https://sadoimardum.tj

Истиқлоли давлатӣ

№:68 (5120), 08 июн 2026, 18:09
9

Имконе, ки ормонҳоямонро амалӣ намуд

Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият неъмати бузурги ҳар як миллат буда, бе он ҳама гуна дастоварди иқтисодиву иҷтимоӣ комил нахоҳанд буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии худро эълон кард ва бо ин рӯйдоди муҳим саҳифаи наве дар ҳаёти мардуми соҳибтамаддуни тоҷик боз шуд. Ин неъмати бузург барои мо имкон фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Чанд дастоварди муҳими замони соҳибистиқлолӣ

Солҳои аввали истиқлолият Тоҷикистон дар натиҷаи дасисаю найрангҳои душманони дохилию хориҷӣ бо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гашт, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар таъсири манфӣ расонд. Хисороти ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ зиёда аз 10 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод.

Баргузории Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсиятеро ба арсаи сиёсат овард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардиданашон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон карданд, ки ҳадафашон барқарор кардани сулҳу субот дар кишвар мебошад.

Маҳз иродаи неки роҳбари ҷавону дурандеш буд, ки дар муддати кӯтоҳ гурезагони иҷборӣ аз кишварҳои гуногун ба зодгоҳи хеш баргаштанд ва бо кӯшишу талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши коршиносони соҳаи сиёсат дар арсаи ҷаҳонӣ гардидааст, ки боиси ифтихори ҳар яки мост.

Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ мо соҳиби Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди Миллӣ, пули миллӣ ва Артиши миллӣ гардидем. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро пайдо карда, узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ мебошад. Ҳоло бо 186 кишвари дунё робитаҳои фаъоли дипломатӣ ва ҳамкориҳои судманди тиҷоратӣ ба роҳ мондааст.

Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ

Дар замони шуравӣ сокинони ВМКБ ва вилояти Суғд (собиқ Ленинобод) қариб 6 моҳ бинобар баста будани ағбаҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ ба пойтахт ва дигар минтақаҳои мамлакат рафтуомад надоштанд. Рафтан ба ноҳияҳои кӯҳии минтақаҳои Кӯлоби вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Рашт низ душвору хатарнок буд. Аз ин рӯ, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, нахуст, зарурати бунёд намудани инфрасохтори нақлиётӣ ба миён омад ва Пешвои миллат аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишварро яке аз самтҳои муҳиму стратегӣ қарор доданд. Дар натиҷа, Тоҷикистон имрӯз ба як қаламрави, воқеан, воҳид табдил ёфта, рафтуомади озодонаи сокинони ҳамаи минтақаҳои кишвар ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар чор фасли сол таъмин гардид.

Даврони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат беш аз 2100 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ бунёду таҷдид шуданд. Тавре Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, соли 2025-ум ба маблағи умумии зиёда аз 5,4 миллиард сомонӣ 236 километр роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиёти мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ бунёдгардида ба истифода дода шуд. Роҳҳои Обигарм-Нуробод ва Роғун ба дарозии умумии 87 километр, 109 километр роҳи Қалъаихумб-Ванҷ, 40 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд, 30 пули хурду бузург, 5 нақб ва 6 долони зидди тарма ба дарозии 13 километр аз ҷумлаи иншооти зикршуда мебошанд. Ҳоло бунёди 50 километр роҳи Данғара-Гулистон, 33 километр роҳи Гулистон-Фархор ва 12 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд бо харҷи 2 миллиард сомонӣ идома дорад.

Соли 2025 сохтмони пули калонтарин дар кишвар аз болои обанбори Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба дарозии 920 метр ва 3 пули мошингузар ба дарозии 368 метр оғоз гардид, ки маблағи умумии онҳо 900 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Соли равон сохтмону навсозии 300 километр роҳҳои мошингарди байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ба маблағи умумии 3 миллиард сомонӣ оғоз мегардад. Роҳҳои Ваҳдат-Обигарм-70 километр, Гулистон-Кӯлоб-33 километр, Хоруғ-Роштқалъа-39 километр, Мурғоб-Кулма-67 километр, Балҷувон-Сарихосор-55 километр, Хистеварз-Конибодом (Арка)-10 километр, 11 километр роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб ва 5 пули мошингард дар роҳи Лаби Ҷар-Сангвор аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Таҷдид ва ба истифода додани нақбҳои «Озодӣ», «Истиқлол», «Хатлон» ва «Шаҳрис­тон», роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Бӯс­тон-Чанак, Душанбе-Нуробод-Лахш-Саритош, Душанбе-Данғара, Душанбе-Турсунзода, Айнӣ-Панҷакент, Восеъ-Ховалинг, 6 пули мошингузар дар болои дарёи Панҷ, роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат-Ёвон-Бохтар-Кӯлоб, таҷдиду навсозии роҳҳои пойтахт ва бунёди эстакадаҳо дар шаҳри Душанбе гувоҳи рушди босуръати соҳаи роҳсозӣ дар кишвар ба шумор мераванд. Дар натиҷаи чунин ободкориҳо рафтуомади доимӣ ба тамоми минтақаҳои мамлакат ва дар чор самт ба давлатҳои ҳамсоя таъмин гардид.

Истиқлоли энергетикӣ

Яке аз бахшҳои калидии иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи энергетика ба шумор рафта, он дар таъмини рушди устувор нақши муҳим мебозад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ин соҳа ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфта, ба марҳалаи нави пешрафт ворид гардид. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби шарикони рушд барои ҳалли мушкилоти соҳаи электроэнергетика ва беҳ намудани вазъи таъминоти неруи барқ 36 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2,7 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико амалӣ шудааст. Алҳол 18 лоиҳаи дигар ба маблағи 1,5 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар марҳилаи татбиқ қарор дорад. Ҳамин тариқ, дар ин давра зиёда аз 2000 МВт иқтидори нав ба кор андохта шуда, истеҳсоли энергияи барқ аз 17,4 миллиард кВт-соати соли 1991-ум ба 22,4 миллиард кВт/соат дар соли 2025 расид, ки 6,8 миллиард кВт-соат ё 37,9 фоиз зиёд мебошад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, «Таҳкурсии асосии бахши энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз неругоҳҳои барқи обӣ иборат мебошад, ки истеҳсоли 98 фоизи неруи барқро дар кишвар аз манбаи барқароршавандаи тавлиди энергия таъмин менамояд. Аз рӯйи фоизи истеҳсоли энергияи «сабз» Тоҷикистон дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра қарор дорад ва захираҳои умумии гидроэнергетикии он дар ҷаҳон яке аз бузургтаринҳо ба шумор меравад».

Ба истифода додани НБО «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», «Себзор», ду чархаи НБО «Роғун», таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Варзоб», «Норак», «Қайроққум», мавриди истифода қарор гирифтани маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2», хатҳои интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол», «Лолазор-Хатлон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Сангтӯда-Лолазор», «Сангтӯда-НБО», «Сарбанд», «Қайроққум-Ашт», «Айнӣ-Панҷакент», НБО «Роғун», зеристгоҳи «Душанбе-500», таҷдид ва иваз намудани зеристгоҳҳо ба зеристгоҳҳои пурқуд­рат, барқарорсозии неругоҳҳои хурду миёна ва шабакаҳои барқӣ боиси беҳбуд ёфтани таъминоти неруи барқ дар ҷумҳурӣ гардид. Ба кор даровардани агрегати сеюми НБО «Роғун» дар соли 2027 имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқлоли пурраи энергетикӣ ноил гардад.

Саноатикунонии босуръат

Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои соҳиб­истиқлолӣ дар самти саноатикунонии босуръати кишвар низ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Агар соли 1991 дар соҳаи маъдан танҳо 3 номгӯйи маҳсулот (тилло, нуқра ва хокаи сурб) истеҳсол гардида бошад, соли 2025 он ба 17 номгӯй расид. Истеҳсоли тилло назар ба соли 1991-ум 7 баробар, нуқра 6 баробар ва хокаи сурб 9 баробар зиёд гардид.

Тадбирандешӣ дар самти саноатикунонии босуръати кишвар имкон дод, ки дар ҳафт соли охир истеҳсоли маҳсулоти соҳа дуюним баробар афзоиш ёфта, соли 2025 ба 66 миллиард сомонӣ расад.

Соли 1991 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи кор фаъолият дошт. 1-уми январи соли 2026-ум 3 ҳазору 972 корхонаи саноатӣ бо 92 ҳазору 927 ҷойи кор сабт шудааст, ки назар ба соли қаблӣ 198 корхона бештар аст. Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ ба таъсиси корхонаҳои коркарди ашёи хом, рушди саноати сабук, хӯрокворӣ ва металлургия диққати махсус дода, иброз намуданд, ки барои ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар давраи татбиқи он, яъне дар 7 соли охир, дар кишвар беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи кор сохта ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, соли 2025-ум 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст.

Соли гузашта дар кишвар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 21,1 дарсад афзуда, Тоҷикистон аз рӯйи рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ миёни кишварҳои ИДМ дар ҷойи аввал қарор гирифт. Соли 2025 дар Тоҷикистон ба маблағи 66,7 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки назар ба соли 2024-ум 13,3 млрд. сомонӣ зиёд мебошад ва чунин даст­овардҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ хеле зиёданд.

Умуман, соҳибистиқлолӣ барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, арзишмандтарин неъмат маҳсуб шуда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва амалишавии ормонҳои ҳар фардро имконпазир намуд. Аз ин рӯ, ҳар яки моро лозим аст, ба қадраш расида, онро пос дорем ва дар пешрафту ободии Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳмгузор бошем.

Фарҳод КАРИМЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: