https://sadoimardum.tj

Ифтитоҳи бинои нави Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

№:69 -70 (5121-5122), 12 июн 2026, 15:40
7

Ҳамчунин, давоми рӯзи 9-уми июни соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам ­Рус­тами Эмомалӣ дар шаҳраки академии Акаде­мияи миллии илмҳои Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, бинои нави Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Тавре аз шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, зимни муаррифӣ ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз 6 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 150 корманди илмӣ хизмат менамояд.
Дар бино ҳуҷраҳои кории роҳбарият, шуъбаҳои дахлдори институт, ҳуҷраҳои кории кормандони илмӣ, марказҳои иқтисоди «сабз» ва рақамӣ, толори шурои олимон ва синфхонаҳои таълимии муҷҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири инновастионӣ барои омода кардани кадрҳои илмӣ дар зинаҳои магистратура, докторантура ва аспирантура мавриди истифода қарор гирифта, дорои 51 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 110 ҷой, ош-хона бо 90 ҷойи нишаст, китобхона бо қироатхона барои 50 нафар, ҳуҷраи тиббӣ ва толорҳои конфронсӣ мебошад.
Ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавии Институти иқтисодиёт ва демография туҳфаи арзандаи роҳбарияти шаҳри Душанбе ба кормандони илмии институт ва, дар маҷмуъ, ҳайати олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз олимону мутахассисон ва муҳаққиқону унвонҷӯён даъват намуданд, ки бо истифода аз шароиту имкони муҳайёгардида тамоми кӯшиш ва талоши хешро баҳри рушди илми ватанӣ равона созанд.
Дар навбати худ, кормандони илмӣ ва ҳайати олимони Академияи миллии илмҳо аз ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ёдовар шуда, сипосу қадрдонии амиқи хешро ба Раиси шаҳри Душанбе иброз доштанд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба корҳои сохтмонӣ ва насбу васли таҷҳизоти замонавии марказҳои навтаъсиси Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баҳои баланд дода, барои истифодаи самаранок ҷиҳати рушду таҳкими илми тоҷик ва муаррифӣ намудани дастовардҳои олимони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ тавсияҳои судманд доданд.
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: