Агротуризм
Соҳае, ки самаранокии бештар дошта метавонад
Туризм яке аз соҳаҳои даромадноки иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, ҳамзамон, ба ҷалби одамон ба кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо мусоидат мекунад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки тамоми соҳаҳои иқтисодиёт аз рушди соҳаи сайёҳӣ метавонанд бурд ва рушд намоянд. Аз ин хотир, тамоми кишварҳо барои рушди соҳаи сайёҳӣ ба тавсеаи ҳамкориҳо ва табодули таҷриба ниёз доранд. Бо ин мақсад, дар давлатҳои гуногун нишасту ҳамоишҳо баргузор мешаванд. Ифтихормандам, ки ба наздикӣ бо намояндагӣ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сайёҳии «Travel Hub - Иттиҳод»-и Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва зимни суханронӣ имконоти сайёҳии кишварамонро муаррифӣ кардам. Ин ҳамоиши бонуфуз дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид.
Тавре дар ҳамоиши мазкур иброз доштам, воқеан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди сайёҳӣ имконоту захираҳои зиёде мавҷуданд. Давлат ва Ҳукумати мамлакат дар ин бобат тадбирҳои зарурӣ меандешад. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти густардаро ба роҳ мондааст. Дар идомаи ин тадбирҳо лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» омода ва ҳоло дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.
Тибқи иттилои кумита, соли 2025 дар ҷумҳурӣ 363 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли пеш 20 субъект зиёд мебошад. Аз шумораи умумии субъектҳои мазкур 223 меҳмонхона, 56 мотел ва хостел, 59 осоишгоҳ, 4 лагери солимгардонӣ, 6 маркази муолиҷавӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, пансионат ва 4 базаи сайёҳӣ мебошанд.
Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои мутақобила, соли 2025 бо сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Эрон, Қирғизистон, Муғулистон ва дигар кишварҳои дунё, шартномаҳо ба имзо расиданд.
Ба ғайр аз ин, 31 марти соли 2020 дар доираи ҳамкории Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд татбиқи лоиҳаи «Рушди сайёҳӣ» оғоз гардид. Маблағи умумии лоиҳа 11 млн. доллари ИМА буда, 10 млн. доллари ИМА маблағи грантии Бонки осиёии рушд ва 1 млн. доллари ИМА саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муҳлати амалишавии лоиҳа то 30 июни соли 2027 мебошад.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2025 шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, 2104,7 ҳазор нафар мебошанд. Аз ин 1784,4 ҳазор нафар ҳамчун сайёҳ ба қайд гирифта шудаанд.
Агротуризм аз ҷумлаи бахшҳои самараноки сайёҳӣ мебошад, ки дар ҷумҳурии мо ривоҷ ёфтааст. Дар ин раванд боғу токзорҳои зиёд бунёд шуда, айёми ҷамъоварии ҳосил барои сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ саёҳат ташкил мешавад. Аз ҷумла, сайёҳони хориҷиро дидани боғоту токзори серҳосили меваю ангури шаҳру ноҳияҳои , , , , , , , . , айёҳӣ аз майдонҳои пахта боздид мекунанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар дар деҳот зиндагӣ доштани 70 фоизи аҳолӣ, ривоҷи агротуризм метавонад ба баланд бардоштани дараҷаи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёт мусоидат намояд. Аз ин лиҳоз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда буданд.
Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон дар ин давра ба рӯйхати 10 мамлакати ҷолиб барои сайёҳон, масири нақлиётии Душанбе-Кӯлоб-Помир ба қатори даҳ роҳи кӯҳии беҳтарин ворид шуда, пойтахти кишвар - Душанбе шаҳри амнтарин барои сайругашти шабона эътироф гардид.
Рушди агротуризм, ҳамчунин, ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза ва ободу зебо гардидани маҳалҳои аҳолинишин мусоидат мекунад. Масалан, ба сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ мардуми деҳот хӯрокҳои миллию серғизо, маҳсули дастони пурҳунари хешро пешкаш менамоянд. Аз ҷониби дигар, барои сайёҳони хориҷӣ иштирок дар чорабиниҳои миллӣ, сайр дар ҳавои тоза, дидани манзараҳои нотакрори Тоҷикистони биҳиштосо хеле ҷолиб хоҳад буд.
Дар ин баробар, бо ривоҷи агротуризм масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ҳаллу фасл мегарданд. Аз ҷумла, шаҳрвандони зиёде дар маҳалҳо метавонанд соҳиби кор ва шуғли доимӣ шаванд, роҳ, иншооти гуногуни хизматрасонӣ, марказҳои фарҳангию саломатӣ бунёд гарданд.
Неъматулло ХОЛБОЙЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:
