияти ҳар як миллатро пешбинӣ мекард, номи тоҷикон умуман вуҷуд надошт. Гап сари он ки мавҷуд будани тоҷикон дар ин қаламрав инкор мешуд, ҳатто дар ҳуҷҷатҳои расмӣ. 

Сарчашмаҳо маҳфуз медоранд, ки дар «Низомномаи мухтасари Туркистон», ки 8 марти соли 1920 КМ РКП (б) тасдиқ карда буд, омадааст: «Туркистон ҷумҳурии мухтори халқҳои асосии маскуни ин сарзамин: туркманҳо, ӯзбекҳо, қирғизҳо мебошад». Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Мухтори Туркистон, ки соли 1920 қабул шуда буд, низ миллати бумии ин ҷо ӯзбекҳо, туркманҳо ва қирғизҳо эътироф шудаанд, ҳол он ки ба таркиби ҶМТ, аз ҷумла вилоятҳои Самарқанд, Фарғона Сирдарё низ шомил мешуданд, ки он ҷо тоҷикон кам набуданд. 

Шириншоҳ Шоҳтемур дар чунин марҳилаи ҳассоси сиёсӣ, чун ватандори асил, дар баробари равшанфикроне чун Садриддин Айнӣ, Саидризо Ализода, Абдуқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов ва чанде дигарон, ба яке аз муборизони эҳёи давлати миллӣ табдил ёфт. Агар аз ҳамин фурсат ба манфиати миллат истифода намебурданд, шояд, мо имрӯз миллати бедавлат мебудем.

Ба ҷараёни пантуркизм, ки мавҷудияти миллати тоҷикро зери суол монда, ҳаққи тоҷиконро ба ҳукмронӣ ва давлатдорӣ инкор мекард, муборизаҳои шадиди сиёсӣ бурданд. Ҳамин тавр, бо талоши ин мардони нусратманд соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС Ӯзбекистон ташкил ва Шириншоҳ Шоҳтемур роҳбари он (он замон 25-сола буд) таъин ва ба Душанбе фиристода шуд, аммо намояндагони фаъоли тоҷик, ки аз ин раванд ҳалли боадолатонаро интизор буданд, қаноатманд нагаштанд. Аз ҶШС Ӯзбекистон ҷудо шуда, ҷумҳурии мус­тақил шудани Тоҷикистонро талаб намуданд. Ҳалли ин масъалаи хеле муҳим пурра ба замони роҳбарии Шириншоҳ Шоҳтемур (он замон котиби якуми Кумитаи вилоятии Ҳизбии коммунисти Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон) рост омад. Шириншоҳ Шоҳтемур аз забон, адабиёт ва таърихи қадимаи тоҷикон ҳимоя намуд. Исрор кард ва мақомдорони даврро мутмаин кунонд, ки тоҷикон аз қадимтарин маскунони Осиёи Миёна мебошанд ва теъдоди феълиашон имкон медиҳад, то давлати мустақили миллӣ дошта бошанд. Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар ҳаммаслакон дар ин муборизаи шадиди сиёсӣ муваффақ шуданд. 

Ҳамин тавр, бо талошу ҷоннисории онҳо Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил шуд. Пирӯзии Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар ҳамсафони бедорфикраш дар ин набарди сиёсӣ кори фавқулода мушкил буд, аммо онҳо муваффақ шуданд. Тавонистанд мавқеи муҳими ҷуғрофии Тоҷикистонро муайян ва аз он ҳимоя намоянд. Пирӯзии онҳо дар ин набарди сиёсӣ пирӯзии нур бар зулмот, пирӯзии миллат ва саодати Ватан буд. 

Муборизаҳои озодихоҳию давлатсозии Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамнабардонаш дар фосилаи на чандон зиёди фаъолияти сиёсию давлатӣ рух додааст. Яъне, ҳамаи онҳо баъд аз Инқилоби Октябр ба ҳаракати инқилобӣ ҳамроҳ шуданд, ки ба тахмини муаррихон ин ба солҳои 1919-1920 рост меояд. Агар чунин аст, пас маълум мешавад, ки ин шахсиятҳои нотакрори таърихӣ ҳамагӣ дар тӯли қариб даҳ сол тавонистанд дар ҳаёти сиёсию фарҳангию иқтисодии миллаташон тағйироти куллӣ ба вуҷуд оранд, тоҷиконро соҳиби Тоҷикистон намоянд.

Баъд аз ташкили Тоҷикистон, чун чеҳраи сиёсӣ ва насли бедори миллат, барои таъсиси мактаби тоҷикон, ҳимояи забони давлати тозаҷавонаш чораҳо андешиду онҳоро роҳандозӣ намуд. Ба омода кардани кадрҳои омӯзгорӣ, таъсиси китобхонаҳо, маҳви бесаводӣ, рушди матбуоти даврӣ мекӯшид ва дар ин росто, корҳои чашмрас ба сомон мерасонд. 

Шириншоҳ Шоҳтемур - яке аз поягузорони давлати Тоҷикистон дар ин роҳ сари худро бохт, аммо мо достони қаҳрамонии ӯро дар роҳи таъсиси Тоҷикистон ҳамеша пос медорем. То ҷаҳон боқист, номи ӯ ва ҳамнабардони ӯро бо камоли мамнунияту ифтихор ба забон меорем. 

Фарзона ФАЙЗАЛӢ, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: