https://sadoimardum.tj

Вакилон назария ва амалияи дипломатияи парламентиро баррасӣ карданд

№:69 -70 (5121-5122), 12 июн 2026, 14:30
5

Нуҳуми июни соли 2026 бо ибтикори Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар мавзуи «Дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария ва амалияи он» суҳбати гирди миз баргузор гардид.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода зимни сухани ифтитоҳӣ изҳор дошт, ки дар замони муосир дипломатияи парламентӣ тадриҷан ба яке аз абзорҳои муҳими таҳкими муколамаи байналмилалӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва густариши фазои эътимод дар муносибатҳои байнидавлатӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо такя ба Конститутсия, Консепсияи сиёсати хориҷӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи давлат ба рушди муносибатҳои байнипарламентӣ ҳамчун самти муҳими дипломатияи муосир таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.

- Мо бар он назарем, ки рушди муносибатҳои байналмилалии байнипарламентӣ имрӯз танҳо зарурати дипломатӣ не, балки ҷузъи муҳими ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳҷӯ, ташаббускор ва ҷонибдори муколамаи созандаи байналмилалӣ мебошад, - зикр кард Маҳмадшоҳ Гулзода.

Дар чорабинӣ, ҳамчунин, вакилони Маҷлиси намояндагон Насрулло Маҳмудзода дар мавзуи «Саҳми парламент дар таҳкими суботи минтақавӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба муноқишаҳои сарҳадӣ», Ориф Амирзода дар мавзуи «Дипломатияи экологӣ: ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ барои мубориза бо тағйирёбии иқлим дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ», Зарафо Қиёмзода дар мавзуи «Пешбурди ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим: Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» ва ҳифзи пиряхҳо» ва Комилҷон Шамшерзода дар мавзуи «Дипломатияи парламентӣ ҳамчун воситаи «неруи нарм» (Soft Power) барои муаррифии фарҳанг ва арзишҳо» маъруза намуданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҷибахон Ҷавҳарӣ, Сиёвуш Наботзода вобаста ба мавзуъҳои баррасишуда, ақидаҳояшонро баён намуда, аз натиҷаи ҳамоиш протокол ва тавсияҳои дахлдор қабул шуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ

Ҳамчунин дигар маводҳо: