https://sadoimardum.tj

Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо Константинос Комбос

№:68 (5120), 08 июн 2026, 18:22
5

5-уми июни соли 2026 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр Константинос Комбос мулоқот намуд.

Зикр шуд, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кипр бар пояи усулҳои эҳтироми ҳамдигарӣ, баробарҳуқуқӣ, эътимод ва ҳусни тафоҳум 27 феврали соли 1992 барқарор гардида, пайвас­та рушд намуда истодаанд.

- Маҷлиси намояндагон ба рушди робитаҳои байнипарламентии бисёрҷониба ва дуҷонибаи судманд дар доираи дипломатияи байнипарламентӣ аҳамияти хоса медиҳад. Дар ин замина, аз рушди робитаҳо миёни мақомоти қонунгузори ду кишвар истиқбол менамоем. Омодаем, ки ҳамкориҳоро дар ин ҷода тавассути мубодилаи сафарҳои ҳайатҳои парламентӣ, таҷрибаи қонунгузорӣ ва идомаи ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар созмонҳои байналмилалии парламентӣ тақвият бахшем,- изҳор дошт Файзалӣ Идизода.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кипр шарикии судманди гуногунҷанбаро дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва дигар сохторҳои ҳамкории бисёрҷониба, бахусус дар чорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои тахассусии он, инчунин, САҲА роҳандозӣ намуда, пайгирона пеш мебаранд. Таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ ва табодули фарҳангӣ метавонанд дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳои мо саҳми назаррас гузоранд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: