https://sadoimardum.tj

Гузоштани санги асос барои сохтмони маҷмааи «IT-Hub Dushanbe»

№:69 -70 (5121-5122), 12 июн 2026, 15:42
6

9-уми июни соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ дар но­ҳияи­ Исмоили Сомонии пойтахт ба оғози корҳои сохтмонии маҷмааи «IT-Hub Dushanbe» санги асос гузоштанд. Дар ин хусус аз шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Зимни муаррифии лоиҳа ба муҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи «IT-Hub Dushanbe» аз мактаби IT, It Park, маркази тиҷоратии технологияҳои ­иттилоотӣ ва маркази минтақавии зеҳни сунъӣ иборат мебошад.
Татбиқи ин лоиҳа аз сиёсати дурбинона ва ҳадафмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди иқтисоди рақамӣ, густариши технологияҳои муосир, ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ сарчашма гирифта, барои ташкили муҳити нави инноватсионӣ ва рақамӣ дар кишвар заминаи устувор фароҳам меорад.
Яке аз биноҳои маҷмаа барои таъсиси мактаби IT-и шаҳри Душанбе (Dushanbe IT School) мебошад, ки ҳамчун муассисаи муосири таълимӣ барои омода намудани мутахассисони рақобатпазири соҳаи технологияҳои рақамӣ пешбинӣ шудааст.
Иншооти мазкур аз бинои муосири 10-ошёна иборат хоҳад шуд.
Қисмати дигари маҷмаа IT Park Dushanbe мебошад, ки ҳамчун муҳаррики рушди соҳибкории рақамӣ ва экосистемаи стартапии Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард.
Иншооти мазкур аз бинои 13-ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 11 ҳазору 500 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Бузургтарин иншооти маҷмаа маркази тиҷоратии технологияҳои иттилоотӣ (IT Business Center) мебошад, ки ҳамчун маркази корпоративии ширкатҳои пешрафтаи технологӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ хизмат хоҳад кард.
Ин марказ аз бинои муосири 23-ошёна иборат буда, масоҳати умумии сохтмони он зиёда аз 21 ҳазору 600 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Яке аз муҳимтарин бахшҳои маҷмаа таъсиси маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе мебошад.
Марказ аз масоҳати умумии зиёда аз 10 ҳазор метри мураббаъ иборат хоҳад буд.
Лоиҳаи «IT-Hub Dushanbe» на танҳо маҷмааи сохтмонӣ, балки платформаи миллии рушди иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияҳои пешрафта мебошад. Татбиқи он барои рушди сармояи инсонӣ, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави кор, рушди содироти хизмат­расониҳои рақамӣ ва ташаккули муҳити мусоиди соҳибкории технологӣ заминаи воқеӣ фароҳам меорад.

Ҳамчунин дигар маводҳо: